• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Гиёҳдаромонии пӯст

от user
в Бемориҳои пӯст
0

Имрўзҳо бо фаро расидани фасли гармо — тобистон бемориҳои пўст авҷ мегиранд. Ин бемориҳо аллергия, витилиго, псориаз ва ғайра мебошанд, ки  касро дар фасли гармо азият медиҳанд. Аз ин сабаб мо тасмим гирифтем, ки дар шумораи навбатии маҷаллаи «Даво» дар бораи бемориҳои пўст ва роҳҳои табобати халқии он барои шумо маълумот диҳем, то Шумо тавонед аз ин маълумотҳо истифода намуда, пўсти худро солим нигоҳ доред.

Муолиҷаи бемориҳои пўст.

— 20 г барги зуф, 30 г сиркои ангурӣ ва 50 г асалро омехта карда, 48 соат дар торикӣ нигоҳ доранд. Ин малҳами тайёршударо ба ҳафт намуди бемории пўст: шукуфаи пуст, норифосӣ, носур (яраи чуқур), захмҳои гуногун, ширинча, намаш ва намал моланд, даво мебошад.

— Равғани ангат (облепиха) ва гиёҳи шимокро ба ҳам омехта намуда, малҳами онро ба бемориҳои шукуфа, хоришак, ширинча, чиртак ва пучакҳо моланд, фоидабахш аст. Ин малҳамро инчунин метавонанд барои захмҳои гуногун низ истифода баранд.

Сафедшавии пўст (витилиго)

— Агар сиёҳдона ва оксиди мисро бо ҳам омехта намуда, бо сирко ду шабонарўз тар намоянд, ба бемориҳои сафедии пуст (витилиго) малҳам кунанд, шифо меёбанд. (Агар беморӣ дар марҳилаи аввал бошад).

— Барги мурд, тухми гули хайрии сафед ва 20 грамм чоқларо дар 100 грамм сирко тар намуда, ба сафедии пўст малҳам кунанд, фоидабахш аст.

-Решаи растании савсанро кўфта, бо асал хамир сохта бимоланд, доғи сафеди пўст ва песиро дар муддати шаш моҳ рафъ мекунад.

Аллергия

-Гиёҳи пудинаро чой дам карда, ба хориши бадан малҳам кунанд, шифобахш аст.

-Решаи буғамро орд карда, ба қадри донаи нахўд нимсеру нимгурусна, даҳ рўз якборӣ истеъмол намоянд, он барои хориши сафроӣ муфид аст.

— Агар хориш аз ҳисоби паразитҳои лямблӣ ва астритса бошад, бояд, ки ба табибон муроҷиат карда, ба воситаи парҳез, дарзмол кардани такпуш ва матоъҳои ҷои хоб, инчунин истифодаи гиёҳҳои тахач, буғма, санои маккӣ, пудина ва ғайра табобат гиранд.

Саглес (обила)

Аслан давои бемории саглес ин парҳез аз шириниҳо, донагиҳо, тезӣ, шурӣ, бирёнӣ ва чарбӣ мебошад.

— Агар сабзмозуро (гиёҳи ҳиндӣ, дар дорухонаҳо мефурўшанд) бо сирко ду шабонарўз тар намуда, бо доғи кунҷитак ва сиёҳии пуст малҳам кунанд, онҳоро нест мекунад.

— Тухми пиёзро кўбида, бо равғани зайтун ва сирко омехта, барои доғҳои сиёҳ ва кунҷитак малҳам кунанад, даво аст.

— Бо оби ҳар як қисми растании савсан рўйро бишўянд, доғи кунҷитакро рафъ менамояд.

— Агар решаи растании чиноракро кўфта, ба рўй бимоланд, қўтур, донача, обилаҳо, озахҳои мехшакл ва ғадудҳои овезонро қатъ мекунад.

— Барг ва шохи тари растании чиноракро кўфта, бо равғанҳо, хамир сохта гузошта банданд, қўтури одамӣ ва ҳайвонотро шифо мебахшад, доғи пес ва сефедии нохунҳоро рафъ мекунад; озахҳои гуногунро мерезонад.

— Кунҷитро кўфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пўсти баданро мулоим мекунад, доғҳои сиёҳ, нақши кабуди холкўбиро рафъ мекунад.

Саидшарифов Шарифҷон, гиёҳшинос.

Табобати аллергия бо дорухати Ванга

— Як қошуқ гули бобунаи доругиро (ромашка) дар як стакан оби ҷўш рехта, 20-30 дақиқа дам андозед. Онро дар як рўз 2-4 маротиба истеъмол намоед.

— Ҳангоми шиддат гирифтани аллергия аз чанги растаниҳо тавсия дода мешавад, ки гулўятонро бо обе, ки дар он шираи гиёҳҳои оромкунанда-газнаи сагак (пустырник) ва настаран (валериана) омехта шудааст, чайқонед.

— Як қошуқ шираи гиёҳи момиронро дар ду стакан оби ҷўш ба муддати 4 соат дам диҳед.  Нимстаканӣ аз он субҳу шом нўшед.

— 10 г пудинаро дар ним стакан оби ҷўш 20-30 дақиқа дам диҳед. Рўзе як қошуқӣ се маротиба истеъмол намоед.

— Решаи қоқу ва мушхорро ба вазни баробар гирифта, майда кунед ва омехта созед. Аз ин таркиб ду қошуқ гирифта, ба се стакан об ҳамроҳ намоед ва як шабонарўз дам диҳед. Субҳ 10 дақиқа ҷўшонед ва даҳ дақиқаи дигар дам диҳед. Рўзе 5 маротиба нимстаканӣ пеш аз таом ва шаб истеъмол намоед.

— Ду қошуқ барги алафи газна (крапива)-ро бо ду стакан оби ҷўш омехта кунед ва ду соат гузоред. Рўзе нимстаконӣ 4 маротиба пеш аз таом истеъмол намоед.

-Шарбати решаи тару тозаи карафсро рўзе 1- 2 қошуқча се маротиба ним соат пеш аз таом истеъмол намоед.

 

 

Мақолаи гузашта

7 маслиҳат ба аллергикҳо

Мақолаи навбатӣ

Ниқобҳои ҳуснбахш.

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ниқобҳои ҳуснбахш.

Ниқобҳои ҳуснбахш.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ