• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Амалиёти систогастростомияи эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд

от user
в Хабарҳо
0
Бо фароҳам гаштани шароиту имкониятҳои муосир дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат табибони Тоҷикистон имрӯзҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодаанд. Чунин як навгонӣ, ки дар соҳаи тандурустии мамлакат бори аввал мебошад, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» бомуваффақият дар амал иҷро карда шуд. Ба табибони маркази мазкур имкон даст дод, ки бори аввал дар Тоҷикистон ба бемори 22-солаи дорои кистаи қисми бадани ғадуди зери меъда бо усули эндоскопӣ, яъне бе буриш тавассути даҳон систогастростомияи эндоскопӣ гузаронанд.
Амалиёти ҷарроҳии мазкур аз ҷониби мудири шуъбаи ташхису табобати Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, номзади илмҳои тиб Мусоев Сорбон Шералиевич дар якҷоягӣ бо духтури ташхиси ултрасадои ҳамин муассиса Муҳаммадиева Зумрад анҷом дода шуд.
Тавре Мусоев Сорбон Шералиевич иброз дошт, дар рафти ташхис дар бемор кистаи бадани ғадуди зери меъда бо андозаи 17×9 см ошкор карда шуд, ки ин ҳолат девори қафои меъдаи беморро фишор додаву бо пайдо гаштани дард ҳолати дилбеҳазурӣ ва қайдкуниро ба вуҷуд оварда, инчунин гузариши ғизоро ба рудаи дувоздаҳгузашта душвор мекард.
“Барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ба бемор пунксия ва катетеризатсияи киста тавассути девори қафои меъда таҳти назорати эндоскоп гузаронида шуда, бо истифодаи систографияи эндоскопикӣ, яъне дохил намудани ранг (контраст) ба дохили киста анҷом дода шуд. Ковокии кистаи бемор, ки бо андозаи 17×9 см муайян шуда буд, дар он стенти пластикии навъи «pigtail» бо дарозии 11 см ва диаметри 10 Fr гузошта шуд, ки дар нитҷа аз дохили стент моеъи шаффоф бо фишор ба меъда хориҷ шуд”,- гуфт номбурда.
Ба зикри ҳамсуҳбати мо, систогастростомия бо усули эндоскопии зери назорати ултрасадо ва рентген иҷро карда шуда, пас аз 24 соати амалиёти ҷарроҳӣ ташхиси назоратии ултрасадои узвҳои шикам коҳиши андозаи кистаро дар бемор то 4 см нишон дод ва бемор ба хона рухсат дода шуд. Мавриди қайд аст, ки қаблан барои табобати чунин беморон ба таври кушода, яъне бо буриши ҷисм амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешуд, ки ин ҳолат агар аз як ҷониб бо осеби бадани бемор анҷом меёфт, аз ҷониби дигар муҳлати табобат ва барқарор гаштани вазъи саломатии беморонро зиёдтар мекард.
Систогастростомияи эндоскопӣ як амалиёти эндоскопие мебошад, ки дар он байни кистаи ғадуди зери меъда ва девори қафои меъда анастомоз (дренаж) барои холи кардани мундариҷаи (моеъи) он бе буриш сохта мешавад.
Мақолаи гузашта

Фишорбаландӣ чӣ хатар дорад?

Мақолаи навбатӣ

Табобати меъда ва рӯда бо гиёҳ

user

user

Мақолаи навбатӣ
Табобати меъда ва рӯда бо гиёҳ

Табобати меъда ва рӯда бо гиёҳ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Боз як ҷарроҳии нодир дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт

Боз як ҷарроҳии нодир дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт

19.07.2026
Гармии шадид: тавсияҳои муҳим барои ҳифзи саломатӣ

Гармии шадид: тавсияҳои муҳим барои ҳифзи саломатӣ

18.07.2026
Ҷарроҳии нодир дар беморхонаи Данғара

Ҷарроҳии нодир дар беморхонаи Данғара

18.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ