• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Фармасевт-пайвандгари бемору табиб

от user
в Фарматсевтика
0

«Доруфарм»-нишони дилпурӣ аз худ

Бо кори фармасевтӣ Фаридун Ҷабборов ҳанӯз дар давраи донишҷӯйи факултаи фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино будан ошно гашт. Ба шарофати бародаронаш, ки дар самтҳои гуногуни соҳаи тиб фаъолият доштанд.

Чун шуғли яке аз онҳо дорусозӣ буд, тавонист меҳри ин пешаро дар қалби додараш низ ангезад. Бо фаъолият дар ҶДММ «Тиб барои шумо» ва КВД «Фармаколог» корозмуда шуда, Фаридун дар навбати худ тасмим гирифт, ки дар ин ҷода донишандӯзони пурталошро роҳнамо бошад.

— Донишу таҷрибаи солҳо андӯхта ба имкони фаъолияти мустақил дилпурам кард ва соли 2013 ширкати хусусии «Доруфарм»-ро таъсис додам. Алҳол дар дорухонаҳои он беш аз 150 нафар фаъолият доранд, ки аксарашон донишҷӯй мебошанд.

Онҳо дар баробари донишу таҷриба андӯхтан боз аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ меёбанд, ки ин шароити зиндагиашонро беҳтар месозад, — аз дирӯзу имрӯзи кораш ёд меорад ҳамсуҳбатам ва меафзояд. — Вале ин ҳамаро ман ҳанӯз оғози фаъолиятамон дар фармасевтика мешуморам ва бо андаке комёбӣ хотирҷамъ шудан дуруст нест. Бахусус, дар соҳаи мо, ки ниҳоят босуръат рушд мекунад ва бояд пайваста дар ҷараёни дастовардҳои он бошӣ.

ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТҲОИ ВАТАНӢ

Фаридун Ҷабборов бар он назар аст, ки имрӯз дар кишвар дар самти дорусозӣ ҳеҷ мушкиле пешорӯи соҳа нест. Дар роҳандозӣ намудани истеҳсолоти доруворӣ ва ҳам воридоти он Ҳукумати кишвар ба соҳибкорон як қатор имтиёз додааст, ки дар натиҷа ниёзмандон бидуни мушкилӣ дорувории заруриро аз дорухонаҳо дастрас карда метавонанд.

Ба гуфти сарвари «Доруфарм», онҳо доруҳоро вобаста ба талаботи аҳолӣ ворид месозанд. Агарчи таркиби доруҳо якхела асту танҳо номи ширкатҳои истеҳсолкунанда гуногун, харидорон ё беморон дорувории ширкатҳои маъруфи кишварҳое, чун Русия, Покистон, Ҳиндустон ва Украинаро афзал медонанд. Зимнан, аз маводи доругии ширкатҳои ватанӣ низ пурсон мешаванд.

Дар баробари ҳамкории судманд бо ширкатҳои хориҷӣ корхонаҳои маҳаллӣ низ дар мадди назар қарор доранд. Ҳамин аст, ки “Доруфарм” барои саривақт қонеъсозии талаботи ниёзмандон аз ширкатҳои «Тиб барои шумо», ВежаФарм» ва «Сино-2013» низ дору мегирад.

— Ҳар касб нозукиҳои хоси худро дорад, ки онҳоро бояд ба эътибор гирифт. Кори фармасевт истисно нест. Яъне мо, бояд пеш аз ҳама, ба интихоби дурусти доруворӣ, сифат, тарзи муқарраршудаи нигаҳдорӣ ва муҳлати истифодаи онҳо диққат диҳем. Чунки дар ниҳоят сухан аз саломатию ҳаёти одам меравад, ки онро, масалан, доруи муҳлати истифодааш гузашта зери хатар мегузорад. Ба ин набояд роҳ дод, — иброз медорад Фаридун Ҷабборов.

МУШКИЛИ КУҲНАИ ХОНДАНИ ДОРУХАТ

Фаридун мегӯяд, ки рисолати фармасевт танҳо ба бемор дору додан набуда, мебояд ба бемор тарзи истифодаи онро фаҳмонад. Бо вуҷуди дар дорухат тарзи истифодаи доруро қайд кардани табиб, беҳтар аст, ки болои қуттии дору кай, дар кадом ҳолат ва чӣ миқдор нӯшидани дору навишта шавад. Фармасевт дар давоми таҷрибаи корӣ бо хатти табиб ошност, вале аксари беморон навиштаи табибонро хонда наметавонанд.

— Баъзан дар дорухати табиб хато мешавад. Дарҳол ба вай занг зада, бо ҳамдигарфаҳмӣ мушкили беморро осон менамоем. Яъне, ин рисолати дигари мост, ки беморро бо духтур бипайвандем. Аз ин хотир, фармасевт бояд дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ, ба мисоли хушмуомилаю оромтабиатӣ, хоксорию хайрхоҳӣ бошад. Зеро ҳамарӯза бо одамони гуногунхислат муошират дорад. Бо эҳтирому сухани хуш ба онҳо хизмат расондан аз рисолатҳои инсонию касбии ӯст.

Нафароне, ки чунин сифатҳоро надошта бошанд, беҳтараш, орзуи касби дорусозро накунанд, — хулосаи ғайричашмдошт кард Фаридун Ҷабборов.

Паймонаи ҶОВИДОН, “Даво”

Мақолаи гузашта

Рокфеллер: «Бог научил меня, что все принадлежит Ему»

Мақолаи навбатӣ

Аденома бе ҷарроҳӣ ҳам табобат дорад

user

user

Мақолаи навбатӣ
Аденома бе ҷарроҳӣ ҳам табобат дорад

Аденома бе ҷарроҳӣ ҳам табобат дорад

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Истиқлолияти доруворӣ: низоми мушаххаси ҳамоҳангсозӣ лозим

Истиқлолияти доруворӣ: низоми мушаххаси ҳамоҳангсозӣ лозим

23.07.2026
Эволюция научной мысли в наследствии Абуали Ибн Сино

Эволюция научной мысли в наследствии Абуали Ибн Сино

23.07.2026
Дар Душанбе Мактаби минтақавии ТУТ ифтитоҳ шуд

Дар Душанбе Мактаби минтақавии ТУТ ифтитоҳ шуд

22.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ