
Дар дунё қариб 600 млн. одам аз фишорбаландияш хабар надорад!
Бори нахуст ин маъракаи густурдаи тиббии иттилоотӣ соли 2005 бо иқдоми Лигаи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи фишорбаландӣ ва дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гашт. Шиори он “Фишори хуни худро аниқ чен ва назорат кунеду умри дароз бинед”. Ҳадаф аз ин чорабинӣ ҳарчи бештар маълумот доштани аҳли ҷомеа оид ба яке аз бемориҳои паҳншудаи дилу раг, оризаҳои хавфноки он, усулҳои пешгирӣ ва табобат, инчунин тарзи дурусти ченкунии фишори хун мебошад.
Фишорбаландӣ ҳолати ҷиддии патологист, вақте фишори хун аз меъёр (140/90 мм сутуни симоб) боло меравад. Бесабаб нест, ки онро «қотили хаппак» ном мебаранд, чунки аксар вақт бидуни аломат ҷараён мегирад ва аксарияти беморон аз мавҷудияташ ҳатто бехабар мемонанд. Фишори баландро танҳо тавассути ченкунии муттасил метавон ошкор сохт. Вақти авҷ гирифтанаш дарди сар, сиёҳӣ задани чашм, дард дар қафаси сина, нафастангӣ ва дигар аломатҳо пайдо мешаванд. Муолиҷа накардани фишорбаландӣ ба сарзании касалиҳои дил ва гурда, гузашта аз ин, инсулту инфаркти миокард меорад.
Аз ин рӯ, тасодуф нест, ки фишорбаландӣ хавфи сарзании маризиҳои дил, майнаи сар ва гурдаҳоро хеле боло бурда, аз сабабҳои асосии фавт ба шумор меравад. Ҳамарӯза дар дунё аз он беш аз 28 ҳазор одам ба ҳалокат мерасад. Бино ба таҳлили маҷмуии динамикаи паҳншавӣ, нишондиҳандаҳои ошкорсозӣ, табобат ва назорати фишорбаландӣ, ки таҳти роҳбарии Коллеҷи шоҳии Лондон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гузаронда, дар маҷаллаи “Лансет” нашр шуд, дар 30 соли охир шумораи фишорбаландҳо миёни одамони аз 30 то 79-сола аз 650 млн то 1,28 млрд, яъне ду баробар афзуд. Қариб нисфашон табобат намекунанд. Чунки аз бемории худ огаҳ нестанд!
Тадқиқоти густурдаи шабакаи глобалии табибону муҳаққиқон солҳои 1990 – 2019-ро фаро гирифт. Нишондиҳандаҳои қайдшудаи фишори хун ва маълумоти табобати зиёда аз 100 млн одами аз 30 то 79 — сола дар 184 давлати дунё, ки дар онҳо 99 дарсади аҳолии ҷаҳон ба сар мебарад, таҳлил карда шуд. Соли 2019 беш аз 1 млрд гирифторони фишорбаландӣ дар давлатҳои даромадашон миёна ва паст зиндагӣ мекарданд, яъне 82 дарсади фишорбаландҳо. Ҳарчанд ошкорсозӣ ва табобати фишори баланд бо доруҳои арзон мушкил нест, тадқиқот дар кори фарогирӣ бо ташхису муолиҷа камбудиҳои ҷиддиро маълум кард. Наздики 580 млн одам (41 дарсад зану 51 дарсад мард) ягон бор аз ташхис нагузаштааст, 720 млн (53 дарсад зан ва 62 дарсад мард) табобати зарурӣ намегирад.
“Тӯли ин солҳо дар аксарият кишварҳо нишондиҳандаҳои табобату назорати фишорбаландӣ беҳтар шуда бошад ҳам, дар ағлаби мамолики Африқо, ва ҷазирадавлатҳо беҳбудии назаррас ба амал наомад. Зарур аст, ки донорҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои миллӣ ҷиҳати табобати ин беморӣ, ки хавфи ҷиддӣ ба солимии ҷомеаи ҷаҳонист, тадбирҳои муассир роҳандозӣ кунанд», – таъкид кард корманди коллеҷ ва роҳбари кори таҳлилӣ Бин Чжоу.
“Даво”


