
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар дунё то 45 дарсади одамон мубталои фишорбаландиянд. Ҳайратовар аст, ки нисфашон инро пайхас намекунанд. Дар мақолаи мазкур мо ба хонандагони маҷаллаи “Даво” сабабҳои асосии беморӣ, аломату оризаҳо, ҳамчунин хатари сарфи назар кардани онҳоро мухтасар тафсир медиҳем.
“ҚОТИЛИ НОМАЪЛУМ”-РО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН ШИНОХТ?
Фишорбаландиро «қотили номаълум» меноманд: аксар вақт аломатҳои яқинаш зоҳир намешаванду он ба узвҳои организм тадриҷан осеб мерасонад. Агар фишори хун дар тўли солҳои зиёд кам-кам боло равад, организм ба он мутобиқ мегардад. Аммо ҳатто дар аввал ҳам, вақте дилу рагҳо ҳанӯз онро уҳда карда метавонанд, фишорбаландӣ аллакай ба онҳо зиён мерасонад:
• Девораҳои шараёнҳо ғафс гашта, чандирӣ аз даст медиҳанду дар онҳо калсий ҷамъ мешавад, ки ба атеросклероз меорад.
• Дил бо сарборӣ кор мекунад — дар натиҷа меъдачаи чап аз ҳад калон шуда, баъдан заъфи дил ба амал меояд.
• Рагҳои гурдаҳо танг мешаванд, ки боиси халалёбии полоиши хун мегардад, бемории музмини гурдаҳо ташаккул меёбад.
• Аз ихтилоҷи рагчаҳо хотира заиф гашта, хатари сарзании сактаи мағзи сар меафзояд.
• Рагҳои шабакияи чашм осеб мебинанду ретинопатияи гипертонӣ пайдо мешавад, ки дар натиҷа возеҳу рушан дидани ашёи атроф
душвор мегардад.
АНГЕЗАҲОИ ФИШОРБАЛАНДӢ
Гипертензияи ибтидоӣ (эссенсиалӣ) — ин болоравии устувори фишор бе ягон сабаби яқин. Ба он 90 дарсади ҳама ҳодисаи фишорбаландӣ рост меояд.
Гипертензияи эссенсиалӣ — натиҷаи «коктейл»и мураккаб аз тағ- йироти синнусолӣ, омилҳои ирсӣ ва берунӣ:
• Ирсият. Илми тиб исбот карда, ки агар волидон мубталои фишорбаландӣ бошанд, дар фарзанди онҳо хатари сарзании он ду маротиба боло меравад. Гунаҳкори ин полиморфизми генҳо мебошад, ки низомҳои танзими фишори хунро идора мекунанд.
• Пиршавӣ. Пас аз 40-солагӣ девораҳои рагҳо чандириро гум карда, калтсий ҷамъ мекунанд ва фишори систолӣ (болоӣ) тадриҷан зиёд мешавад. Дар 60-солагӣ дар 60 дарсади одамон ин ё он дараҷаи фишорбаландӣ ба мушоҳида мерасад.
ОМИЛҲОИ ХАТАР:
Фарбеҳӣ. Ҳар килои зиёдатӣ дилро маҷбур месозад, ки хуни бештарро гардиш диҳад.
Намак. Он дар организм моеъро бозмедорад. Дар натиҷа ҳаҷми хун меафзояду фишор бошад, боло меравад.
Стресс. Шиддати музмини асаб партофти адреналиро меангезад. Рагҳо танг шуда, дил тезтар мезанад, ки оқибаташ фишорбаландист.
Сигоркашӣ ва машрубот. Никотин девораи рагҳоро хароб месозаду этанол бошад, низоми кори ренин-ангиотензин-алдостерониро, ки тонуси рагҳоро танзим мекунад.
Гиподинамия. Он дилро суст карда, тонуси рагҳоро коҳиш медиҳад.
Бемориҳои вобаста: дислипидемия, диабети қанд.
Мардҳои то 50 — сола бар асари одатҳои бад ва стрессҳо аз фишорбаландӣ бештар азият мекашанд. Ин, аксаран, боиси фавти бармаҳали онҳо мегардад. Занҳоро то таваққуфи ҳайз аз фишори баланд эстрогенҳо бо васеъсозии рагҳо ҳимоят мекунанд. Пас аз 50–55-солагӣ барояшон хавфи фишорбаландӣ баробар мешавад.
НАЗОРАТИ ФИШОРБАЛАНДӢ КАЙ ҲАТМИСТ?
Ҳолатҳое мешаванд, ки нишондиҳандаи систолӣ (болоӣ) — 130 (меъёр) ва диастолии (поёнии) фишор — 100 (аз меъёр зиёд) мешавад. Ё баръакс, систолӣ — 160 (баланд), диастолӣ бошад — 70 (меъёр). Дар ҳарду ҳолат табиб онро «фишорбаландӣ» таъбир мекунад, зеро баланд будани ҳатто як нишондиҳанда метавонад оқибати ногувор орад. Дар сурати саломатии хуб ва мавҷуд набудани омилҳои хатарнок (фарбеҳӣ, диабет, сигоркашӣ) то 40-солагӣ фишори хунро ҳар 2–3 сол санҷида истед. Агар волидонатон фишорбаландӣ дошта бошанд, ҳар сол санҷед. Агар табиб дар шумо фишорбаландӣ муқаррар карда бошад, фишори хунро саҳар баъди як соати аз хоб хестан бисанҷеду шаб пеш аз хоб. Инчунин дар ҳолатҳои сардардӣ, сарчархӣ, сиёҳзании чашм.
Абдулҳамид ДАВЛАТОВ,
Ҳамро ҚАЮМОВ,
Моҳзода НАСИБОВА,
табибони оилавии МСШ 5


