Зуком дар ҳама фаслҳои сол дучор мешавад, вале дар фасли зимистон бештар авҷ мегирад. Онро бемории бехавфу сабук пиндоштан ғалат аст. Зуком бемории сироятӣ буда, ҳангоми риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ба дигар аъзои оила мегузарад. Барангезандаи зуком вирус буда, табобати бемор бо антибиотикҳо нафъ намерасонад. Доруҳои зиддивирусиро бошад, танҳо бо тавсияи духтур истеъмол бояд кард.
— Бо мақсди пешгирии зуком қабл аз баромадан ба кўча ба сўрохиҳои бинӣ марҳам (мазь)-и оксолин ва ё виферонӣ бимолед. Аз ашхосе, ки атса мезананду месулфанд, канортар истед.
— Ҳангоме ки ба атсазанӣ сер кардед, биниятонро бо намакоб чайқонед. Инчунин, баъди ҳар 2 соат ба даҳонатон маҳлули пошандаи сиёҳдонагии «Антиковид-19» пошед. Ин авҷгирии зукомро бозмедорад.
— Нўшидани чой бо лимуву асал, тамашк (малина), бобуна (ромашка), настаран (хулул, хуч) низ муфид буда, дарди гулўи аз шамолкашӣ ё зуком пайдошавандаро пешгирӣ менамояд.
— Авҷгирии зуком ва заифшавии масуният (иммунитет) бо ҳам вобастагӣ доранд. Аз ин рў, афлесун, карам, қаламфур, пиёз ва сирпиёзро, ки витамини С доранд, бештар истеъмол бояд кард. Истеъмоли моҳӣ, творог, тухм, равғани растанӣ, кефир, ҷурғот ва меваю сабзавот низ ба мустаҳкамшавии масуният кӯмак мерасонад.
— Дастҳоро пеш аз ғизохўрӣ ҳатман шўед. Олимон муайян кардаанд, ки агар рўзона дастон 5 маротиба шуста шаванд, хатари гирифторӣ ба зуком ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас 80 дарсад пешгирӣ мешавад.
— Ба чойи настаранӣ баъди ширгарм шуданаш каме асал ҳамроҳ намуда, бинўшед. Ин чой воситаи хуби пешгирии зуком маҳсуб меёбад.
— 15 грамм решаи гули хайриро реза намуда, дар ним литр оби хунук як шабонарўз дам диҳед. Сипас рўзе 4-5 маротиба як қошуқчаӣ аз он (гарм карда) бинўшед.
— Турби сиёҳро шуста, чоркунҷа пора намоед. Баъдан, онро ба дегча монда, шакар резед ва ду соат дар «танўрчаи барқӣ» (духовка) гузоред. Сипас маҳлули тайёршударо соф ва хунук карда, ба бонка резед. Онро дар ҷои салқин нигоҳ доред. Давои мазкур барои сулфаи хушк, ки зимни гирифторӣ ба зуком азият медиҳад, муфид аст. Онро ба қошуқи гарм рехта, рўзе 4-5 маротиба (ширгарм) истеъмол намоед.
— 5-6 дона сирпиёз (чеснок)- ро тоза карда, майда кўфта, бо як истакон шир биёмезед. Сипас онро дар оташи паст ҷўшонед. Баъди хунук (ширгарм) шудан онро дар давоми рўз як қошуқӣ истеъмол намоед.
— Турби сиёҳро шуста, тунук пора намоеду аз болояш шакар резед. Пас аз 6 соат турб об ҷудо мекунад. Онро ҳар соат як қошуқӣ нўшидан мумкин аст. Давои мазкур барои кўдакон тавсия шудааст.
— Шарбати 2 дона лиму ва 100 грамм асалро бо 3 истакон оби ҷўшонида омехта намуда бинўшед.
— Ҳангоми гирифтори тимоғ шудан рўзе ба бинӣ 5-6 маротиба якчанд чакра оби лимуро чаконидан муфид аст.
— Барои рафъи сулфа шарбати лиму, хокаи набот ва асалро ба миқдори баробар омехта намуда, сипас дар оташи паст то ба ҳолати якхела омадан бипазед. Давои мазкурро ҳангоми сулфа рўзе ба миқдори ду қошуқӣ истеъмол кунед.
— Бо мақсади пешгирии зуком ва шамолхўрӣ 1-2 донача сирпиёзро майда реза карда, фурў баред. Нўшидани пудиначой ва ё истеъмоли себ баъди сирпиёз бўи онро дур месозад. Ё даҳонро бо шарбати лиму чайқонед.
— Истеъмоли пиёзи реза ва лиму (бо пўсташ) низ муфид аст.
— Турбро аз турбтарошак гузаронида, ба он асал ҳамроҳ кунед ва дар дока нигоҳ доред. Ҳар рўз аз ин даво ду қошуқӣ истеъмол намудан давои шамолхўрӣ ва сулфа аст.
— Бо мақсади аз бадан рондани моддаҳои заҳролудсози организм ба бемор ба миқдори зиёд моеъ, афлесун, шарбати афлесун, олуча, ҷўшобаҳои аз бобуна ва настаран тайёршуда бидиҳед.
— Дар хона каме дуд намудани ҳазориспанд низ ёрӣ мерасонад.
— Марҳами ситорачаро ба ним пиёла об дар наздикии бемор мондан ҳам фоида дорад.
— Ҳангоми гирифтори зуком шудан даҳонро бо маҳлулҳои гуногуни тамизсоз- фуратсилин ва ё маҳлули содаи истеъмолӣ, оби намакдор обгардон кунед.
— Шохчаи қоти сиёҳ (чёрная смородина) — ро майда реза карда, ду қошуқи онро дар чор истакон об ҷўшонед. Сипас болояшро гарм пўшонда, ё ба термос андохта 4 соат дам диҳед. Онро шабона ду истакон бо каме ҳамроҳ кардани асал ё набот гармогарм бинўшед. Ду шаб паиҳам истеъмол намудани давои мазкур ҳолати шахси гирифтори зукомро беҳ мегардонад.
— Ҳангоми маълум шудани нишонаҳои аввали зуком пиёзи калонеро реза карда, каме бўй кашед. Ин амалро рўзе 3-4 маротиба такрор намоед.
— Як қошуқ тамашк (малина)-и хушкшударо ба як истакон оби ҷўш андохта, 20 дақиқа дам диҳед. Рўзе ду бор гармогарм аз ин даво бинўшед. Агар тамашки хушк набошад, мураббои он низ манфиат мебахшад.
— Як қошуқ тамашки хушк, ду қошуқ барги сапали шутур (мать и мачеха), ду қошуқ кокутӣ (душица) ва ду қошуқ барги тамашкро якҷоя намоед. Як қошуқ аз ин давои омехтаро гиреду дар ду истакон оби ҷўш 5-10 дақиқа (дар оташи паст) ҷўшонед. Рўзе ним истаконӣ 3- 4 маротиба аз ин даво гармогарм нўшидан ба бемор дармон мебахшад.
— Ба ҷўроби ғафс хардал (горчица) -и хушк рехта, пўшеду аз болояш ҷўроби тунуктар пўшед. Бо он ду се рўз гардед.
— Агар тимоғ азият диҳад, ба сўрохиҳои бинӣ сеқатрагӣ шарбати сабр (алоэ, столетник) чаконед.
— Якчанд дона сирпиёзро аз турбтарошак гузаронида, баробари ҳаҷми он асал омехта кунед. Пеш аз хоб як қошуқи онро истеъмол намуда, аз болояш оби ширгарм бинўшед.
— Як қошуқ талхявшон (тахач, дарманаи румӣ, полынь горькая) — ро дар ним литр оби ҷўш дам карда, рўзе се маротиба як қошуқчаӣ бинўшед. Ба хотири талх буданаш баъди истеъмоли ин даво як қошуқча асал истеъмол намоед.
— Агар сулфа зиёда аз як ҳафта давом кунад, ҳарорати бемор давоми се рўз аз 38 дараҷа баланд шавад, нафастангӣ ва дарди қафаси сина эҳсос шавад, ранги балғам сабзча ё хунолуд бошад, фавран ба духтур муроҷиат кунед.
— Дуруст табобат накардани зуком метавонад боиси гирифторӣ ба илтиҳоби шуш, гайморит, илтиҳоби гўш (отит), бронхит, сактаи дил, заъфи гурда ва дигар бемориҳо шавад.
Ҳотам Саломов, (Доктор Хуморӣ), гиёҳшинос,
шаҳраки Лучоб.