
Ташкилоти ҷамъиятии “Қалам” ва идораи маҷаллаи тиббӣ — оммавии “Даво” ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инъикоси густурдаи дастовардҳои шоистаи тиббу табибон ва фармасевтони тоҷик дар даврони истиқлол озмуни ҷумҳуриявии “Қалам ва Истиқлол”- ро эълон мекунад.
Он аз рӯйи 3 номина сурат мегирад:
1. Беҳтарин лавҳа (очерк)
2. Беҳтарин мусоҳиба
3. Беҳтарин мақола
Дар ҳар номина ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 бо Ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ қадр мегарданд.
Озмун на танҳо барои рӯзноманигорони касбист, дар он ҳар довталаби дилпур метавонад ширкат дошта бошад. Мавод бо забони русӣ низ пазируфта мешавад.
Очерк, лавҳа, мусоҳиба ё мақоларо дар ҳаҷми 4-5 саҳифа бо ҳуруфи андозаи 14 бо ишораи “Ба озмун” ба суроғаи мазкур ирсол кунед: davo.tj@mail.ru . Телеграмм ва Вотсап бо ин рақам: 00-880-95-59.
Озмун моҳи феврал оғоз ёфта, охири августи соли 2026 ҷамъбаст карда мешавад.
Муваффақ бошед!



