
Онҳо чӣ хатар доранд ва чӣ тавр худро эҳтиёт кард?
Бактерияҳо яке аз гурӯҳҳои асосии микроорганизмҳо буда, дар ҳама гуна муҳит — ҳаво, об, хок ва ҳатто дар организми зинда мавҷуданд. Гарчанде қисми зиёдашон барои одам муфид ё безарар мебошанд, як гурӯҳи муайяни онҳо, ки бактерияҳои патогенӣ ном доранд, метавонанд боиси бемориҳои гуногуни сироятӣ дар одам гарданд.
Бактерияҳои патогенӣ қобилияти ворид шудан ба организм, афзоиш ёфтан ва тавлиди моддаҳои заҳрнок (токсинҳо)-ро доранд. Дар натиҷа, фаъолияти муқаррарии узвҳо вайрон шуда, аломатҳои гуногуни беморӣ ба вуҷуд меоянд. Ин гуна сироятҳо метавонанд натанҳо сабук ё вазнин бошанд, балки дар баъзе ҳолатҳо ба оқибатҳои ҷиддӣ оварда расонанд.
Бактерияҳо организми якҳуҷайраи набототиянд, ки хлорофилл (моддае, ки ба растанӣ ранги сабз медиҳанд) надоранд ва бо роҳи тақсимшавии оддӣ афзоиш меёбанд. Ҳаҷми бактерияҳои касалиовар аз 0,4 то 10 микрон мешавад. Аммо баъзе бактерияҳо вомехӯранд, ки андозаашон то 70 микрон мерасад.
Аз рӯи намуди зоҳирӣ онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:
1.Коккҳо (даврашакл)
2.Қаламчамикробҳо (чубчамикробҳо) бактерия ва батсиллаҳо
3.Вибрион ва спириллаҳо (шаклашон ба вергул ва чӯбчаи морпеч монанд аст)
Аз рӯи гурӯҳбандӣ патогенҳо 3 намуд мешаванд:
1.Патогенҳои ҳақиқӣ-ҳамеша беморӣ ба вуҷуд меоранд.
2.Патогенҳои шартӣ- дар ҳолати сустшавии маъсуният, осебёбӣ фаъол мешаванд.
3.Микрофлораи шартан патогенӣ-қисми флораи муқаррарӣ, ки метавонад беморӣ ангезад.
Ҳуҷайраи бактерия аз протоплазма, пардаи руйкаш ва ядро иборат аст.
Бактерияҳои патогенӣ чӣ тавр зарар мерасонанд?
Асосан бо ду роҳ:
1). Истеҳсоли экзотоксинҳо (заҳрҳои беруна) – заҳрҳои хеле сахт, ки бактерияҳо онҳоро ба муҳити атроф ихроҷ мекунанд.
Намунаҳо:
Ботулизм
Кузоз
Хуноқ
Баъзе стафилококкҳо (заҳри ғизоӣ)
2). Истеҳсоли эндотоксинҳо (заҳрҳои дохилӣ) — ин қисми девори ҳуҷайраи бактерияҳои грамист, ки ҳангоми нобуд шудани бактерияҳо озод мешавад.
Намунаҳо: Salmonella, Shigella, Escherichia coli (баъзе навъҳо), Neisseria gonorrhoeae
Сироятҳои маъмулии бактериявӣ (бо намудҳои асосии патогенҳо)
Сироятҳои роҳи нафас – Streptococcus pyogenes ( ангин, илтиҳоби гулӯ), Streptococcus pnebmoniae ( илтиҳоби шуш)
Сироятҳои рӯда ва исҳол- Salmonella, Shigella , Escherichia coli патогенӣ, Vibrio cholerae (вабо)
Сироятҳои пӯст ва бофтаҳои нарм- Staphylococcus aureus (ҷароҳатҳо, фурӯкӯнҳо,) Streptococcus
Сироятҳои роҳҳои пешоб – Escherichia coli , Klebsiella, Proteus
Бемориҳои ҷинсӣ — Neisseria gonorrhoeae ( гонококк- гонорея), Treponema pallidum (сифилис)
Сироятҳои вазнин – Mycobacterium tuberculosis (илтиҳоби шуш- сил), Mycobacterium leprae (ҷуззам)
Чӣ тавр сироятҳо интиқол меёбанд?
Тавассути ҳаво (ҳангоми нафаскашӣ)
Бо ғизои олуда ё об
Тавассути тамос (дастҳо, ашёҳои умумӣ)
Аз модар ба кӯдак (ҳангоми таваллуд)
Тавассути ҳашарот ё ҳайвонот
Дар муассисаҳои тиббӣ (сироятҳои госпиталӣ- nosocomial infections)
Аломатҳои умумӣ:
Табларза, хастагӣ, дарди сар, илтиҳоб, дард дар ҷои сироят ва заҳролудшавии умумии бадан.
Табобат:
Антибиотикҳо воситаи асосии табобат мебошанд, ки бактерияҳоро нобуд мекунанд ё афзоиши онҳоро бозмедоранд.
Хатари муқовимат:
Истифодаи нодуруст ё аз ҳад зиёди антибиотикҳо боиси пайдоиши бактерияҳои ба дору тобовар (супербактерияҳо) мегардад.
Пешгирӣ:
Ҳар шахс бояд дасташро пеш аз таомхӯрӣ бо собун шуяд, сабзавоту меваро низ бояд шуст, ғизо аз пашша муҳофизат бояд кард. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз эмгузаронӣ истифода мебаранд.
Хуллас, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ғизо ва оби тоза, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ метавонад хатари сироятро коҳиш диҳад. Илова бар ин, истифодаи дурусти антибиотикҳо ва риояи тавсияҳои табибон дар табобати бемориҳои сироятӣ хеле муҳим мебошад. Танҳо дар ин сурат метавон паҳншавии бактерияҳои ба дору тобоварро пешгирӣ кард. Ҳамин тавр, мубориза бар зидди бактерияҳои патогенӣ ва сироятҳо на танҳо вазифаи кормандони соҳаи тиб, балки масъулияти ҳар як шахс барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа мебошад.
Раъно ФОЗИЛОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент



