
7-уми июл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ беморхонаи нави минтақавиро мавриди истифода қарор доданд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6 воқеъ дар деҳаи Далёни Боло ба истифода дода шуд.
Беморхонаи минтақавӣ дар ноҳияи Айнӣ дорои 18 ҳуҷраи корию муолиҷавӣ ва 20 кати табобатӣ мебошад. Бо ба фаъолият оғоз намудани ин муассиса сокинони деҳаи Такфон минбаъд метавонанд барои гирифтани хизматрасонии тиббӣ аз имкониятҳои мавҷуда дар маҳалли зисти худ истифода баранд. Дар беморхонаи нав 20 мутахассиси соҳибмаълумот ва ҷавони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Боло бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва мутобиқ ба талаботи муосири соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.
Муассисаи тиббии нав дорои 4 шуъба ва 40 кати хоб буда, барои табибон ва кормандони соҳаи тиб шароити зарурии корӣ, ташхис ва табобат муҳайё гардидааст. Беморхона бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои сабти барқии дил, нафасдиҳии сунъӣ, ташхиси ултрасадо, безараргардонӣ, ҳуҷраи хатна ва маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ таъмин мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави тиббӣ 30 табиби соҳибтахассус соҳиби ҷойи кор гардиданд. Беморхонаи мазкур барои 14 ҳазору 384 сокини деҳаҳои Далёни Боло, Обиборик, Қалъачаи Арбоб ва Навобод имконият фароҳам меорад, ки аз хизматрасонии босифати тиббӣ баҳраманд гарданд.
Зимни ифтитоҳи муассисаҳои нави тиббӣ таъкид гардид, ки ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони тиб, истифодаи усулҳои нави ташхису табобат бо такя ба технологияҳои муосир ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ аз вазифаҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо муассисаҳои нави тиббӣ бо табибон ва кормандони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба фаъолияти масъулона ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ ҳидоят намуданд.
Ба истифода додани чунин муассисаҳои замонавии тандурустӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдасти кишвар, барои баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.



