• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Инсоф баракати кор афзояд

от user
в Фарматсевтика
0

Нозим Ибронов гарчанде ҷавон аст, аллакай дорухонаи хусусӣ дорад ва мардуми гирду атроф барои хариди дору аввал остонаи дорухонаи вайро зер мекунанд. Ҳарчанд сари роҳашон чунин нуқтаҳои фурўш кам нест. Чаро? Ин суол моро назди ин фармасевти ҷавон овард.

-Апаҷон, ба ин саволатон, ростӣ, намедонам, чӣ гӯям. Шояд барояшон маҳз ба ҳамин дорухона омадан қулай бошад. Ё ин ки ҳама доруҳои даркорияшонро аз мо дарёфт менамоянд, ки дилпур ҳамин тараф роҳ мегиранд. Мумкин тарзи муносибату муомила ё худ нархҳои дастраси давоҳо писандашон омадаст, — магар чунин саволро интизор набуд, ки бо оҳанги хиҷолат гуфт Нозим.

— То ҷое медонам, падаратон солиёни зиёд мудири дорухона буданд. Ҳамин тавр?

— Бале. Қиблагоҳам Мадикром Ибронов тӯли 35 сол дар маҳаллаи маъруфи пойтахт бо номи “Шаҳраки ҳарбиён” дар дивизияи 201 — уми Федератсияи Русия чун мудири дорухона кор карданду айни ҳол нафақахӯр ҳастанд.

— Шумо, касби падарро накўтарин мерос шумурда, идомадеҳи корашон шудед.

— Танҳо ман бо ин роҳ нарафтаам. Апаҳою бародаронам низ дар ҳамин самт фаъолият намуда истодаанд. Дар фармасевт шуданам нақши модари азизам низ калон аст. Чӣ тавр?

Дар наздикии хонаи мо мактаби №91 воқеъ буд, ки бародарону хоҳаронам дар он таҳсил мекарданд. Гумон доштам, ки ба синни мактабӣ расам, дар ҳамин ҷо мехонам. Аммо модарам маро ғайричашмдошт ба мактаби №78, ки русӣ буд, монданд. Пас аз хатми синфи 9 дар бахши русии факултаи фармасевтии Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ чор сол таҳсил намудам. Аллакай аз курси дуюм дар дорухонаи “Гарант” аввал якуним сол таҷрибаомӯз, сипас ду соли дигар кор карда, нозукиҳои касби фарматсевтиро омӯхтам.

Баъди коллеҷ бошад, ду соли дигар дар дорухонаи “Осон Фарма”кор намудам. Имсол бисёр нек омад: дорухонаи худро кушодам. Шукр, ки рафти кор бад нест, харидорон зиёд шуда истодаанд.

— Аз назари Шумо, барои дорухонадори хуб шудан кадом сифатҳо муҳиманд? Дар муддати на он қадар тўлонии кори мустақилона дар ин хусус ба чӣ хулосаҳо омадед?

— Муҳимтарин шарт дониши хуб доштан. Танҳо дар ҳамин сурат шахс ба таркибу гурӯҳҳои доруҳои муосир сарфаҳм меравад, зеро аз камдонишӣ доруеро нодуруст ё хато додан метавонад, ки ҳаёти беморро зери хатар гузорад. Дар замони рушди босуръати фармасевтика, ки қариб ҳар рӯз доруҳои нав ихтироъ ва истеҳсол карда мешаванд, пайваста аз навигариҳои соҳа маълумот ҷустану доштан муҳим аст.

Ду шарти дигар ҳам ҳаст. Аввал ин ки банди нафс нашуда, доруҳоро қиммат нафурӯхтан. Дар ҳама кор эътидолу инсофро бояд риоя кард, ки баракат афзояд. Ҳамчунин, ҳамеша муомилаи хуб доштан бо корафтодаҳо.

— Бе дорухат ҳам савдо мекунед?

— Фақат доруҳои таскиндиҳандаи дардро. Доруи дарди сарро бисёр мепурсанд. Медиҳам, лекин ба ҳар ҳол тавсия медиҳам, ки ҳатто ҳамин доруи дар назари аввал безарарро ҳам бо маслиҳати табиб истеъмол намоянд, чунки сабаби дарди сар гуногун буда метавонад ва худи дардро табобат бояд кард, на аломаташро.

— Аз кадом ширкатҳо дору мегиред? Агар ба қавле “сирри тиҷоратӣ” набошад, мегуфтед, ки нархи ниҳоии онҳоро чӣ тавр мегузоред?

— Аз сабаби он ки дорухонаи мо дар “Шаҳраки ҳарбиён” ҷойгир аст, 60-70 фоизи мизоҷон мардуми русзабон буда, аксарияташон аҳли оилаи низомиёни дивизияи 201 мебошанд. Аз ин хотир, мо кӯшиш мекунем, ки бештари доруҳоро аз Русия ворид намоем. Инчунин, бо ширкатҳои фармасевтии “Дӯстӣ Фарма”, ”Даво”, “Навсол”, “Осон Фарма”, “Бест Фарма” ва “Муҳаммад А” ҳамкории хуб дорем. Дар мавриди нархи доруҳо бошад, мо ҳамагӣ 5 фоиз илова мекунем.

— Доруҳои муҳлати истифодаашон каммонда ё гузаштаро чӣ кор мекунед?

— Агар муҳлати онҳо 1-2 моҳ монда бошад, ба ниёзмандон ё беморхонаҳо ройгон медиҳем. Доруҳои муҳлаташон гузаштаро тибқи қоида бо тартиб додани санад ба намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупорем.

— Нигоҳдории доруворӣ аз масъалаҳои муҳими дорухонадорист, зеро ҳар дору тибқи хусусияташ бояд дар шароити махсус нигоҳ дошта шавад. Таъмини ин душвор нест?

— Шумо дуруст қайд кардед, ки ҳар дору тартиби хоси ҷойгиронӣ ва нигоҳдорӣ дорад. Бо назардошти ҳамин дар дорухона ва анбори он бояд ҳарорат, намнокӣ, хушкӣ, рӯшноӣ ва торикии муайян таъмин карда шавад. Дар дорухонаи “Элита” тамоми таҷҳизоти зарурӣ корбаст шудааст, то ки сифати доруҳо халал наёбад. Чун мо тавассути фурӯши дору бо саломатии одамон сарукор дорем, дараҷаи масъулияти ин корро хуб дарк мекунем.

Мусоҳиб

Мадинаи ДАВЛАТ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Қалбатонро доимо эҳтиёт кунед

Мақолаи навбатӣ

«Ба ояндаи кафедра дилпурам»

user

user

Мақолаи навбатӣ
«Ба ояндаи кафедра дилпурам»

"Ба ояндаи кафедра дилпурам"

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Истиқлолияти доруворӣ: низоми мушаххаси ҳамоҳангсозӣ лозим

Истиқлолияти доруворӣ: низоми мушаххаси ҳамоҳангсозӣ лозим

23.07.2026
Эволюция научной мысли в наследствии Абуали Ибн Сино

Эволюция научной мысли в наследствии Абуали Ибн Сино

23.07.2026
Дар Душанбе Мактаби минтақавии ТУТ ифтитоҳ шуд

Дар Душанбе Мактаби минтақавии ТУТ ифтитоҳ шуд

22.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ