• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Оризаҳои бемориҳои сироятӣ хатарноканд

от user
в Пешгирии бемориҳо
0

Тағйир ёфтани боду ҳаво ва ивазшавии фаслҳои сол ба саломатии инсон бетаъсир намонда, вобаста ба давраи сармо ва гармо бемориҳое мавҷуданд, ки ба паҳншавиашон вирусу бактерияҳо мусоидат менамоянд. Бемориҳои шадиди роҳҳои нафас аз ҷумлаи маризиҳое мебошанд, ки асосан, дар давраи сармо авҷ мегиранд.

Исматулло ҶУМЪАЕВ, табиби оилавии Маркази саломатии №1-и шаҳри Душанбе зимни суҳбат дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас андешаи худро чунин баён дошт:

— Омилҳои гирифтории одамон ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, одатан, тариқи нафаскашӣ сурат мегирад. Шахси бемор атса мезанад ё сулфа мекунад ва зарраҳои вирусдори луоб дар ҳаво паҳн мешаванд. Дар сурати риоя накардани чораҳои бехатарӣ, ба мисоли риояи тозагӣ нафарони дигар сироят ёфта, мубталои беморӣ мегарданд. Одамони калонсол бо риоя намудани гигиена камтар дучори беморӣ мегарданд, вале кӯдакон, бахусус кӯдакони то сесола бештар гирифтори бемориҳои шадиди роҳҳои нафас мешаванд.

— Асосан кадом омилњо боиси афзоиши ин гуна беморӣ мегарданд?

— Заифии системаи иммунии бадан, кам шуғл варзидан ба корҳои ҷисмонӣ ва доштани бемориҳои аллергиявӣ низ метавонад дар организми одам вирусро афзоиш диҳад. Бояд гуфт, ки давраи инкубатсионии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас одатан аз 1 то 3 рӯз буда, тавассути роҳи нафас ба организм роҳ меёбад. Бемор, одатан, на дертар аз 7 рӯз беҳбудиро дар худ эҳсос намуда, дар давоми 10 рӯз шифо меёбад. Шахси бемор давоми 2-3 рӯзи аввал метавонад ба атрофиён сироят кунад, баъдан фаъолияти вирус коҳиш меёбад.

— Кадом аломатҳои гирифторӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафасро номбар карда метавонед? Ҳамчунин воситаҳоеро, ки аз ин ҳолат тезтар раҳо мебахшанд.

— Беморро дар рӯзҳои аввали беморӣ бештар резиши оби бинӣ, гулӯдард, баландшавии ҳарорати бадан, дарди устухонҳо ва сулфа азият медиҳанд. Агар системаи масъуният суст набошад, қувваҳои муҳофизатии бадан мустақилона бо вирусҳо мубориза мебаранд.

Дар аксар ҳолат беморон ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки метавонад оқибатҳои нохуш орад.

Истифодаи доруворӣ бояд аз ҷониби духтур таъин карда шавад. Пӯшидани ниқоб ба одамони солим низ зарур аст. Тоза нигоҳ доштани хонаву ҷойи хоб, дастро бо собун шустан, хӯрокҳои серғизо хӯрдан ҳатмист.

Бояд гӯям, ки табобати хонагӣ, аз қабили нӯшидани оби зиёд, ғарғараи гулӯ бо намакобу фурасилин (барои дарди гулӯ) зарар намерасонад. Ҳавои ҳуҷраи бемор бояд зуд-зуд тоза карда шавад. Ҳангоми ҳаво додани хона бемор бояд ба ҳуҷраи дигар гузарад.

Ҳамчунин, ба бемор хӯрдани меваю сабзавоти гуногун тавсия дода мешавад. Ба ин васила ниёз ба истифодаи антибиотикҳо аз байн меравад ва зимнан бояд таъкид, кард, ки онҳо иммунитети баданро заиф мекунанд. Дар рафти беморӣ иштиҳои бемор баста мешавад. Дар ин ҳолат маҷбур додани хӯрокҳои аз витаминҳо бой иштиҳоро мекушоянду аҳволи бемор хубтар мегардад.

— Ҳолатҳое ҳам мешавад, ки беморӣ муддати дароз идома меёбад, яъне зиёда аз 7-10 рўз. Дар чунин мавридҳо чӣ бояд кард?

— Бале, аксаран дар заминаи дигар аломатҳо тангии нафас, табларзаи баланд, дарди шадиди гулӯ, сулфаи сахт беморро дуру дароз азият медиҳад. Дар ин ҳолат мебоист ба духтур муроҷиат намуд, зеро оризаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас хатарнок мебошанд. Бахусус, гирифторӣ ба бронхити шадид ва илтиҳоби шуш аз эҳтимол дур нест.

Паймонаи ҶОВИДОН,

махсус барои “Даво”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Касби падар — беҳтарин мерос

Мақолаи навбатӣ

Альгоменорея — что это такое?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Альгоменорея — что это такое?

Альгоменорея - что это такое?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ