• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ҳидояти модар ва панди устод

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Имрӯз Расул Асоев бо вуҷуди ҷавонӣ аз чеҳраҳои шинохтаи урологияи тоҷик аст, ба хусус дар эндоурология. Ба ҳар чизе, ки дар касб дарёфту расид, аз шафоати дуои модар медонаду сабақҳои устодаш. Қиссаи ҷолиби табибшавияшро шунида, беихтиёр аз дил гузарондам: “фарзанди меҳрубону қобил будаст”.

Ҳангоми мактабхонии Расул боре модараш иқрори аҷибе мекунад. Ҳар бори бо зарурати рӯзгор аз назди донишгоҳи тиббӣ гузаштан ба донишҷӯёни сафедпӯш бо ҳавас нигариста, бо умед дар дил мегуфтааст: “Худоё, маро ҳам ба рӯзе расон, ки ягон фарзандам духтур шаваду беморонро даво карда, дуои неки мардумро гирад”. Он рӯз модарашро ба оғӯш кашида, “ба хости дилатон ман ҳатман духтур мешавам!”- мегӯяд.

Вақте Расул чанд сол пас мактаби миёнаро хатм намуд, бо дуои модар муҳассили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мешавад. Ин соли 2008 буд. Таҳсил барояш мушкиле пеш наовард, зеро дар умқи қалб худ низ ба ҳамин касб шавқ дошт ва ҳидояти модар ба он болу пар бахшид.

Баъди анҷоми таҳсил Расул, ки ҳанӯз дар курси чорум бо таҷҳизоти эндоурологӣ корбарӣ намудан писандаш омаду ҳамин тахассусро пазируфта буд, озими шаҳри Алмаато шуд.

Соли 2015 дар яке аз беҳтарин муассисаҳои тиббии он — Маркази илмии урологии ба номи Б.У. Ҷарбусинов ба резидентура аз рӯйи тахассуси “Урология ва андрология, аз ҷумла кӯдакона” шомил гашт. Ин ҷо низ бахташ тофту шогирдии яке аз чеҳраҳои шинохтаи урология, доктори илми тиб, профессор Малеҳ Муҳаммад Ориф насибаш гашт. Воқеан ҳам доктор Ориф аз шахсияти тобноки тибби на танҳо Қазоқистон маҳсуб меёбад. Ӯ наздики 20000 ҷарроҳӣ анҷом дода, ки тибқи баҳои ҳамтоёнаш ҳар кадоме нодир аст. Муаллифи беш аз 400 асари илмӣ, дорандаи ҷоизаи бонуфузи “Теғи тиллоӣ”, узви асссосиатсияи Аврупоӣ ва Умумиҷаҳонии урологҳо, олими пешгоми соҳаи эндоурологияи Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Чуноне Расул бо эҳтироми самимӣ мегӯяд, “аз рӯзҳои аввали шиносоӣ устод на танҳо бо дониши амиқ, касбияти воло, ҳамчунин бо хоксорию хайрхоҳӣ ва маслиҳатҳои падарона мо ҷавононро шефта карданду мекӯшидем, ҳар сухану тавсияашонро дар гӯш сурб кунем”. Бино ба нақлаш, аксар вақти устодаш дар ҷарроҳихона мегузарад, зеро теъдоди маризоне басо зиёд аст, ки мехоҳанд маҳз оғои Ориф ҷарроҳияшон намояд. Ва бо меҳр хулоса мекунад: — Дар ташаккули ман ҳамчун эндоуролог устод Ориф нақши бузург доранд. Он кас доим таъкидам мекарданд: “Расул, ҳамеша навҷӯ бош, ҳамеша омӯз!” Ифтихор дорам, ки шогирди чунин инсони шариф ва ҷарроҳи номдор ҳастам.

Пас аз се соли таҳсил дар резидентура эндоурологи ҷавон боз се сол дар Алмаато монда, дар Маркази илмии урология кор мекунад — ҳамкасби номдортарин эндоурологҳо шуда. Он беҳтарин мактаби камолоти касбӣ буд барояш, — чуноне худ таъкид мекунад.

Соли 2021 ба Душанбе баргашта, мутахассиси ҷавон ба сафи кормандони Маркази тиббии “Шифо” мепайвандад ва аз соли 2023 то инҷониб эндоурологи Маркази тиббии “Диамед” мебошад. Дар касб чунон тавон ёфта, ки дар ҷумла намуди ҷарроҳии урологӣ “дасти сабук дорад”.

Расул Асоев бо ҳамкасбонаш бемориҳои низоми пешоброн: шошароҳ, санги пешобдон, омосу носури гурдаҳо, тангшавии роҳи пешобро ҷарроҳӣ ва даво мекунанд. Ба гуфташ, дар ин миён ҷарроҳии аденомаи безиёни ғадуди простата бештар аст. Ва ташреҳ медиҳад, ки усули эндоскопӣ то 90 дарсади ҷарроҳиҳоро бидуни чок кардан анҷом медиҳад, ки ҷараёни онро тавассути видеокамера назорат мебаранд. Бемор ҳам азияти сахт намекашад ва баъди ҷарроҳӣ се — чор рӯз назорат карда, ҷавобаш медиҳанд.

Мусоҳибам бо қаноатмандӣ изҳор медорад, ки эндоурологияи тоҷик дар авҷи таҳаввулот буда, дар панҷ соли охир кулли таҷҳизоти ҷарроҳӣ, аз асбобҳои лазерӣ то дастгоҳҳои эндовидеоӣ такмили инноватсионӣ ёфтанд. Ин ҳамаро эндоуролог дар сурате корбаст карда метавонад, ки дониши техникияшро низ пайваста такмил диҳад. Расул инро шарти ҳатмӣ медонад, зеро сухан аз ҳаёти бемор меравад ва табиб ҳаққи хато надорад.

Расул Асоев дар баробари ҷарроҳӣ ва табобати муттасили маризон ба ҷанбаи илмии фаъолияташ низ мутаваҷҷеҳ аст, зеро мехоҳад, ки дар илм низ шогирди арзандаи устодаш бошад. Аллакай муаллиф ва ҳаммуаллифи даҳ мақолаи илмӣ буда, дар чаҳор конфронси илмӣ маърӯза кардааст. Қадамҳои умедбахши нахустинаш боиси таҳсинанд.

Бешак, эндоурологияи тоҷикро пешомад накӯст, зеро имрӯзу фардои онро дар ҳамдастӣ бо табибони номдор соҳибистеъдодҳои ҷавон, аз қабили Расул Асоев ташаккул медиҳанд.

Х. ҶОВИД, “Даво

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

2026-Соли ривоҷи саноати дорусозӣ бошад

Мақолаи навбатӣ

Ифтитоҳи 3 иншооти соҳаи тандурустӣ дар Хатлон

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ифтитоҳи 3 иншооти соҳаи тандурустӣ дар Хатлон

Ифтитоҳи 3 иншооти соҳаи тандурустӣ дар Хатлон

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ