
Тибқи иттилоъи Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идома ёфтани ҳарорати баланди ҳаво дар аксарияти минтақаҳои кишвар, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуда, аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии худ ва атрофиён тадбирҳои пешгирикунандаро қатъиян риоя намоянд.
Баланд шудани ҳарорати ҳаво яке аз омилҳои муҳими хавф барои саломатии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, метавонад боиси беобшавии организм, ихтилоли мубодилаи обу намак, гармозадагӣ, вайроншавии фаъолияти дилу рагҳо, авҷ гирифтани бемориҳои музмин ва дигар ҳолатҳои фавқулодаи тиббӣ гардад.
Таъсири манфии гармии шадид бештар ба кӯдакони синни хурдсол, шахсони калонсол, занони ҳомила, шахсони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, бемориҳои музмини роҳҳои нафас ва кормандоне, ки фаъолияти меҳнатии худро дар муҳити кушод анҷом медиҳанд, мерасад.
Бо мақсади коҳиш додани хатари таъсири манфии ҳарорати баланд, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки аз будубоши тӯлонӣ дар зери нурҳои мустақими офтоб худдорӣ намоянд, мунтазам оби нӯшокии тоза истеъмол намуда, аз талафоти моеъи организм пешгирӣ кунанд, аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, нӯшокиҳои дорои миқдори зиёди қанд ва кофеин худдорӣ намоянд, либосҳои сабук, васеъ ва аз матоъҳои табиӣ пӯшида, аз воситаҳои муҳофизатӣ аз ҷумла кулоҳ, чатр ва айнаки офтобӣ истифода баранд.
Фаъолияти вазнини ҷисмониро ба соатҳои салқини шабонарӯз гузаронида дар муҳити зист гардиши ҳаворо таъмин намуда, имкони аз ҳад зиёд гарм шудани ҳуҷраҳоро маҳдуд созанд ва ба истеъмоли ғизои сабук, сабзавот, мева ва дигар маҳсулоти дорои оби зиёд афзалият диҳанд.
Нишонаҳои асосии гармозадагӣ аз баланд шудани ҳарорати бадан, дарди шадиди сар, сарчархзанӣ, заъфи умумӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, нафаскашии тез, вайроншавии ҳуш ва беҳушӣ иборат мебошанд. Ҳангоми пайдо шудани чунин аломатҳо зарур аст, ки шахси зарардида фавран ба ҷои салқин интиқол дода шуда, тадбирҳои аввалияи хунуккунии бадан андешида шаванд ва барои расонидани ёрии тиббии фаврӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ё хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат карда шавад.
Таъкид карда мешавад, ки кӯдаконро ҳатто барои муддати кӯтоҳ дар дохили воситаи нақлиёти таваққуфкарда танҳо нагузоред, зеро ҳарорати дохили воситаи нақлиёт метавонад дар муддати хеле кӯтоҳ ба дараҷаи барои ҳаёт хатарнок расад.
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» аз тамоми шаҳрвандон даъват менамояд, ки нисбат ба саломатии худ ва наздиконашон масъулияти баланд зоҳир намуда, ба кӯдакон, пиронсолон, шахсони танҳо ва беморони гирифтори бемориҳои музмин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Риояи тавсияҳои мазкур барои пешгирии таъсири манфии гармии шадиди ҳаво, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва коҳиш додани хавфи ҳолатҳои фавқулодаи тиббӣ мусоидат хоҳад намуд.


