• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Калом ҳам силоҳи давост

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Чуноне як тасодуф метавонад масири зиндагиро куллан тағйир диҳад, вохўрӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ман ва 11 ҷавони шаҳри Исфараро ба шаҳри Душанбе, ба шаҳри орзуву ормонҳо боз намуд, — мегўяд Бежани Суғдиён ва он рўзҳои фараҳбахшу хотирмонро ба ёд меорад.

— Соли 2017 Сарвари давлат бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд ва бо мардуми сарбаланди он суҳбати самимӣ анҷом доданд. Маро низ дар қатори баромадкунандаҳо дидори Ҷаноби олӣ насиб кард. Ҳангоми дар осоишгоҳи “Зумрад” будан ба роҳбарияти он супориш доданд, ки бахшида ба “Соли ҷавонон” ман ва 11 ҷавони дигарро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино фиристанд. Ҳамин тавр, бо ҳидояту дастгирияшон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро соли 2023 сарбаландона хатм намудам.

Бежан дар оилаи олим, шоир ва рӯзноманигор зода шудааст. Аз хурдӣ ба эҷод шавқу рағбати беандоза дошт ва ҳамин аст, ки замони таҳсил дар литсейи рақами 3-и шаҳри Исфара узви фаъоли маҳфили “Суханварон”-и назди қасри фарҳанг буд. Борҳо дар озмуну сабқатҳои эҷодӣ ширкат варзида, шаҳди пирӯзӣ низ чашидааст. Аз ҷумла, ҳанӯз соли 2014 дар озмуни вилоятии “Ҷило” мақоми аввалро касб карда, соли 2016 дар машварати ҷумҳуриявии “Адибони ҷавон”-и назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз шумори пешсафон буд. Ба худ тахаллуси Суғдиёнро интихоб карда, бо ин ном дар рӯзномаву маҷаллаҳои давр маҳсули қаламашро тез-тез мунташир мекард.

Имрӯз ӯ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номиАбӯалӣ Ибни Сино ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо ҷавонон фаъолият менамояд. Ҳамзамон, дар ординатураи Донишкадаи таҳсилоти баъди-дипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, бо ихтисоси “асабшинос” таҳсилро идома медиҳад.

— Замони таҳсил дар донишгоҳ, дар телевизиони “Сафина” ровии барномаи “Субҳ ба хайр Тоҷикистон” будам. Маҳз ҳамин таҷриба имкон дод, ки соли 2020 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шавам. Ҳоло дар баробари кору таҳсил, ба таҳияи маҷмӯаи ашъорам таҳти унвони “Сафинаи умед” банд ҳастам ва боварӣ дорам, ки ин туҳфаи хоксоронаи банда ба ҷашни 35-солагии соҳибистиқлолии кишвари азизам хоҳад шуд, — иброз медорад ҳамсуҳбатам Бежани Суғдиён.

Суҳбат кардан бо ҷавоне, ки ду соҳаро бо ҳам тавъам кардааст, аҷиб аст. Вақте ӯ дар бораи нозукиҳои соҳаи тиб шево ҳарф мезанад, гумон мекунӣ, ки дар риштаи суханшиносӣ таҳсил карда бошад.

— Барои табиби асабшинос муҳим аст, ки асаби мустаҳкам дош-та, сабур бошаду таҳаммулпазир. Дар ҳама ҳолат тамкинро нигоҳ дорад ва беморро низ таскин дода тавонад. Чӣ хеле мегӯянд, табиб бояд ҳадди ақал панҷоҳ дарсад бемори худро бо сухан табобат карда тавонад. Ман низ кӯшиш мекунам, ки дар навбати аввал на бо дору, балки бо сухан муолиҷа намоям. Ба ӯ боварӣ бахшам, ки ҳатман шифо меёбад, -мегӯяд Бежани Суғдиён.

Мусоҳиби ҷавонам ният до-рад, ки пас аз хатми ординатура ба осоишгоҳи “Зумрад” баргашта, дар хизмати мардум бошад.

Амони МУҲАММАД, “Даво”

Мақолаи гузашта

7 факторов старения кожи

Мақолаи навбатӣ

Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон

user

user

Мақолаи навбатӣ
Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон

Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Озмоишгоҳи миллӣ-беҳтарин роҳи рушди озмоишгоҳӣ

Озмоишгоҳи миллӣ-беҳтарин роҳи рушди озмоишгоҳӣ

28.08.2026
В Индии родился мальчик с четырьмя руками и ногами

В Индии родился мальчик с четырьмя руками и ногами

27.08.2026
Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон

26.08.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ