• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

«Ба ояндаи кафедра дилпурам»

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 62 кафедра амал мекунад, аз ҷумла 36 клиникӣ, 18 тибби назариявӣ ва 8 маълумоти умумӣ. Номзади илми тиб, дотсент, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис ҶУРАЕВА, ки мудири кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб мебошад, ба “Даво” аз таърихи таъсис ва фаъолияти феълии он мухтасар ҳикоят кард.

— Моҳи феврали соли 1942, пас аз се соли таъсиси Донишкадаи тиббии Сталинобод (имрӯз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) кафедраи ташкили нигаҳдории тандурустӣ ба фаъолият оғоз кард, ки нахустин сарваронаш дотсентҳо А.С. Раевский ва Б.М. Лядский (то майи соли 1952) буданд. Соли 1954 доктори илми тиб, профессор Ё.Т. Тоҷиев мудири он таъин мегардад. Дар марҳилаи аввал вазифаи асосии кафедра роҳандозии раванди таълим ва таҳияи маводҳои методӣ буд. Бо сабабҳои маълум мушкилтарин давра барои донишгоҳ ва кафедраи мо низ солҳои 90-ум маҳсуб меёбанд, яъне давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ. Дар ин солҳо аз нав барқарор сохтани ҳайати омӯзгорон ва неруи илмии кафедра пеш омад, ки дар ин марҳилаи душвор доктори илмҳои тиб, профессор А.К. Анваров мудирӣ мекард. Ӯ мактаби хуби ташкилотчиёни тандурустиро ба миён овард ва баъдан шогирдонаш номзадҳои илми тиб Б.З. Насриддинова ва И.А. Филипущенко кори ӯро идома доданд. Аз соли 2010 доктори илми тиб С.Р. Раҷабзода сарварии кафедраро ба зимма дошт, аз соли 2018 инҷониб бо ин кор банда машғулам.

— Табдили ном кардани кафедраи ташкили нигаҳдории тандурустӣ чӣ дигаргуниҳо ба миён овард?

— Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60 — ум дар байни олимони соҳаи беҳдошти иҷтимоӣ дар масъалаи номи кафедра баҳсу мунозира мерафт. Гурӯҳе ҷонибдори номи пешинаи «Ташкили нигаҳдории тандурустӣ» буду гурӯҳи дигар бошад, ҷонибдори барқарор намудани беҳдошти иҷтимоӣ ҳамчун илму фанни таълимӣ ва зикри он дар номи кафедра. Дар натиҷа соли 1969 “Кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва нигаҳдории тандурустӣ” ном гирифт. Зеро он бо омузиши масоили солимии ҷомеа, пешгирии бемориҳо ва дар маҷмуъ бо ташкили нигаҳдории тандурустӣ машғул аст.

Агар фанҳои клиникӣ саломатии бемори алоҳидаро баррасӣ кунанд, дар меҳвари фанни мо солимии аҳолӣ дар маҷмуъ қарор дорад. Аз ҳамин хотир дертар ба он номи “Солимии ҷомеа ва нигаҳдории тандурустӣ” дода шуд. Дар ҷараёни таълим мо ба муҳассилин аз соҳаҳои гуногун аз қабили тибби клиникӣ, ҷомеашиносӣ, демография, эпидемиология, иқтисод, омор, менеҷмент ва ғайра дониш медиҳем. Бинобар ҳамин фанни мо фақат дар курсҳои болоӣ, вақте донишҷӯён аллакай заминаи дарку фаҳмиши онро доранд, дарс дода мешавад. Ҳамчунин магистратура аз руи ихтисоси “Солимии ҷомеа ва тандурустӣ” амал мекунад. Магистратура доштани кафедра аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки ғайр аз тайёр кардани кадрҳои маҳаллӣ дар он магистрҳо аз кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд.

— Кафедраи Шуморо мактаби кадрҳои роҳбарӣ ҳам меноманд. Наргисбону, лутфан ҳаминро каме шарҳ диҳед.

— Фанҳоеро, ки мо дарс медиҳем, натанҳо донишҷӯён дар сатҳи тодипломӣ, балки бояд ҳама духтурон ва махсусан роҳбарони сохторҳои тандурустӣ омӯзанд. Аз соли 2015 баъди дар сохтори донишгоҳи тиббӣ таъсис додани Маркази омӯзиши баъдидипломӣ дар кафедра курси такмили ихтисос (КТИ) оид ба масъалаҳои сиёсат, менеҷмент, иқтисод ва низоми идоракунии иттилоотии тандурустӣ барои роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва ташкилотчиёни тандурустӣ ташкил карда шуд. Аз ин рӯ, таълими боз як фанни нави “Идораи тандурустӣ” давоми мантиқии ҳамин тадбирҳо гардид. Алҳол он барои донишҷуёни хориҷӣ мебошад, пас аз як-ду сол онро донишҷӯёни факултаи тиббӣ-профилактикӣ низ хоҳанд омӯхт. Яъне кафедра бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ барои муассисаҳои тиббӣ ҳарчӣ бештару беҳтар кадрҳои муосири роҳбарӣ тарбият мекунад.

— Акнун чанд сухан аз имрўзи кафедра мегуфтед.

— Ҳоло дар кафедра 16 корманди асосӣ машғули фаъолиятанд, ки аксарият ҷавонанд. Дар ин миён як доктору ду номзади илми тиб ҳаст. Яъне кафедра дар марҳилаи нави ташаккул қарор дорад ва мо бояд кормандони ҷавонамонро тарбия карда, фаъолияти илмияшонро тақвият дода, то дараҷаи омӯзгори баландихтисосу педагоги варзида расонем. Мушкил дар он, ки дар соҳаи мо мутахассис кам аст.

— Шояд як сабабаш он бошад, ки ҳоло аксарият писарону духтарон духтури дандон, фармасевт, ҷарроҳ, уролог, осебшинос… шудан мехоҳанду танҳо дар навбати охир нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ба хотир меояд.

— Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Бешак, хатмкардаҳои донишгоҳ ба тибби амалӣ рафтанро афзал медонанд. Ба қадру қимати фанни мо шогирдонамон пас аз чанд соли кор мерасанд, вақте дарки аҳамияти таҳлили самараи кори худ, ташкили дурусти фаъолияти муассиса, татбиқи ислоҳот дар низоми тандурустӣ ва ғайра меояд. Вақте собиқ донишҷӯёнамон, ки аллакай дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунанд, ҳангоми вохурӣ барои дар кафедра дониши хуб андухтанашон изҳори сипос мекунанд, ҳисси ифтихор ҳам аз кафедра ва ҳам аз чунин шогирдони муваффақ фаро мегирад. Зимнан, дар донишгоҳ факултаи тиббӣ-профилактикӣ (қаблан факултаи тандурустии ҷамъиятӣ) фаъолият дорад, ки дастпарварони он пас аз хатми магистратура дар кафедраи мо кор мекунанд.

— Агар аз Шумо хоҳиш кунам, ки имрўз дар кафедра киҳоро аз ҷумлаи беҳтаринҳо метавон хонд, пеш аз ҳама, номи киҳоро ба забон меоред?

— Номзади илми тиб, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Исмоил Комиловро, ки беш аз 20 сол дар кафедраамон заҳмат мекашад ва аз беҳтарин устоди кормандони ҷавон аст. Дар мо ҳатто нафароне ҳастанд, ки аз солҳои 90-ум инҷониб кор мекунанд: омӯзгорони калон Дилдора Маҳмудова, Нигора Нуриддинова ва Гулнора Комилова. Онҳо беҳтарин намунаи садоқат ба касб, ба кафедра мебошанд. Кормандони ҷавонамон Зулфия Исроилова ва Сайёра Саидова айни замон бо омодасозии рисолаи номзадӣ машғуланд. Ба таври алоҳида доктори илми тиб, профессор Салоҳиддин Раҷабзодаро зикр карданиям, ки соле чанд мудирии кафедраро ба зимма дошта, ҳоло ҳам ба ҳамкасбони ҷавон раҳнамост.

Имрӯз ҳайати кафедра асосан аз ҷавонон иборат буда, онҳо пайваста ба такмили тахассус ниёз доранд ва дар доираи барномаҳои донишгоҳ ба хориҷа низ мераванд. Дилпурам, ки 5-6 сол нагузашта, кафедра ба тими тавонои илмию педагогӣ табдил меёбад.

— Бигзор ин таманно ҳарчи тезтар ба воқеият табдил ёбад. Муваффақ бошед!

Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,

“Даво

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Инсоф баракати кор афзояд

Мақолаи навбатӣ

12 хусусияти шифобахшии мумиё 

user

user

Мақолаи навбатӣ
12 хусусияти шифобахшии мумиё 

12 хусусияти шифобахшии мумиё 

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи тиббӣ ба рейтинги «THE Asia University Rankings 2026» ворид шуд 

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи тиббӣ ба рейтинги «THE Asia University Rankings 2026» ворид шуд 

24.07.2026
Истиқлолияти доруворӣ: низоми мушаххаси ҳамоҳангсозӣ лозим

Истиқлолияти доруворӣ: низоми мушаххаси ҳамоҳангсозӣ лозим

23.07.2026
Эволюция научной мысли в наследствии Абуали Ибн Сино

Эволюция научной мысли в наследствии Абуали Ибн Сино

23.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ