
Аз аввалин нашри маҷаллаи тиббӣ-омавии “Даво” 15 сол сипарӣ мегардад. Шумораи нахустини онро, ёд дорам, бо ҳавасу кӯшишҳои зиёде ҳамроҳ бо журналисти номдорамон Сайфиддин Суннатӣ, хабарнигорон Нилуфари Собир, Алишер Зарифӣ, тарроҳ Аҳлиддин Салимзода омода намудем. Маҷалларо мехостем бо диду назари нав, тарҳи нав ва ҳатто ҳарфҳои нав саҳифабандӣ намоем, то ки воқеан як нашрияи навине дар матбуоти тоҷик рӯйи кор ояд.
Баъд аз чопи нахустини он вокунишҳо зиёд буданд ва ин моро ҳавасманд менамуд, ки мавзӯъҳои мухталифро ҷолибу хонданӣ ва нишонрас омода ва пешниҳод созем. Махсусан, саҳифаҳои “Гиёҳдармонӣ”, “Модару кӯдак”, рубрикаҳои “Дидор”, ки бо шахсиятҳои маъруфу номвар мусоҳибаҳо пешниҳод мешуданд, “Тибби ниёгон” аз осори табибони гузашта, ба мисли Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, “Машварати табиб”, “Ғизои солим”, “Донистан хуб аст”, “Инро бояд донист”, “Тозаахбори тиб”, “Бо хоҳиши хонанда” , “Аз
рӯзгори табибон”, “Дурдонаҳои тиб” ва ғайра бештар ба хонандагон мақбул афтодаанд, ки аксарияти ин рубрикаҳо то имрӯз идома доранд.
Баъдтар ба кори маҷалла пайваст шуданд хабарнигорон ва журналистони варзида Ёқуб Ҳалимов, Мазҳаб Ҷумъа, Сайраҳмон Назриев, Мадина Давлатова, Мадина Почоева, Билоли Шамс, Шервони Умриддин, Абдумудассир Аҳмадзода, Шамсиддин Насриддин (Хуршеди Ҷовид), ки бо қалами эшон боз ҳам маҷалла хонданиву шавқовар гардид.
Серхонандатарин рубрикаи мо дар давоми ин солҳо “Гиёҳдармонӣ” будааст, ки аксари муштариён дар ин хусус қариб пас аз ҳар шумора дар мавриди истифода ва табобат ёфтан аз дорухатҳои он бароямон андешаашонро баён медоранд. Масалан, яке аз дӯстонамон иброз намуд, ки дар шаҳри Истаравшан аз рӯйи дорухати маҷаллаи шумо мо беморамонро, ки гирифтори фалаҷ буд, дуруст кардем.
Аз шаҳри Хуҷанд зане изҳор намуд, ки духтарамро, ки гирифтори бемории витилиго буд, бо парҳезе, ки шумо дар маҷаллаатон нашр намудед, пурра муолиҷа намудем. Ин парҳезро боз барои духтари ҳамсоя низ тавсия додаанд, ки ӯ низ шифо ёфтааст.
Аз шаҳри Панҷакент шахсе ба мо изҳор намуд, ки дарди гулӯи писарамро, ки хеле давом кард ва бисёр моро хавотир ҳам кард, бо дорухати саҳифаи “Гиёҳдармонӣ”-и маҷаллаи шумо табобат намудем. Бархеи дигар аз мо дар бораи ин ё он беморӣ маслиҳати табибонро чоп карданро хоҳиш менамуданд, ё суроғаи табибонро барои табобати беморони худ пурсон мешуданд.
Ин ҳамагӣ чанд мисоли кӯтоҳе аз давоми фаъолияти маҷалла аст, ки ин ҷо иброз намудем. Мисолҳо ва таҷрибаҳои гуногун зиёданд, аммо муҳим он аст, ки мо дарак меёбем, ки корамон барабас набудааст. Ҳадафҳое, ки бо он маҷалларо таъсис додем, мақсадҳоямонро амалӣ менамоянд, зеро бузургтарин ҳадафи мо ин аст, ки фарҳанги тиббии мардум боло равад, бо шеваи дурусти хобу нӯш дар зиндагӣ ҳамарӯза тану ҷони хешро солим дошта, аз бемориҳои мухталиф ва сироятҳои гуногун, ки ҳамасола нав ба
нав пеш меоянд, худро ҳифозат карда тавонанд. Бо аввалин нишонаи беморӣ роҳ сӯйи табиб гиранд, то ҳарчӣ зудтар нишонаҳои онро бартараф созанд ва рӯзгори хубу бегазанде пур аз шодиву нишот дошта бошанд.
Дар давоми ин 15 сол мо шарикони хубу боэътимоде доштем, ки маҳз бо дастгирии онон маҷалла сол аз сол рушд кард ва то ба имрӯз омада расид. Аз маврид истифода намуда, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо сохторҳои минтақавии он, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ширкатҳои гуногуни доруворӣ, ба монанди “Вегафарма”, “Ориёнфарма”, “Дар-дар”, “Мададфарм”, “Томирис”, “Раҳмат-2004”, “Набзи дил”, “Сомонӣ фарма”, муассисаву ташкилотҳои мухталиф, фардҳои алоҳида ва ба ҳайати кормандони маҷалла арзи сипосу ихлоси худро баён медорем.
15 — солагии “ДАВО”
ба ҳамаамон муборак бод!




Муборак бошад! Бароятон барору комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.