ЧАШМ НОЗУК АСТ, БОЯД ОНРО ҲАМАВАҚТ ЭҲТИЁТ КАРД
Чашм яке аз узвҳои асосии инсон аст. Кадом омилҳо боиси пайдо шудани бемориҳои чашм мегарданд? Оё маводи ороишӣ, аз ҷумла, мижгонҳои сохта, ки бонувон истифода мебаранд, таъсири манфӣ ба чашм мерасонад? Имрӯз зиндагонии инсон бидуни телевизор, компютер, телефон, планшет ва дигар дастгоҳҳо тасаввурнопазир аст. Аз ҳамин сабаб, ҳамчун духтури чашм Шумо дар истифодаи ин техникаҳо чӣ тавсияҳо медиҳед? Нақши Маркази тиббии Шифо дар ташхис, табобат ва пешгирии оризаҳои чашм чист? Ба ин ва дигар саволҳо бо Фирӯза Баҳромӣ, духтури чашми Маркази тиббии Шифо суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагони доимии маҷаллаи “Даво” мегардонем.
— Ба ақидаи профессорони тиб, 80 — 90 фоизи маълумоти атрофро инсон бо чашм қабул мекунад. Ҳамчун мутахассиси соҳа мегуфтед, ки кадом роҳҳо метавонанд, ки чашмро аз ҳар гуна оризаҳо ҳифз кунанд?
— Бале, иттилооти асосиро мағзи сар тавассути чашмҳо қабул мекунанд. Бинобар ин биноишро бояд сахт эҳтиёт кунем ва барои зиёд кардани он кӯшиш кунем. Пеш аз ҳама ғизоҳои сервитаминро истифода бурдан даркор аст. Аз истифодабарии барзиёди гаджетҳо худдорӣ карда, дар ҳавои тоза сайру гаштро зиёд кардан лозим аст. Инсонро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат чашмони хешро аз таъсири ҳар гуна зарбаҳо эҳтиёт кунад.
— Зиёду кам шудани нури чашм аз чӣ вобастагӣ дорад?
— Сабаби асосии пастшавии биноиш ин сабабҳои генетикӣ (авлодӣ), сину сол, осебҳо ва бемориҳои гуногун мебошад. Омилҳои зиёде, ба монандӣ уфунати қарния, пайдоиши омосҳо дар кураи чашм, баланд ё пастшавии фишори чашм, пайдоиши оби марворид (катаракта), камхобӣ ва асабонӣ шудан, ба каму зиёд шудани нури чашм мусоидат мекунад. Инчунин, истифодаи телефону компютер ва кор бо маводҳои кимиёвӣ таъсир мерасонад.
— Сӯзиш ва сурхшавии чашмро чӣ меноманд ва муолиҷаи он чӣ гуна аст?
— Сабабҳои зиёде, ба монандӣ фишорбаландии чашмҳо, бемориҳои инфексионӣ, аллергикӣ, хушкии қарния, блефарит, конюктивит, склерит, кератити бактериявӣ, вирусӣ, осебӣ вуҷуд дорад, ки сурхшавӣ ва сӯзиши чашмро ба миён меорад. Муоилиҷаи он вобаста ба илтиҳобёбии қабатҳои курраи чашм аст. Бинобар ин ҳангоми сурхшавӣ албатта ба табибони чашм муроҷиат намуда, ташхиси пурраро сари вақт гузаштан даркор аст, то ин ки оризаҳои бемориҳо инкишоф наёбанд.
— Сабаби хушкшавии оби чашм дар чист?
— Дар замони муосир бисёр истифода бурдани телефонҳои мобилӣ, компютерҳо, планшетҳо кори чашмони моро афзудааст. Ҳангоми чизеро бодиққат хондан ё тамошо кардан инсон мижазаниашро камтар мекунад ва ин сабаби асосии хушкшавии қарния мегардад, ки бемор инро ҳамчун сӯзиш, сурхшавӣ, нороҳатӣ ва дар баъзе ҳолатҳо паст шудани биноишро низ ҳис менамояд. Ин ҳолатҳоро бо истифода бурдани қатраҳое, ки таркибашон ба ашки чашмон монанд аст, метавонем табобат ва бартараф кунем.
— Омили асосии бемориҳои чашм кадоманд?
— Сабабҳо гуногун ҳастанд. Аммо, аслан гирифтори бемории чашм дар инсон модарзодӣ, риоя накардани гигиенаи босира, инфексияҳо, осебҳо ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ, ба монанди компютер, телевизор, телефонҳои мобилӣ мебошанд. Ҳатто, никоҳи хешутаборӣ ҳам метавонанд, ки ба бемории чашм сабаб гарданд.
— Мушоҳида мешавад, ки бештари гирифторони бемории чашм ҷавонон ҳастанд. Воқеият асосӣ чист?
— Дуруст, аммо дар ин байн калонсолон ҳам кам нестанд. Пайдо шудани бемориҳои чашм дар миёни ҷавонону наврасон ин нодуруст истифода бурдани технологияи нав, аз ҷумла телевизор, телефон ва компютер мебошад. Имрӯз мо дар асри технологияҳои нав, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзои номусоиди экологӣ зиндагӣ дорем. Албатта, ҳамаи ин ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Вале бештари табобат ва барқарор намудани бемориҳои чашм аз худи инсон вобаста аст. Дар ҳақиқатан ҳам ҷавонон пастшавии биноишро зиёдтар ҳис менамояд, зеро ҳангоми хондан дар мактабу донишгоҳ ё донишкадаҳо ба онҳо биноиши баланд лозим аст ва кам шудани биноишро онҳо дар муқоиса бо ҳамсинфон ё ҳамкурсонашон мефаҳманд ва хушбахтона ҷавонони мо вақтҳои охир аз пӯшидани айнакҳо барои ислоҳ намудани биноиши паст дасткашӣ намекунанд. Боз ба худашон айнакҳои замонавӣ, зебо интихоб карда истифода мебаранд. Зеро истифодабарии айнакҳо метавонад бисёр аз оризаҳои биноиши пастро бартараф кунанд.
— Оё маводи ороишӣ, аз ҷумла, мижгонҳои сохта, ки бонувон истифода мебаранд, таъсири манфӣ ба чашм мерасонад?
— Албатта, бетаъсир намемонад. Дар баъзе беморон ҳангоми истифода бурдан аз мижгонҳои сунъӣ реаксияҳои аллергикӣ дида мешавад, ки ба варамнокӣ, сурхшавӣ, рӯшноитарсӣ ва дарднокии чашмон ва пилкҳо меорад, пеш аз ҳама реаксияи аллергикӣ ба ширеше, ки мижгонҳои сунъиро мечаспонад ба он баназар мерасад. Бисёр занҳои мо барои зебоии худ аз мижгонҳои сохта истифода мебаранд, ки зараровар аст. Дар ин ҳолатҳо табобати саривақта имконият метияд, ки ин шикоятҳо бартараф шаванд.
— Имрӯз зиндагонии инсон бидуни телевизор, компютер, телефон, планшет ва дигар дастгоҳҳо тасаввурнопазир аст. Аз ҳамин сабаб, ҳамчун духтури чашм Шумо дар истифодаи ин техникаҳо чӣ тавсияҳо медиҳед?
— Бо пешрафти илму фанноварӣ теъдоди корбарони ин дастгоҳҳо дар ҳоли афзудан аст. Духтурони чашм дар ин сурат тавсия медиҳанд, ки бояд беш аз пеш мувозиби чашмони худ буд ва фосилаи нишастан пеши компютер, телефон ва телевизорро риоят кард. Фосилаи байни чашмон ва телевизор ба андозаи экрани он вобаста аст. Бар асоси меъёрҳои чашмпизишкӣ шахс ҳангоми тамошои телевизор бояд аз 1,5 то 3,5 метр дуртар аз он биншинад. Ҳангоми истифода бурдани компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, планшетҳо бояд пеш аз ҳама қоидаи 20:20:20-ро фаромӯш накунем, яъне ҳар 20 дақиқа истифода бурдани гаджетҳо бояд 20 сония ба масофаи 20 фут (6 метр) нигоҳамонро гузаронем ва чашмонамон дар муддати ин 20 сония дам мегиранд. Сабаб ин аст, ки ҳангоми кор бо компютер ва ё истифода аз телефону планшет чашми инсон соатҳо ба як нуқта нигоҳ мекунад ва дар натиҷа дастгоҳи ҳаракатдиҳандаи чашм соатҳо аз ҳаракат бозмемонад. Истифодаи аз ҳад зиёди компютер ва телефону планшет на танҳо барои чашмон, балки барои рӯҳу равон ва асаби инсон, бахусус кӯдакон, зиёновар аст. Бояд хонае, ки мо дар он кор мекунем рӯшноияш кифоя бошад ва ҳавояш бояд, ки тез-тез тоза шавад.
— Дар маркази Шумо барои табобати бемориҳои чашм шароит фароҳам аст?
— Албатта, дар замони соҳибистиқлолӣ дар Маркази тиббии Шифо барои табобати бемориҳои чашм тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуд. Аввалин шуда дар Тоҷикистон ҷарроҳиҳои нодири замонавии чашмонро ҳамчун: ҷарроҳии катаракта бо усули факоэмулсификатсия бо мондани линзаҳои интраокулярӣ, ҷарроҳии коррексияи лазерии бо усули LASIK барои ислоҳ намудани ҳолатҳои дурбинӣ (гиперметропия), наздикбинӣ (миопия), астигматизмро ба роҳ мондааст, ки дар байни зиёда аз 20 соли фаолияти марказ чандин беморон шифо ёфтанд. Дар марказ шӯъбаи ташхис, озмоишгоҳ, шӯъбаи ҷарроҳӣ ва статсионар фаъолият мекунанд, ки барои гузаронидани ҷарроҳиҳои нодир дар сатҳи олӣ кафолат медиҳад.
— Ба маркази Шумо аз хориҷи кишвар табибон барои табобати чашм меоянд?
— Дар Маркази тиббии Шифо духтурони чашм аз Россия даъват мешаванд ва ба беморон машварат ва ҷарроҳӣ мегузаронанд.
— Ҳамчун мутахассис барои солим нигоҳ доштани чашм чӣ тавсия медиҳед?
— Ҳамчун мутахассис тавсия медиҳам, ки барои муҳофизати чашм дар ҷойҳои лозимӣ аз истифодаи айнакҳои махсуси муҳофизаткунанда истифода баранд. Ба нафароне, ки пайваста бо компютер кор мекунанд, маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми кор бо компютер ҳар як нафар бояд аз айнакҳои махсус истифода барад, то нурҳои электромагнитие, ки аз компютер пош мехӯранд, ба чашми онҳо зарари худро нарасонанд. Масалан мардоне, ки дар сохтмон ба ҳайси ҷӯшкор кор мекунанд ва занҳои дӯзанда бояд аз айнакҳои махсус истифода баранд. Ҳамчунин дар ҳавои номусоид, ки ба чашм нури офтоби сӯзон ва барфи зиёд таъсир мерасонад, аз айнакҳои махсус истифода кардан бамаврид аст. Риояи дурусти истифодаи дастгоҳҳои фаннӣ, тарзи дурусти истеъмоли ғизо ҳатмӣ мебошад. Истифодаи тамоку, шароб ва маводи нашъаовар низ ба нури чашм таъсири манфӣ мерасонад. Пеш аз ҳама барои нигоҳ доштани чашмон ва пешгирии бемориҳои чашм ҳатман ҳар сол як ё ду маротиба аз ташхиси духтури чашм гузаштан даркор. Таҷҳизотҳои замонавие, ки мо ҳоло онҳоро истифода мебарем, бисёр бемориҳоро ҳангоми саршавиашон нишон медиҳанд. Кӯдаконе, ки ҳоло аз паст будани биноиш худашон шикоят карда наметавонанд, онҳо низ ҳар сол як маротиба бояд аз ташхиси духтури чашм гузаранд.
Мусоҳиб Шервони Умриддин
“Даво”




