
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустиро дар шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои нави Маркази ташхисию табобатии хусусии Салоҳиддин аз 5 ошёна иборат буда, бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Машҳура Ҳайдарова бунёд шудааст. Дар Маркази нави ташхисӣ 35 мутахассиси соҳа ба кор таъмин гардиданд.
Ҳамзамон Маркази офиятбахшӣ ва солимгардонии Хушвахт низ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хушбахт Бафоев сохта шудааст, ки бо се ошёна дорои 8 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз мебошад. Дар иншооти мазкур 15 нафар бо кор таъмин гардиданд.



