
Ташриф ба кошонаи сулҳ барои занҳо амри муқаррарист, зеро зебоӣ нигоҳубини доимӣ тақозо дорад. Аммо на ҳамаи онҳо аз ҳолате воқифанд, ки “синдроми сактаи майна дар кошонаи ҳусн” ном дошта, метавонад саршӯии муқаррариро ба ҳодисаи барои ҳаёт хатарнок табдил диҳад, менависад The Conversation.
Ин аломотро бори нахуст соли 1993 асабшиноси амрикоӣ Майкл Вайнтрауб кашф намуд. Ӯ муқаррар кард, ки дар баъзе мизоҷон баъди дар кошонаи ҳусн сар шустан нишонаҳои сактаи майна пайдо мешавад.
Сактаи майна аз якбора кам шудани ҷараёни хун ба майна, маъмулан аз суддабандии рагҳо ё кандашавии шараён сар мезанад. Дар мавриди аломоти сактаи майна дар кошонаи ҳусн ҳолати ноқулайи гардану сар сабаб мешавад, яъне вақте мизоҷ барои шустани мӯй сарашро дар дастшуяк қафо мепартояд. Дар ин ҳолат лаби дастшӯяк метавонад ба муҳраҳои гардан ва рагҳои хунгузар, ки майнаро бо хун таъмин мекунанд, фишор орад. Ин метавонад ба нуқс ё тазъиқи рагҳо оварда, маҷрои хунро боздорад. Натиҷа — сактаи майна!
Тибқи тадқиқот синдроми мазкур аксаран дар занҳои аз 50 боло, махсусан нафарони рагҳояшон тангшуда ё артрити бахши гардани сутунмуҳра сар мезанад. Лекин ин ҳолат метавонад дар ҳар зан, сарфи назар аз сол ё вазъи саломатӣ рӯй диҳад.
Нишонаҳои ин аломот: дарди сар, сарчархӣ ва дилбеҷоӣ, халали биноӣ, дарди гардан ва фалаҷи яктарафа. Аломатҳои мазкур якбора зуҳур намекунанд, ки ин ташхисро душвор мегардонад.
Бино ба тавсияи олимон, барои дар кошонаи ҳусн сактаи майна нашудан аз машшота хоҳиш кунед, ки саратонро ба қафо не, ба пеш хам кунонда мӯятонро шӯяд.
Таҳияи ГУЛПАРӢ



