
Дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ Маркази ташхису табобати «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд.
Иншооти нави тандурустӣ аз шуъбаи қабул, ташхис, таҳлил, ҷарроҳӣ ва эҳё иборат буда, дар он ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, асаб, амрози даруна, амрози занона ва дигар намуди бемориҳо ба роҳ монда шудааст. Дар марказ 32 ҷои нави корӣ таъсис ёфтааст, ки каси баландихтисоси дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсилнамуда барои хизматрасонӣ ҷалб шудаанд.
Дар маҷмуъ Маркази ташхису табобатии «Шифобахши Аср» дар шаҳри Бохтар аз 14 ҳуҷраи кории ташхисӣ ва 5 ҳуҷра барои бистарикунонӣ иборат мебошад.
Иншооти нави тиббӣ дар доираи дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Насим Мирпочозода мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Дар иншооти нави тандурустӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ аз Чин, Ҷопон, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Нидерландия ворид гардида, ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизмат расонида мешавад.
Ҳоло намояндагиҳои ҶДММ Маркази ташхису табобатии «Шифобахши Аср» дар 10 шаҳру ноҳияи кишвар ба муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави таълимӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таҳсил аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Қурбоналӣ Қаҳҳоров сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои таълимӣ ба соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ ва бунёди чунин иншооти замонавӣ изҳори сипос намуданд.
Дар муассиса 53 синфхона, аз ҷумла 16 синфхонаи лексионӣ ва 4 синфхонаи омӯзиши малакаҳои амалӣ фаъолият менамояд. Омӯзиш аз рӯйи 7 самт ва 9 ихтисос, аз ҷумла момодоягӣ, ҳамширагӣ, фармасевтӣ, дандонсозӣ, табобати дандон ва тиббию ташхисӣ ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки қабули донишҷӯён пас аз хатми синфҳои 9 ва 11 тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад.
Иншоот дорои хобгоҳ барои 120 нафар, ошхона бо 250 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо зиёда аз 15 ҳазор маводи таълимӣ ва китобхонаи умумӣ бо 12 ҳазор нусха китоб мебошад.
Дар муассиса 215 кас бо кор таъмин шуданд, ки аз ин шумора 48 мутахассиси соҳаи тиб, 35 корманди техникӣ ва 132 омӯзгори соҳибтаҷриба мебошанд.
Ҳоло дар Коллеҷи тиббии инноватсионӣ 3500 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 2410 кас духтарон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Қаҳҳоров дар шаҳри Бохтар боз як қатор корҳои дигари ободонию созандагӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, ӯ дар чароғон кардани 5 кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Бохтар дар масофаи зиёда аз 15 километр ва рангубори зебои биноҳои он иштироки фаъол доштааст.
Пас аз ба истифода додани бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсионӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бинои иловагии таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии хусусии Даворо ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дорои шароиту имкониятҳои зарурии таълимӣ буда, бо таҷҳизот ва воситаҳои аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, аз ҷониби ҶДММ «Рушди Хатлон» бунёд шудааст.
Шумораи умумии кормандони Коллеҷи тиббӣ 166 касро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 138 омӯзгор ва 28 корманди техникӣ мебошанд.
Хобгоҳи муассиса дорои 160 ҷойи хоб мебошад.Дар ин муассиса 2500 донишҷӯ дар ду баст таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 1500 касаш духтарон мебошанд.
Бунёди ду муассисаи муосири таълимии тиббӣ дар шаҳри Бохтар барои ҷалби бештари духтарон аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар ба таҳсил заминаи мусоид фароҳам меорад.



