Ғадуди зери меъда яке аз узвҳои муҳимтарини системаи ҳозима ба шумор меравад. Нишонаҳои беморшавии ғадуди зери меъда инҳоянд: дилбеҳузуршавӣ баъди истеъмоли ғизо, эҳсоси дард дар паҳлўи чап, қайкунӣ, сахтшавии дарун ва дамиш андохтани шикам (бод).
Дар баробари табобати асосӣ истифода аз гиёҳҳо низ ба бемор сабукӣ бахшида, раванди шифоёбиро метезонад.
— 50 грамм решаи майдакардаи қоқуро ба чойник андохта, аз болояш якуним истакон оби ҷўш резед. Чойникро гарм печонда, ду соат дам диҳед. Давои мазкурро ним истаконӣ пеш аз наҳорӣ, нимрўзӣ ва қабл аз ғизои шом истеъмол кунед. Мўҳлати табобат 10 рўз.
— 20 грамм гули бобунаро ба зарфе андохта, як истакон оби ҷўш резеду 10 дақиқа дар оташи паст ҷўшонед. Сипас баробари он оби ҷўш резеду 10 дақиқа дар оташи паст ҷўшонед. Сипас баробари он оби ҷўш ҳамроҳ сохта, 15 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 14 рўз.
— Як қошуқча ғозичой (бессмертник)-ро ба як истакон оби ҷўш андохта, 10 дақиқа дам диҳед. Ним истаконӣ рўзе ду маротиба пеш аз ғизо онро истеъмол кунед. Муҳлати табобат 2-3 ҳафта. Ғозичой дар муолиҷаи панкреатит таъсири қавӣ дошта, барои талха низ муфид аст.
— Ду қошуқ гули ҳамешабаҳор (календула)-ро дар ним литр оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Сипас аз дока гузаронида, дар давоми рўз 50 милилитрӣ пеш аз ғизо истеъмол намоед. Муҳлати табобат 7-10 рўз.
Қиёми гули ҳамешабаҳор дарди паҳлўи чапро таскин мебахшад.
— Як қошуқча пудинаро дар ним литр об андохта, давоми 15 дақиқа ҷўшонед. Рўзе се маротиба ним истаконӣ 15 дақиқа пеш аз ғизо онро нўши ҷон кунед. Пудина хосияти арақронӣ ва пешобронӣ дорад. Инчунин хосияти зардаронӣ дошта, ба ғадуди зери меъда таъсири мусбат мерасонад.
— Ду қошуқ гиёҳи бўимодарон (тысячелистник)-ро ба 2 литр оби ҷўш андохта, болои зарфро 8 соат маҳкам пўшонед. Сипас аз дока гузаронида, рўзе ду маротиба ним истаконӣ пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 10 рўз.
— Як қошуқ тахач (горькая полынь) — ро ба як истакон оби ҷўш андохта, 5 дақиқа ҷўшонед. Рўзе се маротиба 2 қошуқӣ пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати табобат 2 ҳафта.
— Як қошуқӣ пудина, бобуна, гули ҳамешабаҳор, решаи лух (аир) ва нардсунбул (валериана)- ро якҷоя кунед.
Сипас аз он як қошуқ гирифта, ба якуним истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Даворо субҳу шом баъди ғизо истеъмол кунед.
— 300 грамм сирпиёз, як кило лиму, як бандча ҷаъфарӣ (петрушка)-ро аз гўштқиммакунак гузаронида, ба бонка андозеду ба яхдон гузоред. Рўзе се маротиба 15 дақиқа пеш аз хўрок як қошуқчаӣ аз ин даво истеъмол кунед.
— Ним қошуқӣ пудина, решаи лух ва сесанбар (чабрец)- ро ба як литр шир андохта, дар оташи паст ҷўшонед. Вақте дар зарф якуним истакон шир монд, аз болои оташ гиред. Аз ин даво баъди ҳар як соат як қошуқӣ истеъмол кунед. Он барои илтиҳоби ғадуди зери меъда муфид аст.
— Як қошуқ барги зуф (подорожник) — ро ба 250 милилитр оби ҷўш андохта, як соат дам диҳед. Баъди полонидан давои мазкурро пеш аз ғизо 50 милилитрӣ истеъмол кунед.
— Ҳар рўз ним истакон шарбати тару тозаи картошкаро ним соат пеш аз ғизо истеъмол намоед. Баъди 5-6 дақиқа як истакон кефир бихўред. Муҳлати табобат 14 рўз.
Баъди 10 рўзи истироҳат метавонед муолиҷаро такрор намоед. Шарбати картошкаро дарҳол бинўшед, зеро баъди 10 дақиқа вай хусусияти табобатиашро гум мекунад.
— Як қошуқча чойкаҳак (зверобой)- ро дар як истакон оби ҷўш андохта, 1-2 дақиқа ҷўшонед. Сипас болои зарфро гарм печонда, ним соат дам диҳед. Даворо ним истаконӣ рўзе се маротиба пеш аз ғизо истеъмол кунед.
— Як қошуқчаӣ росан (девясил) ва сапали шутур (мать-и мачеха)-ро ба як истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Даворо дар давоми рўз кам-кам бинўшед. Муҳлати муолиҷа як моҳ. Ин даво барои таскин додани дард хеле муфид аст.
— Истеъмоли шарбати тару тозаи лаблабу, чойи кабуд ва чойи настаран (хулул, хуч) низ дарди зери қабурғаи чапро таскин медиҳад.
— Барои гирифторони панкреатит истеъмоли лўбиё муфид аст.
-Чойи пўпаки ҷўворӣ низ давои панкреатит мебошад.
— Як қошуқӣ чойкаҳак, бобуна, думи шер, нозбў (мелисса) решаи росан (девясил) ва пудинаро гирифта, омехта кунед. Аз он як қошуқашро дар як истакон оби ҷўш андозед. Сипас 15 дақиқа болои гармӣ монед. Баъди аз дока гузаронидан дар давоми рўз як- ду қултӣ то охир бинўшед.
— Шарбати тару тозаи сабр (алоэ)- ро як қошуқӣ бо асал бинўшед. Пеш аз буридани барги сабр онро ду ҳафта об надиҳед. Истеъмоли шарбати сабр дар давраи шиддатёбии панкреатит манъ аст.
— Як қошуқӣ чойкаҳак, пудина ва думи шерро омехта карда, аз он ду қошуқашро ба ним литр оби ҷўш резед. Баъди 40 дақиқа гарм ҷўшонида, дам додан аз дока гузаронида, ним истаконӣ рўзе се маротиба пеш аз ғизо истеъмол кунед.
— Якуним қошуқ бўимодарон, як қошуқча гули ҳамешабаҳор ва ду қошуқ пудинаро бо ҳам омехта кунед. Ду қошуқ аз он гирифта, ба 2 истакон оби ҷўш ҳамроҳ созед. Баъди 15 дақиқа дар оташи паст ҷўшонида, як соат дам диҳед. Даворо ду тақсим карда, нисфашро ним соат пеш аз наҳорӣ ва нисфи дигарашро пеш аз ғизои нисфирўзӣ истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа ду моҳ.
— Беморонро лозим аст, ки аз истеъмоли нўшокиҳои спиртдор, бирёнӣ, серравған, сахт ва тунд (тез) худдорӣ намоянд.
Тағоймурод НИЗОМОВ, гиёҳшинос, деҳаи Заргарони
шаҳри Ҳисор .