
Дар Ӯзбекистон дугоникҳои сиамиро муваффақона ҷудо карданд
Табибони бахши вилоятии Маркази ҷумҳуриявии махсуси солимии модару кӯдак дар Тошканд ҷарроҳии нодири ҷудосозии дугоникҳои сиамиро дар шаҳри Чирчиқ баҷо оварданд.
Духтарчаҳо бармаҳал – дар ҳафтаи 33-34-уми ҳамл тавассути чоки қайсар ба дунё омаданд. Чун ҳолати навзодҳо ниҳоят вазнин буд, ҳамагӣ баъди 9 соат гуруҳи табибон бо сарварии доктори илми тиб, сардори Маркази ҷарроҳии навзодони назди Маркази ҷумҳуриявии перинаталӣ Бахтиёр Эргашев оҷилан 5 соат ҷарроҳии басо мураккаб гузаронда, онҳоро беосеб аз ҳам ҷудо карданд. Ҳолати навзодҳо хуб буда, бо модарашон ҷавоб шуданд.
Зимнан, ҷарроҳони ӯзбек моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд тавассути чунин ҷарроҳии нодир ҷудосозии хоҳарони 5-моҳа Фотимаю Зӯҳроро аз Қирғизистон анҷом дода буданд.
Пайванди дили маснуӣ ба духтарчаи панҷсола дар Чин
Дар музофоти Сзянсу ҷарроҳон ҷони духтарчаи панҷсолаеро хариданд, ки аз нуқси марговари дил дар моварои ҳаёту мамот буд.
Баъди ҷарроҳии бобарор дар қафаси синааш дили сунъии фавқулмуосир якмаром кор мекунад. Ӯ дар ҷаҳон наврастарин бемор бо чунин дили маснуист. Зимнан, духтарча ҳамагӣ 13 кн вазн дорад, ки дар амалияи чунин ҷарроҳиҳо ҳодисаи беназир мебошад.
Аллакай ҳафтае пас аз ҷарроҳӣ вай метавонист бемалол ғизо хурда, каме гардиш кунад. Ин дили сунъиро дар Чин махсус барои кӯдакон ихтироъ кардаанд, ки мутобиқати хуби биологӣ дошта, ҳаракати беморро чун амсилаҳои хориҷияш маҳдуд намесозад.
Ҷарроҳии тифл дар батни модар 96 соат давом кард
Дар ҳафтум моҳи ҳомиладории Кери Маккартнии амрикоӣ табибон ҷанинро ташхис карда, аз ҳайрату даҳшат даст ба сар заданд: тифл омосе дошта, ки калон мешуду метавонист ҳаёташро зери суол барад. Илоҷи наҷот фақат ҷарроҳӣ буд. Табибон баъди мадҳушсозии модар аз пайкараш бачадонро берун гирифта чок карданд. Сипас аз дарунаш тифлро 80 дарсад берун оварда, дар даруни бачадон танҳо китфҳою сарашро монданд. Омосро то қадри имкон тез бурида партофта, ҷанинро боз беозор ба ҷояш гузоштанд.
Ҷарроҳӣ, ки бефосила чор шабонарӯз давом кард, хуб анҷом ёфт. Пас аз 10 ҳафта духтарча бори дуюм таваллуд шуд. Комилан солим.
Фавти ҳамасолаи қариб 12 млн одам аз бемориҳои равонӣ
Тибқи ҳисоботи охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз бемориҳои равонӣ 42 дарсад ё 3,4 млрд нафар азият мекашад. Соли 2021 онҳо сабаби фавти 11,8 млн одам шуданд.
Дар санад 10 намуди асосии бемориҳои равонӣ зикр мешавад, ки боиси марг ва корношоямӣ гаштанд. Аз ҷумла, сактаи майна, дарди нимсара, менингит, саръи идиопатӣ, бемории Алсгеймер.
Дар ҳисобот ҳамчунин омада, ки дар кишварҳои қашшоқ назар ба давлатҳои доро равоншиносон 80 маротиба камтаранд. Ба ибораи дигар, барои бисёр беморон ташхису муолиҷаи саривақтӣ ва нигоҳубини доимӣ умуман дастрас нест. Танҳо дар 34 кишвар барои табобати ин беморӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Аз ин ру, СУТ бонги изтироб зада, ки ҳукуматҳо оҷилан миқёси табобати маризиҳои равониро густурда кунанд.
Қазоқистонӣ 26 ручкаро фуру бурда, ба беморхона афтид
Дар Шимкент табибон бо ҳодисаи ғайричашмдошт вохурданд – ба беморхона марди 38-соларо оварданд, ки баҳсан ручкаи бисёреро фуру бурдааст.
Ҷавонмард бо дӯсташ шарт карда, пайиҳам 26 ручкаро ба шикам “мефиристад”. Дере нагузашта дар шикамаш дарди ҷонкоҳ пайдо мешавад ва ӯро фавран ба беморхона мебаранд. Табибон баъди ташхиси бемор дар давоми ду соат бо ҷарроҳии эндоскопӣ (бидуни чок) аз меъда ҳамаи ручкаро берун оварданд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД



