• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Касби падар — беҳтарин мерос

от user
в Фарматсевтика
0

Шаҳло Қосимова миёни фармасевтҳои пойтахт аз чеҳраҳои шинохта буда, зиёда аз 15 сол инҷониб дорухонаи №55-ро дар назди Беморхонаи шаҳрии №1, мустақар дар маҳаллаи маъруф бо номи «Якум Советский» сарварӣ мекунад. Апаи Шаҳлоро дар ҷойи кор ҳангоми тибқи дорухат ба мизоҷе дору додан вохўрдам. Ў дорувориро ба халтаи селофанӣ андохта, ба ҷавонзан дароз намуд. Ҳангоми сўҳбат бо вай маълум гашт, ки фарзандаш ҷарроҳӣ шуда, дар беморхона бистарист ва ин дорувориро барои коҳиши шиддати дард фармудаанд. Бароям хушоянд буд мушоҳидаи он ки апаи Шаҳло барои шифои оҷили бемор даст ба дуо бардошт ва модар аз ин меҳрубонию хайрхоҳӣ гӯё неру гирифт, ки “раҳмат, апаҷон” гуфта, шитобон аз дорухона бадар рафт…

Чанд муддати дар дорухона будан дар аввал барои ба кораш халал нарасондан дар гушае нишастам, то бемалол ҳоҷати мизоҷонаш барорад. Дарёфтам, ки муомилаи хушу хайрхоҳонааш тасодуфӣ ё интихобӣ нест. Ў кўшиш мекард, ки ба њар корафтода доруи зарурияшро дастрас намояду ҳамчунин тарзи истифодабарияшро фаҳмонад. Мутаассифона, на дар ҳама дорухонаҳо чунин муносибатро дидан мумкин аст: аксар вақт бе ягон сухан доруро дода, пулро мегиранду ба шумо ҷавоб.

Апаи Шаҳло ба суоли ман зуд ҷавоб надоданд. Танҳо ба таври маънодорона табассум карданду фаҳмониданд, ки барои доруҳое, ки ў ба мизоҷон тавсия мекунад, миёни одамони сарватманду камбизоате, ки барои табобати шахси наздикашон меоянд, фарқе нест. Барои ў вазифаи аввалиндараҷаи дорухона – кумак намудан ба шахси табобатгиранда аст.

«Барои мардуми мо, ки миёнашон сарватманд зиёд нест, масъалаи нархи дору низ муҳим аст. Аз ин ру, мо бояд адлу инсофро фаромуш накунем. Шояд на ҳама огаҳ бошанд, ки аксари доруворӣ бо нархи гарон харидорӣ мешавад. Бо вуҷуди ин кўшиш менамоям, ки ба нарх ҳамагӣ 5-10 дарсад зам кунам. Ин ҳам ба нархи аслии ҳар кадоми он (қимат ё арзон буданаш) вобаста аст», мефаҳмонад қаҳрамони мо.

Зимни суҳбат маълум гашт, ки дорухонааш бо ширкатҳои хориҷӣ, аз қабили Veqapharm ва EXIR ҳамкорӣ дорад. Аз шарикони ватанӣ бошад, чанд сол боз бо ширкатҳои Вежа Фарма (Вежа Фармасевтикалс) ва «ТБШ» (Тиб барои шумо) ҳамкорӣ мекунад. Онҳо барояш дорувории камёфтро саривақт дастрас месозанд.

Шаҳло Қосимова зодаи шаҳри Ҳисор буда, қиблагоҳаш Абдухолиқ Қосимов дар водии Ҳисор шахси машҳур аст. Чунки дар даврони шўравӣ дорухонаи ветеринариро сарварӣ ва чорвои хоҷагиҳои давлативу инфиродиро табобат мекард. Баъди Истиқлолияти кишвар дорухонаи хусусӣ кушод ва синнаш аз 80 гузашта бошад ҳам, ба касби хеш содиқ монда.

«Мо ҳама аҳли оила кормандони соҳаи тиб шастем, — нақл мекунанд апаи Шаҳло. — Падарам дорусози касбӣ, модарам ҳамшираи шафқат. Бародарону хоҳарону ҷиянзоям, духтарам ҳам Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои гуногун хатм намудаанд. Ҳоло писарам низ аз паи касби бобояш рафта, маълумоти дуюмро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар факултаи байторӣ мегирад. Касби фармасевтӣ бароям аз хурдӣ писанд буд. Ҳанўз аз давраи мактабхонӣ рўзамон дар дорухонаи падар байни колбаҳову хокаҳои дору мегузашт. Воқеан, падарам ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби Ҳукумати Шўравӣ ба Афғонистон фиристода шуданд ва мо аҳли оила, чанд сол дар Кобул зиндагонӣ кардаем».

Дорухонаи хусусияшонро Шаҳло Қосимова соли 2009 рў ба рўи беморхонаи шаҳрии №1 таъсис додаанд. Дар ин маҳалла дорухонаҳо зиёданд, аммо дорухонаи №55 барои кормандони беморхона ва мизоҷони чандинсола азиз аст, чунки апаи Шаҳло барояшон «одами худӣ» буда, дар зарурат дору ва воситаҳои дигари табобатро ҳатто насия медиҳанд. Дорусози варзида ба сифати доруҳо аҳамияти махсус медиҳад. Барои нигоҳдории онҳо яхдонҳои махсус гузошта шуда, ба воситаи кондитсионер ҳарорати зарурӣ таъмин карда мешавад.

— Ҳар сари чанд вақт худам санҷиш мегузаронам, то ки доруи муҳлаташ гузашта дар савдо набошад. Доруҳои вақти истифодаашон анҷомёб (муҳлат 3-4 моҳ монда) ба беморхона ройгон тақсим карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар идҳои Рамазону Қурбон ва дигар идҳои расмӣ ба беморхона як миқдор доруро ройгон медиҳам, — мефазояд мусоҳибам.

— Агар мизоҷеро пулаш нарасад ё доруи зарурӣ дар шумо набошад, чӣ кор мекунед? — кунҷковона мепурсам.

— Дар кори чандинсолааам кам андар кам мизоҷон аз наздам ноумед рафтаанд. Доимо кўшиш мекунам, ки ҳарчӣ дар дорухат ҳаст, ба ниёзманд дастрас намоям. Агар дар ман он намуди доруворӣ набошад, аз дўкони ҳамсоя меорам. Баъзан мешавад, ки пули дорухар намерасад. Дар ин ҳолат амсилаи доруи фармударо пешниҳод мекунам, ки нархаш арзонтар аст. Ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки ба гапи одами тамоман ношинос бовар карда, доруро насия медиҳам. Ба хотири он ки шояд бемораш дар ҳақиқат вазнин бошаду ҳамин дору аҳволашро беҳтар кунад ё ҳатто аз марг наҷот диҳад.

Апаи Шаҳло аз нигоҳам саволро хонданд магар, ки бо табассум гуфтанд:

— Ҳа, баъзан дигар насиягирифтаро намебинӣ.

Ҳар кию ҳимматаш, гуфтаанд. Бароям муҳим фоида кардани ҳамон дору аст. Баъд ин ки маҳаки муносибати байни одамон набояд пул бошад.

Пас аз ин суханҳо бо соҳибкори софдилу баҳиммат Шаҳло Қосимова бо хотири болида хайрухуш кардам.

Мадинаи ДАВЛАТ, “Даво”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

«Насли солим» барои насли солим аст

Мақолаи навбатӣ

Оризаҳои бемориҳои сироятӣ хатарноканд

user

user

Мақолаи навбатӣ
Оризаҳои бемориҳои сироятӣ хатарноканд

Оризаҳои бемориҳои сироятӣ хатарноканд

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ