
Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар усули муосири аблятсияи микромавҷӣ (Microwave Ablation, MWA) барои табобати омосҳои ҷигар бомуваффақият ҷорӣ ва амалӣ гардид.
Тавре Акбар Муродзода, директори маркази мазкур иброз дошт, ҷори намудани ин технология марҳилаи муҳим дар рушди онкологияи интервенсионӣ ва ҷарроҳии камзахмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, имкониятҳои табобати муосири беморони гирифтори бемориҳои онкологиро васеъ менамояд.
Ба гуфти номбурда, аблятсияи микромавҷӣ усули баланди технологии камзахмӣ буда, истифода аз энергияи электромагнитии басомади зиёд боиси баланд шудани ҳарорати бофта ва ба вуҷуд омадани некрози коагулятсионии ҳуҷайраҳои омосӣ мегардад. Ин усул бо самаранокии баланд, бехатарӣ ва имконияти истифода дар бемороне, ки барои ҷарроҳии анъанавӣ маҳдудият доранд, фарқ мекунад.
Амалиётҳо бо истифода аз дастгоҳи муосири аблятсияи микромавҷии ECO таҳти назорати ташхиси ултрасадо ва томографияи компютерӣ гузаронида мешаванд. Мудохилаҳо тибқи протоколҳои байналмилалӣ бо банақшагирии пешакӣ, ҷойгиркунии дақиқи электродҳо дар маркази омос, назорати ташаккули минтақаи аблятсия ва коагулятсияи канали пунксионӣ бо мақсади пешгирии оризаҳои баъди ҷарроҳӣ мебошад.
Дар мушоҳидаҳои аввал беморон бо карсиномаҳои гепатоцеллюлярӣ ва осебҳои метастатикии ҷигар бо андозаи то 3–5 см дохил карда шуданд. Инчунин омосҳои хушсифати ғадуди ширри, ғадуди сипаршакл ва омосҳои хушсифат ва бадсифати гурдаҳо бо андозаҳои хурд низ дар нақша мебошад. Дар ҳамаи ҳолатҳо муваффақияти техникии мудохила ба даст оварда шуда, минтақаи кофии аблятсия бо ҳошияи бехатар ташаккул ёфт. Ин амалиёт муддати 5-7 дақиқа ва давраи баъдиамалиётӣ бе ориза гузашт.
Бояд гуфт, ки беморон баъди як шабонарӯз ба хона ҷавоб дода мешаванд.
Ҳамин тариқ, гузаронидани аввалини аблятсияи микромавҷии омосҳои ҷигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими тибби миллӣ буда, дурнамои рушди минбаъдаи онкологияи интервенсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии табобатиро фароҳам меорад.
Ин намуди амалиёти ҷарроҳӣ имконият медиҳад, ки табобати омосҳои хушсифат ва бадсифати андозаи хурддоштаи дорои бемориҳои ҳамрадифи хатарнок бе буриш ба пуррагӣ табобат шаванд.
Бояд гуфт, ки қаблан барои гузаронидани чунин амалиётҳои ҷарроҳӣ шаҳрвандони кишвар бо харҷҳои зиёд ба хориҷи кишвар сафар мекарданд, ки акнун онҳо дар ватани худ табобатҳои ба протаколҳои ҷаҳони муосир таҳияшуда табобат мегиранд.



