• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Чаро саратони ғадудхои ширӣ пайдо мешавад?

от user
в Бемориҳои саратон
0

Мусоҳиба бо Дилором Мирзоева, мудири шуъбаи маммологии Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳурӣ.

— Дилором Сатторовна, шумо солҳои тўлонӣ дар риштаи омосҳои ғадуди ширӣ фаъолият намуда, малакаи зиёди корӣ ҳосил намудаед ва борҳо шоҳиди ҳодисаҳои фоҷиабору хурсандии маризони шифоёфта гаштаед. Мехостем андешаатонро бобати бемориҳои ғадудҳои ширӣ, омилҳои ба саратони сина мубтало гардидани баъзе занон иброз дошта, эҳтимолияти вуҷуд доштан ва имконпазирии пешгириву раҳоии пурраро аз ин иллат иброз менамудед.

— Аз сабаби он ки бемории ғадудҳои шириро бо чашм дидан номумкин аст, онро системавӣ ном мебаранд. Ғадудҳои ширӣ дар организми зан нозуктарин ҷой маҳсуб ёфта, ба ҳормонҳо эҳтиёҷ доранд ва ба ҳормонҳо тўфони магнитӣ, нурҳои офтоб, тарзи ҳаёт, ҳолати рўҳӣ таъсир мерасонанд. Ғайр аз ин, зарб хўрдани ғадудҳои ширӣ, бенаслӣ ё баръакс, тавлиди бисёр, муносибати маҳрамонаи номураттаб ё бетартиб (фоҳишагарӣ) ва ҳар гуна бемориҳои занона, сироятёбии узвҳои репродуктивӣ (бачадон, тухмдон) ҳар гуна инфексия, бемориҳои ғадуди сипаршакл, лат хўрдани сар, системаи асаб, бемориҳои гурда, ҷигар, роҳҳои пешоброн, бемории зарпарвин, гуруснагардӣ метавонанд занро ба бемории ғадудҳои ширӣ оварда расонанд. Вазни зиёд гирифтан, аз ҳад зиёд машрубот нўшидан, ҳаяҷони тез-тез баамалоянда ва кўҳнашуда, ки рўҳафтодагиҳои пайвастаро ба амал меораду қуввату дармони одамро рабуда, ба организм имкон намедиҳад, ки бо ҳуҷайраҳои саратон мубориза барад, инкишофи саратони ғадудҳои шириро тезонида метавонад. Ҳанўз аз рўзҳои аввали ҳомиладорӣ дар организм тағйирот ба амал омада, он ба ду марҳилаи «азнавсозӣ» — ҳомиладорӣ ва синамаконӣ нигаронида шудааст. Исқоти ҳамл «азнавсозӣ»-ро қатъ намуда, дар организм ҷанги ҳормонҳоро ба амал меорад. Аз ин рў, ба бонувони то синни 18-солаи нахустфарзандро исқот намуда хатари гирифторӣ ба ин беморӣ бештар аст.

Бояд гуфт, ки ин беморӣ як навъ ҳалқаро мемонад. Яъне аз органҳои номбурда яке бемор гардад, органҳои ширӣ ё тухмдонҳо ҳадафи асосии беморӣ қарор мегиранд. Агар зан гирифтори бемориҳои эндометрит, поликистоз, адпекситҳо шуда бошад, пас ба хулоса бояд омад, ки ў ба бемории ғадудҳои ширӣ мубтало гардидааст.

Дар асоси мушоҳидаҳои бисёрсола мутахассисони саратоншинос омилҳои асосии хатарро муайян карда, дар ҷойи аввал ирсиятро гузоштаанд. Яъне саратони ғадудҳои ширӣ метавонад аз модару модаркалон ва холаву амма ба духтар- фарзандон гузарад. Олимон генҳои бемориро афзоишдиҳандаву хромосомаҳои маҳдудкунандаро низ муайян карда, ба хулоса омадаанд, ки хатари инкишофи саратон ба барандагони ин генҳо 40 фоиз то 50-сола ва 80 фоиз то 70-сола аст.

— Шахси ба бемории ғадудҳои ширӣ гирифторшуда аз чӣ шикоят мекунад?

-Албатта аз дард, сихзанӣ, сўзиш, бехобӣ. Варам то даст ва тахтапушт рафта, зан синабанд пўшида ё бо шикам хобида наметавонад. Дард ончунон ба асаби бемор таъсир мерасонад, ки ҳамеша дар ҳолати ҳаяҷон қарор дошта, тундхўву ҷангара мешавад ё бо касе гап задан намехоҳад.

Табобат чӣ гуна сурат мегирад?

-Ҳолати бемор аз назар гузаронида шуда, дар сурати дар сиришташ ошкор шудани тағйирот назди духтур-гинеколог фиристода мешавад. Баъди муоина боз бемор назди эндокринолог ва барои муоинаи фавқуссадо Мусоҳиба бо Дилором Мирзоева, мудири шуъбаи маммологии Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳурӣ чаро Саратони Гадудхои шири пайдо мешавад? Мавзўи муҳим 16 Даво январ 2017 Даво январ 2017 17 (УЗИ) фиристода мешавад. Ҳамин тавр, аввал ҳолати зан пурра омўхта шуда, баъдан табобат муайян карда мешавад

-Дар бонувон ташхиси маммографиро аз кадом синну сол гузаронидан мумкин аст?

-Баъди 30-35 солагӣ, ҳар ду сол як маротиба, зан бояд аз ташхиси маммография гузарад. Инро рентгени сина ҳам мегўянд. Агар дар синаи зан тағйирот пайдо шавад, чунин ташхис ҳатман зарур аст. Чуноне маълум аст, саратон бедард ҷараён мегирад ва давраи ташаккулаш ҳам бедард мегузарад. Омос чун нахўд, чун тухм ё чун себ пайдо шуда, аммо дард намекунад. Бо мурури вақт пистонакҳо дарун рафта, аз нўги сина хун ё моеъ таровиш меёбад ва дар сина чуқурак ё шакли майдонча пайдо мешавад. Дар андозаи синаҳо ҳам тағйирот ба мушоҳида мерасад. Муоинаи аввалинро бояд худи зан анҷом диҳад. Ин тавр: куртаашро кашида, дар назди оина як дасташро ба пушти сар бурда, бо дасти дигар синаҳояшро палмосида, аз назар гузаронад. Бо ин амал нишонаҳои падидомада баръало намудор мешаванд. Варам дарднок бошад, хуб аст.

— Байни ҷавонзанон бемории мастопатия маъмул аст.

Он ба саратон чӣ иртибот дорад? -Мастопатия варами хушсифати ғадудҳои ширӣ мебошад. Он табобатшаванда буда, ду навъ дорад: мастопатияи диффузӣ (норавшан) ва мастопатияи мавқеӣ. Мастопатияи мавқеӣ омоси хушсифат аст ва бо роҳи ҷарроҳӣ омосро мегиранд. Дар ҳолати бадсифат будани омос ғадуди ширӣ бо усули коркардшудаи стандартҳои ҷаҳонӣ табобат карда мешавад. Баъди он терапияи кимиёвӣ гузаронида, лозим ояд тухмдони зан низ бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта партофта мешавад. Хуб мебуд, баробари пайдо шудани омос дарҳол ба онкологҳо муроҷиат намоянд. Имрўз дар пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе Маркази илмии саратоншиносӣ ва дармонгоҳ, дар шаҳрҳои Кўлоб, Қўрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд марказҳои онкологӣ амал мекунанд. Дар Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳурӣ саратоншиносони варзида, докторҳову номзадҳои илм фаъолият менамоянд.

— Дар суҳбати қаблӣ ибораи «саратон ҷавон мешавад»-ро ба забон овардед. Мехостам онро шарҳ диҳед.

— Агар солҳои пеш зан дар давраи қатъёбии гулдоманӣ, яъне дар синни камолот ба ин беморӣ мубтало мегашт, вақтҳои охир саратони гарданаи бачадон ва саратони ғадудҳои ширӣ дар бонувони 16-21-сола ошкор карда шудааст. Дар давоми фаъолияти худ ин бемориро дар ҷавонзани 22- сола муайян намуда, табобат кардаам. Ғайр аз ин, мавридҳое буданд, ки саратонро ҳангоми ҳомиладории зан ошкор кардаем. Зани дар синааш омоси бадфиол дошта, дар ҳомиладории ҳафтмоҳа қарор дошт.

— Баъзе бонувон шикоят мекунанд, ки қабл аз гулдоманӣ синаҳояшон дард мекунад. Ин нишонаҳои саратон шуда метавонад?

-Агар панҷ рўз пеш аз гулдоманӣ сина дард ва варам карда, вазнин шавад, бачадон каме варам карда ба дард ояд, дарди миён ва пушт эҳсос шавад, меъёр аст. — Дар чунин маврид зан метавонад ба назди духтур нарафта, мустақилона аз дорухонаҳо доруворӣ пайдо намуда, истеъмол кунад? — Чуноне гуфтам, қаблан сабабҳоро муайян кардан ва дар сурати вуҷуд доштани варам мунтазам табобат кардан лозим меояд. Табобат бо як-ду дору имконнопазир аст. Қаблан асабро ором кардану витамин хўрдан, ҳолати ҷигарро ба эътидол овардан, ба сина малҳам молидан, парҳез кардан зарур аст.

— Аз чӣ бояд парҳез кард?

— Қаҳва, чойи сиёҳ, шоколад, какао, кола, равғани думба, тундӣ нахўрад. Дар таркиби қаҳва моддаи кимиёвии метилксонтин мавҷуд аст, ки миқдори эстрогенҳоро зиёд мекунад ва эстрогенҳо таъсири манфии худро дар намуди гиперплазия мерасонанд. Дорувории витамини Е-дор, биринҷ, помидор, бодиринг, тухм, карам, фалла, лўбиё, нахўд, наск, шалғам, чормағз, мавиз, ки аз витаминҳои гуруҳи А, В1, В6, С ва микроэлементҳо боянд, хўрдан лозим аст. — Барои суҳбати судманд ташаккур!

Суҳбатнигор Ҳусния Ҳафизова

Мақолаи гузашта

Дарди рӯда ба асаб чӣ алоқамандӣ дорад?

Мақолаи навбатӣ

Рашк нишонаи муҳаббат аст ё беморӣ?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Рашк нишонаи муҳаббат аст ё беморӣ?

Рашк нишонаи муҳаббат аст ё беморӣ?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Фармацевтические новости со всего мира

Фармацевтические новости со всего мира

13.12.2025
Барномаи рушди тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

Барномаи рушди тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

12.12.2025
Чашм бепарвоиро намепазирад

Чашм бепарвоиро намепазирад

11.12.2025

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ