• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Дарди рӯда ба асаб чӣ алоқамандӣ дорад?

от user
в Маслиҳатхонаи даво
0

15 сол муқаддам ба бемории варами рўдаҳо гирифтор шуда, табобат намуда будам, аммо осори беморӣ дар ман боқӣ мондааст. Мегўянд, ки ман на рўдаҳо, балки асабҳоямро табобат намоям, то аз ин мушкилот халос шавам. Рост аст?

Гулбаҳор, ш. Душанбе

Даво

Яке аз вазифаҳои муҳими рўдаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз хўрокҳо ҳама моддаҳои муфидро, ки ба одам заруранд, ҷудо менамоянд. Бо ёрии ферментҳои коркардашуда рўдаи борик сафеда, чарб, карбогидратҳо, микроэлементҳову витаминҳоро азхуд менамояд. Азбаски якҷоя бо хўроки ҳазмшуда ба рўдаҳо микробҳову вирусҳои дардовар ворид мегарданд, организм ба ҳимояе, ки бехатарии онро таъмин сохта тавонад, ниёз дорад ва ҳамин ҳимоя аз тарафи рўдаи ғафс, ки дар он бактерияи муфид вуҷуд дорад, мерасад.

Дар рўдаи ғафс витамини гурўҳи В, асоси масунияти ҳуҷайрагӣ –Т– лимфосид ва иммунноглобулин низ мавҷуд мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо чунин ҳам мешавад, ки рўдаи меҳнатдўсту хизматрасон яку якбора вазифаи худро иҷро карда наметавонад.

Чӣ чиз боиси халалёбӣ мегардад? Рўдаро узви ҳассос ва баъзан тарсончак ҳам мегўянд. Каме асабӣ шудан ба фаъолияти рўдаҳо таъсир расонида, дард, дамиши шикам, ки дар илми тиб диареяи эмотсионалӣ мегўянд, пайдо мешавад. Ин ҳолат табобатро талаб намекунад. Ба сифати ёрии аввалия метавон доруҳои ношпа ва валерианаро истифода бурд. Хўрокхўрии нодуруст: тундӣ, обҳои газнок, тағйирёбии обу иқлим, истеъмоли ҳар гуна доруворӣ: дорувории оҳандор, антибиотикҳо, баъзе витаминҳо, бемориҳои узвҳои ҳозима, бемориҳои вирусӣ, инфексияи рўдаҳо, заҳролудшавӣ аз хўрокворӣ низ боиси халалдор гаштани кори рўдаҳо мегардад.

Шуморо лозим аст, ки ҳамеша дар ҳаракат бошед: давидан, варзиши сабук, шиноварӣ дар ҳавз, аквааэробика, бозиҳои варзишӣ метавонанд гардиши хунро дар рагҳои рўдаҳо беҳтар гардонанд. Рўдаҳоятон боз ҳам фаъолтар мегарданд, агар қабл аз ба варзиш машғул шудан як пиёла оби ҷўшонидашудаи ширгарм нўшед.

Асабҳоятонро ором нигоҳ дореду саломат бошед!

Картошка фишорро баланд мекунад?

Баъзан фишори хунам баланд мешавад. Як рафиқам гуфт, ки истеъмоли картошка ба ашхоси фишори хунашон баланд зарарнок аст. Магар истеъмоли картошка фишори хунро баланд месозад?

Ф. Муҳиддинов, ш. Душанбе

Даво

Олимони амрикоӣ тайи 20 сол тарзи хўрокхўрии 187 ҳазор нафарро таҳқиқ намуда, ба хулосае омаданд, ки ашхоси ҳафтае 4 маротиба картошка истеъмол мекардагӣ нисбат ба афроди ҳафтае як маротиба картошка мехўрдагӣ бештар гирифтори фишорбаландӣ мешудаанд. Картошка бевосита боиси фишорбаландӣ намешавад. Дар сурати онро бо намак истеъмол кардан мумкин аст фишори хунатон баланд гардад. Ҳамчунин карбогидратҳои таркиби он осон ба ҷисм ҷаббида мешаванд, ки ин боиси фарбеҳӣ мегардад. Фарбеҳӣ ба фишорбаландӣ меорад.

Фоиданоктарин усули истеъмоли картошка бо пўсташ ҷўшонидани он аст. Дар ин ҳол калийи таркиби он, ки фишори хунро паст мекунад, хуб ҳифз мешавад.

Бемадор шудаам

Барои баланд бардоштани масунияти баданам аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мебарам. Масалан, истироҳати хуб намуда, хўроки серғизо, меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой мехўрам. Аммо ҳамоно масунияти баданам паст аст. Чӣ бояд кард?

Ориф, ш. Истравшан

Даво

Ҳама кўшишҳоятон бенатиҷа мемонанд, агар дар организм инфексияи куҳнашудаи сусткунандаи масуният вуҷуд дошта бошад. Инҳо метавонанд бемориҳои танзиллит, гайморит ва ҳатто дандонҳои сангпайдокарда бошанд. Бештар сирпиёз хўред. Сирпиёз дар набард бо стафилоккокҳо, стрептоккокҳо ва дигар микробҳо ғолиб меояд. Сирпиёз қодир аст бо вирусҳое мубориза барад, ки ҳатто антибиотикҳо нобуд сохта наметавонанд. Инчунин ҳар гоҳ биниатонро бо маҳлули намаки баҳрӣ (як қошуқча намак ба як истакон оби ҷўшонидашудаи ширгарм) чайқонед.

Омодасоз: Ҳусния

 

 

Мақолаи гузашта

Одоби муоширати волидон ва фарзандон

Мақолаи навбатӣ

Чаро саратони ғадудхои ширӣ пайдо мешавад?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Чаро саратони ғадудхои ширӣ пайдо мешавад?

Чаро саратони ғадудхои ширӣ пайдо мешавад?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ