• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Гиёҳдармонии бехобӣ ва аёсат (климакс) -и занон

от user
в Гиёҳдармонӣ
0

Аз рўи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ то соли 2030 тақрибан 1,2 миллиард нафар аҳолии ҷаҳонро занони аз 50-сола боло ташкил хоҳад дод. Маҳз дар ҳамин синну сол нишонаҳои аёсат (климакс) дар занон зиёд мушоҳида мешавад. Дар ин давра занон рўзона хоболуд шуда, шабона бароҳат хобида наметавонанд.

Муолиҷаи бехобӣ

— Пеш аз хоб истеъмоли як қошуқча асал ва аз болояш нўшидани як истакон шири гарм боиси хоби бароҳат мешавад.

— Қабл аз хоб бўидани райҳон хоби бароҳат меорад.

— Агар як қабза барги хушки ғор (лавровый лист) — ро дар матои тунук печонида, зери сар гузошта хобед, ба зудӣ хоб меояд.

— Пеш аз хоб истеъмол намудани пиёз низ хоб меорад.

— Рўзе се маротиба истеъмол намудани қиёми нардсунбул (настойка валерианы) боиси хоби бароҳат мешавад:

— Даҳ дақиқа пеш аз хоб масҳ намудани сар, гардан, шикам ва кафи пой муфид аст.

— Ду қошуқча баргу пояи хушки кокутиро ба як истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Ним соат пеш аз хоб онро истеъмол кунед. Кокутӣ асабро ором намуда, хобро бароҳат месозад.

— Пеш аз хоб ба дастрўймоле якчанд қатра равғани сурда (лаванда) чаконида, наздикии бистари хоб гузоред. Афсурдаҳолиатон рафъ шуда, хобатон бароҳат мегардад.

— Як қошуқ барги хушки нозбў (мелисса) — ро ба як истакон оби ҷўш андохта, як соат пеш аз хоб бинўшед. Стрессу изтироб рафъ шуда, бароҳат мехобед.

— Як қошуқ пудинаи хушкро дар як истакон оби ҷўш ним соат дам дода, пеш аз хоб бинўшед.

— Якчанд қатра қиёми гули кофар (саллагул, маҷаҳ, пион) — ро ба як пиёла об чаконида, пеш аз хоб бинўшед.

Ин қиём асабониятро рафъ намуда, хобро бароҳат ва нерўи муҳофизатии ҷисмро қавӣ месозад.

— Чойи гиёҳи «думи шер» (пустырник) касро ором намуда, фишори хунро муътадил ва хобро бароҳат месозад.

— Як қошуқ гули хушки бобунаро дар як истакон оби ҷўш ним соат дам дода, 1-2 соат пеш аз хоб бинўшед. Бобуна изтиробу асабониятро дур карда, боиси бароҳатии хоб мешавад.

— Як қошуқ сесанбар (чабрец)-ро ба як истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Пеш аз хоб нўшидани чойи мазкур хастагиро рафъ намуда, стресс ва дарди нимсар (мигрень)-ро дур менамояд. Ин чойи хушбўй ба хоби бароҳат мусоидат мекунад.

— Як қошуқ мармарак (шалфей)-ро дар як истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Пеш аз хоб нўшидани чойи гуворои мармарак асабониятро дур намуда, хобро бароҳат месозад.

Ҳушдор: Пудина ҳангоми фишори паст, сурда ва бобуна ҳангоми ҳомиладорӣ, нардсунбул ва гули кофар зимни фишорбаландӣ, сесанбар ҳангоми бемориҳои меъда тавсия дода намешавад.

Муолиҷаи аёсат (климакс)

Нишонаҳои аёсат серарақии шабона, бехобӣ, дарди сар, тез задани дил, гум кардани хавос (фикрро дар як ҷо ҷамъ карда натавонистан), якбора дигар шудани табъ, изтироб ва асабоният мебошад.

— Се қошуқ гули дўлонаи сурхро ба чойнике андохта, аз болояш се истакон оби ҷўш резед. Болояшро гарм пўшонида, ним соат дам диҳед. Ҳангоми эҳсоси чархзании сар ва номураттаб задани дил як истаконӣ рўзе се маротиба давои мазкурро истеъмол намоед.

— Ду қошуқ мармаракро ба чойнике андохта, ба он ду истакон оби ҷўш бирезед. Ним истаконӣ рўзе се маротиба пеш аз ғизо чойи мазкурро нўши ҷон кунед.

— Даҳ дона лимуро реза карда, бо пўсташ майда кунед ва бо пўчоқи 5 дона тухм омехта созед. Сипас дар зарфи сирнок 7-10 рўз гузоред. Вақте пўчоқи тухм пурра ҳал шуд, дуқошуқӣ давои мазкурро рўзе се маротиба истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа як моҳ.

— Ним истакон шарбати лаблабуро бо ним истакон асал омехта кунед. Рўзе се маротиба сеяки истакон ин даворо истеъмол намоед. Як истакон барои як рўз кофист.

— Ду қошуқча пудина, ду қошуқ тахач, ду қошуқ бодиён (фенхел) ва ду қошуқ пўстлохи сиёҳтўса (крушины кора) — ро омехта кунед. Аз он як қошуқашро гирифта, дар як истакон оби ҷўш андозед ва 20 дақиқа дам диҳед. Саҳару бегоҳ як истаконӣ чунин чойро тайёр намуда, нўши ҷон кунед.

— 30 грамм решаи майдакардаи нардсунбулро ба 1 литр оби хунук андозед. Аввал як соат дам диҳед ва сипас 20 дақиқа ҷўшонед. Боз 5 дақиқа монед, то каме ширгарм шавад. Сипас полонида, ба ванна андозед ва оби онро бо ҳарорати 36-36,5 дараҷа гарм кунед. Пеш аз хоб ванна гирифта, худро гарм печонеду бихобед.

— Барои осон паси сар кардани давраи аёсат кўшиш кунед, ки шаб ором бихобед, ба ҳар чиз худро асабӣ насозед, ҳамарўза дар ҳавои тоза сайругашт намоед.

— Истеъмоли ғизо аз лўбиёи чинӣ (соя) барои бонувон муфид аст. Лўбиё хатари гирифторшавӣ ба саратони бачадонро кам намуда, манбаи табиии эстроген-гормонҳо мебошад, ки солимии занон аз онҳо вобастагии калон дорад.

— Бонувони аз 50-сола боло беҳтараш, аз истеъмоли ғизоҳои тунд (тез) худдорӣ намоянд.

— Истеъмоли ҳулба (пажитник) низ ба бонувон сабукӣ меорад.

— Пеш аз истифодаи тавсияҳои зикршуда бонувонро зарур аст, ки аз муоинаи духтури занона гузашта, дар бораи тарзи истифодаи гиёҳҳо маслиҳат бигиранд.

— Истеъмоли ғизоҳои бирёнӣ, шўр, серравғану ширин (торт, вафлиҳои шоколаддор, ҳалво) — ро кам карда, ғизоҳои серсабзавоту кабудидорро бештар истеъмол намоянд.

— Ба ҷойи нўшобаҳои газдору ширин нўшидани оби софу зулол муфид аст.

 

Меъроҷиддин АЗИЗОВ, гиёҳшинос

деҳаи Арҷинаки шаҳри Ҳисор.

Мақолаи гузашта

Гиёҳдармонии бемориҳои меъда ва рӯда.

Мақолаи навбатӣ

Давоҳои гиёҳӣ барои ба низом даровардани ҳайз.

user

user

Мақолаи навбатӣ
Давоҳои гиёҳӣ барои ба низом даровардани ҳайз.

Давоҳои гиёҳӣ барои ба низом даровардани ҳайз.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Фармацевтические новости со всего мира

Фармацевтические новости со всего мира

13.12.2025
Барномаи рушди тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

Барномаи рушди тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

12.12.2025
Чашм бепарвоиро намепазирад

Чашм бепарвоиро намепазирад

11.12.2025

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ