Захми меъда
-100 грамм шираи сабр (алоэ), 100 грамм шарбати сабзӣ, шарбати лаблабуи сурх, асал ва шарбати ангур, 50 грамм сабзаи наврустаи сулӣ (ҷави русӣ, овёс)-ро аз гӯштқиммакунак гузаронида, омехта кунеду дар зарфи сирнок дар танӯрчаи барқӣ (духовка) 5 соат дар ҳарорати паст бигзоред. Сипас хунук карда, чоряк истаконӣ рӯзе се бор 20-40 дақиқагӣ пеш аз хӯрок истеъмол кунед. Муҳлати табобат 2 ҳафта. Ҳангоми зарурат баъди 10 рӯз такрор намоед.
— 10 грамм решаи кӯфташудаи ширинбия, 10 грамм сабзаи наврустаи ҷав ва 5 грамм пӯчоқи хушккардаи афлесунро гирифта, ба ним литр об ҳамроҳ намоед ва дар оташи паст 30 дақиқа ҷӯшонед. Аз дока гузаронида, 60 грамм асал ҳамроҳ намоед. Рӯзе ду қошуқӣ се маротиба пеш аз хӯрок истеъмол кунед.
-50 грамм сабзаи марҷумак (гречка), ним кило мағзи чормағз ва 100 грамм сабзаи наврустаи сулиро аз гӯштқиммакунак гузаронед. Сипас 500 грамм сабзиро аз турбтарошак гузаронед. 100 грамм равғани маскаро дар зарф гирифта, дар оби ҷӯш об кунед. Ҳама давоҳои зикршударо омехта карда, 250 грамм асал ҳамроҳ кунед. Даворо дар яхдон нигоҳ дошта, рӯзе 4 маротиба 1 қошуқӣ 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед.
-200 грамм сабзаи наврустаи гандумро дар ўғурча кӯфта, ба он 500 грамм асал ва 500 мл равғани зайтун ҳамроҳ намоед. Ҳарсеро дар зарфи шишагин андохта, дар яхдон нигоҳ доред. Рӯзе се маротиба як қошуқӣ 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед.
-Як қошқуқча донаи зағир ва сабзаи наврустаи гандумро гирифта, ба болояш як истакон оби гарм резед. Сї дақиқа онро дам дода, аз дока гузаронида, рӯзе се чор маротиба ду қошуқӣ пеш аз хӯрок истеъмол намоед.
Гастрит
-100 грамм асал, 15 грамм барги сабр, 100 грамм равғани маскаро якҷоя намуда, рӯзе 2 бор як қошуқӣ истеъмол кунед. Аз болои ин даво шири гарм нӯшед.
— 100 грамм асал ва 100 грамм шарбати баргҳои сабрро омехта, ду қошуқӣ рӯзе як бор 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед.
– Ду қошуқӣ баргу гули бӯимодарон, бобуна, барги зулф, ширинбия ва меваи настаран (хулул, хуч)-ро дар як зарф бо ҳамдигар омехта кунед. Аз ин омехта дар зарфе як қошуқ гирифта, ба болояш як истакон оби ҷӯш бирезед. Баъди як соати дам хӯрдан даворо аз дока гузаронида,ним истаконӣ рӯзе ду маротиба як соат пеш аз хӯрок истеъмол намоед. Ин даво барои беморони гирифтори гастрити туршнокии меъдаашон баланд тавсия дода мешавад.
-Шарбати лиму, карам, помидорро як қошуқӣ рӯзе се маротиба 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед. Се қошуқ шарбати барги зулфро ба се қошуқ оби тоза омехта, рӯзе се маротиба як қошуқӣ 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед. Ин давоҳо барои ашхоси туршнокии меъдаашон паст тавсия дода мешавад.
Шикамрав ( исҳол)
-Ду қошуқ решаи хушки кӯфташудаи ширинбияро гирифта, ним литр об ҳамроҳ намоед. Сипас баъди ҷӯшонидан 10 дақиқа дар оташи паст гузоред. Баъди як соати дам хӯрдан рӯзе се маротиба ним истаконӣ истеъмол намоед.
-Сангдони меъдаи хурӯсро хушк карда, кӯфта, ним қошуқчаи онро бо каме об бинӯшанд, исҳоли хунинро манъ мекунад.
-Ҳамарӯза хӯрдани 1,5 грамм кӯфтаи қаламфури гардан (гвоздика) давои шикамрав аст.
Сахтшавии дарун (қабзият)
-Як қошуқ решаи хушки қоқуро дар зарфи сирноке гирифта, ба болояш 200 милилитр оби ҷӯш резед ва сарпӯши онро маҳкам карда, дар оби ҷӯш нигоҳ доред. Сипас тайи 45 дақиқа гузоред, то хунук шавад. Баъдан онро аз дока гузаронида, сеяки истакон рӯзе се маротиба 15 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед.
Варами рӯда (колит)
-10 грамм баргу пояи коснӣ (цикорий)-ро ба як истакон шири гарм андохта, як соат дам диҳед. Давои ҳосилшударо 50 граммӣ рӯзе 4 маротиба истеъмол кунед. Барои тақвияти даво метавонед ним қошуқча асал ҳамроҳ намоед.
-10 грамм донаи биҳиро ба як литр об андохта, аз 10 соат то якшабонарӯз дам диҳед. Ним истаконї рӯзе се чор маротиба истеъмол намоед.
-Рӯзе то як кило себ хӯрдан барои илтиҳоби рӯда кӯмак мерасонад. Барои пурқувват шудани даво себро аз турбтарошак гузаронида, ба он мувофиқи табъ асал ҳамроҳ намоед.
-6-7 дона анҷири андозаашон миёнаро дар як истакон шир андохта ҷӯшонед. Ин нӯшобаи гуворо барои илтиҳоби рӯда , бронхит ва дигар бемориҳои роҳи нафас муфид аст.
-Як дона лаблабуро гирифта, шарбаташро афшурда, ба он 100 грамм равғани зайтун ҳамроҳ кунед. Ин нушобаро дили бенаҳор истеъмол кунед. Баъди ним соат як истакон об нӯшед. Муддати муолиҷа як ҳафта. Дар ин муддат бештар шавлаи марҷумон (гречка) ва сулӣ (овёс) истеъмол кунед. Ин даво барои касоне, ки гирифтори бемориҳои гурда мебошанд, тавсия дода мешавад.
Додихудои Ҷомӣ, гиёҳшинос.