Сабзавот ҳадяи беҳтарини табиат барои инсон мебошад. Дар он тамоми моддаҳо мавҷуд буда, каллорияи зиёд надоранд. Сабзавот аз карбогидратҳо, витаминҳо, микроэлементҳо, моддаҳои маъданӣ ва аз ҳама асосиаш, аз нахҳои ғизоӣ бой мебошанд. Онҳоро парастори бадан меноманд, ки тамоми чизҳои нодаркор ва бофтаҳои зарароварро аз бадан ронда, барои микроорганизмҳои фоидаовар беҳтарин муҳити зистро муҳайё месозанд.
Дар таркиби сабзавот, маъмулан миқдори зиёди равғанҳои эфирӣ мавҷуд аст. Маҳз бо ҳамин сабаб сабзавот хушбў мешаванд. Сабзавот хосияти аз ҷисми инсон рафъ сохтани ҳар гуна зардобҳоро дошта, фаъолияти талха ва ғадуди зери меъдаро мураттаб мегардонанд.
Ҳар як сабзавот аз рўйи таркиб ва хосиятҳои шифоияш нодиру нотакрор аст. Инсон барои он ки худро солиму бардаму тавоно ҳис кунад, зарур аст, ки ҳар рўз бо ғизо ҳазор гуна моддаҳои фоидабахш истеъмол намояд. Вале ҳеҷ сабзавот ва ё мевае нест, ки дар таркибаш ин қадар модда дошта бошад, бинобар ин мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки агар якчанд намуди сабзавотро бо ҳам омезанд, каму беш ба ин меъёр наздик шудан мумкин аст. Хушбахтона, табиати Тоҷикистон ба мо ҳама шароитҳоро муҳайё сохтааст, то тавонем тамоми фаслҳои сол аз сабзавоти тару тоза хўришҳои гуногун тайёр намоем.
Карам дорои витамини С буда, ба организм эҳсоси сершавӣ ато мекунад. Дар он моддаҳое ҳастанд, ки раванди мубодиларо беҳтар менамоянд. Аз ин рў, парҳезшиносон маслиҳат медиҳанд, ки дар ғизои нисфирўзию шом аз хўриши карамӣ бештар истифода баранд. Дар карами намакхобонидашуда миқдори витамини С аз карами тару тоза дида бештар аст.
Сабзӣ бо зиёд доштани витамини А машҳур аст. Витамини А нури чашмро зиёд намуда, барои солимии пўст ва пардаҳои луобӣ хеле зарур аст. Бета-каротини таркиби сабзӣ ҳангоми буғпаз кардан беҳтар ба ҷисм ҷаббида мешавад. Ҳамчун хўриш бо илова намудани равған истеъмол кардани сабзӣ низ манфиати зиёд дорад.
Тухм дар таркибаш витамини Д, миқдори калони витаминҳои Е, А ва ҳар гуна микромоддаҳо дорад. Манбаи асосии витамини Д дар зардии тухм аст. Аз ин рў, аз холестерини тухм ҳаросидан лозим нест, чунки дар таркиби он летситин зиёд буда, ин модда атеросклерози рагҳоро пешгирӣ менамояд.
Кабудиҳо. Равғанҳои эфирии таркиби кабудиҳо як навъ антибиотике мебошанд, ки организмро аз шамолхўрӣ эмин нигоҳ медоранд. Аз ин рў, истеъмоли пиёзи сабзу ҷаъфарӣ баъди хўроки нисфирўзӣ ҳазми таомро осон мегардонад. Кабудиҳо фаъолияти талхаю ғадуди зери меъдаро беҳ месозанд.
Агар хўриши сабзавоту кабудиҳоро бо равғанҳои растанӣ, шираи лимў, тухм омезанд, хўришҳо боз ҳам хушмазза, хушнамуд ва иштиҳоовар мешаванд.
Хуриши сабзавотӣ
1 120 гр. карам, 80 гр. сабзӣ, ҷаъфарӣ, 1 қошуқ равғани растанӣ, шираи лимў. Карамро тоза карда, майда реза кунед, сабзиро аз турбтароши майдасўрох гузаронда, ҷаъфари ( петрушка)-и резашуда, шираи лимў ва равғанро ба он илова намуда, якҷоя намоед. Агар хоҳишу имкон бошад, асал низ илова кунед. Ба ҷойи лимў ва равған 4 қошуқ қиёми помидор (томатный сок) истифода шавад ҳам, боке надорад.
2 Сабзиро аз турбтарошак гузаронед. Помидор, бодиринг, пиёз, себ, қаламфури булғориро тоза шуста, чоркунҷа реза кунед. Чормағзро низ майда реза кунед. Ҳамаи ин маҳсулотро нағз омехта карда, ду қошуқча равғани офтобпараст ва кабудӣ илова намоед. Мувофиқи табъатон ба он намаки йоднок пошида, тухмро нағз ҷўшонида, майда реза карда, илова намоед.
Ин хуришҳо хушхўр буда, сарчашмаи витамин ва минералҳо мебошанд.
Таҳияи Мадина Давлатова



