
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаи танзими муомилоти қонунии маводи нашъадор, мубориза бо гардиши ғайриқонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ қарор дорад. Бо ташаббуси роҳбарияти олии кишвар заминаҳои мукаммали меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ташкилӣ дар ин самт фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин давра як қатор барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои соҳавӣ қабул ва амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ҳамчун санади калидӣ дар самти мазкур мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Дар доираи амалисозии ин стратегия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2025, №1072, «Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия намуда, онро бо фармоиши соҳавӣ тасдиқ кардааст. Нақшаи мазкур татбиқи чораҳои мушаххасро ҷиҳати такмил додани низоми назорат, таъмини дастрасии доруҳои зарурӣ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии онҳо дар бар мегирад.
Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи чорабиниҳо омилҳои асосии таъсиррасон ба муомилоти маводи нашъадор муайян ва арзёбӣ гардида, тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Ин раванд ба коҳиш ёфтани сатҳи нашъамандӣ ва паст гардидани оқибатҳои тиббию иҷтимоии он мусоидат намудааст.
Ҳамзамон, мутобиқи талаботи санадҳои стратегӣ ва Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунанда таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла:
Тартиби ҳисобу китоб, нигоҳдорӣ, тақсимот, додан ва фурӯши воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
Тартиби истифода ва таъин намудани онҳо бо мақсадҳои тиббӣ.
Санадҳои мазкур бо мақсади таъмини шаффофият дар муомилоти қонунӣ ва пешгирии гузариши маводи доругии махсусназоратшаванда ба гардиши ғайриқонунӣ қабул гардида, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Илова бар ин, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назорати мунтазами давлатии муомилоти доруҳои махсусназоратшавандаро таъмин намуда, чорабиниҳои пешгирикунандаро саривақт амалӣ менамояд.Чораҳои андешидашуда дар сатҳи давлатӣ ва соҳавӣ имкон фароҳам овардаанд, ки назорат аз болои муомилоти маводи нашъадор ва психотропӣ тақвият ёбад. Идомаи татбиқи самараноки стратегия ва нақшаҳои амалкунанда метавонад ба боз ҳам коҳиш ёфтани гардиши ғайриқонунии ин гуна мавод ва ҳифзи солимии ҷомеа мусоидат намояд.


