
Пиелонефрит — бемории илтиҳоби гурда аст, ки одатан аз сабаби сирояти бактериявӣ (масалан, E. coli) ба вуҷуд меояд.
Дар занони ҳомила он яке аз бемориҳои сироятии маъмултаринироҳҳои пешоб ба ҳисоб меравад. Ҳангоми ҳомилагӣ табиист, ки бачадон калон шуда, ба гурда ва роҳҳои пешоб фишор меорад. Гормонҳо, махсусан, прогестерон боиси он мешавад, ки ҳаракати пешоб суст шавад ва ҳамчунин, системаи масуният низ каме заиф гардад.
Ин омилҳо ҳама дар якҷоягӣ ба зиёдшавии бактерияҳо ва илтиҳоб мусоидат мекунанд. Аломатҳои пиелонефритро дар давраи ҳомилагӣ метавон чунин мушоҳида кард:
— табларза (то 38–40°С);
— дарди пушт (аз як тараф ё ду тараф);
— пешоб бо бўй ё ранги ивазшуда;
— эҳсоси хастагӣ, дилбеҳузурӣ, қай кардан;
— пешоб бо дард ё зуд-зуд;
— фишори баланд (баъзан).
Ин нишонаҳо хатарноканд, зеро дар ин ҳол сироят метавонад ба тифли батн таъсири сахт расонад. Барои аниқ намудани ташхис бояд ҳатман таҳлили умумии пешоб (лейкоцитҳо, бактерияҳо, сафеда), пешоб ба бактериологияи бенишон, таҳлили хун (баланд шудани лейкоцитҳо, ESR) супорида, аз ултрасадо (УЗИ) барои ҳолати гурда ва бачадонро фаҳмидан бояд гузашт.
Дар аксари ҳолатҳо занони ҳомиларо дар беморхона табобат мекунанд, то модар ва кӯдак зери назорат бошанд. Ба табобат дохил мешавад:
1. Антибиотикҳои бехатар, масалан: амоксициллин/клавуланат (Амоксиклав), цефуроксим, цефотаксим, цефтриаксон (гурӯҳи цефалоспоринҳо), нитрофурантоин (баъд аз 14 ҳафтаи ҳомиладорӣ). Бояд таъкид намуд, ки маводи антибиотикӣ танњо бо тавсияи духтур интихоб мешаванд!
2. Истеъмоли зиёди моеъҳо (агар духтур иҷозат диҳад).
3. Оромӣ, назорати фишор ва ҳарорати бадан.
4. Дар ҳолатҳои вазнин: доруҳои зиддиилтиҳобӣ, табобати инфузионӣ.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳолати бепарвоӣ ва муолиҷа накардан чандин хатарҳо барои зани ҳомила пеш меоянд.
1. Баландшавии ҳарорат ва заҳролудшавии бадан (интоксикация). Сирояти гурда метавонад боиси табларза, ларза ва заҳролудшавии хун гардад, ки ин ҳолат барои дил ва фишори хун низ хавфнок аст.
2. Сепсис (сирояти хун). Агар пиелонефрит шадид ва табобат нашуда бошад, микробҳо ба хун мегузаранд — ин ҳолат метавонад ҳаётро зери хатар гузорад.
3. Фишори баланди хун (гипертензияи ҳомилагӣ). Илтиҳоби гурда метавонад ба фишори баланди хун ва варамҳо оварда расонад, ки нишонаи гестоз (преэклампсия) мебошад.
4. Камхунии шадид (анемия). Занони гирифтори пиелонефрит аксаран сатҳи гемоглобини паст доранд, ки боиси хастагӣ ва камтаъминии оксиген мешавад.
5. Дарди доимӣ дар қисми пушт ва хастагӣ. Ин боиси нороҳатии равонӣ ва ҷисмонӣмегардад.
Дар баробари модар барои тифли батн низ хатарҳои воқеӣ мавҷуданд:
1. Камтаъминии оксиген (гипоксияи ҷанин). Зарари гурда ва фишори баланд боиси кам шудани гардиши хун дар бачадон мегардад, ки дар ин ҳол кӯдак метавонад оксигени кам гирад.
2. Таваллуди бармаҳал (пеш аз 37 ҳафта). Аз сабаби илтиҳоб ва стресс таваллуд метавонад зуд оғоз шавад.
3. Кам шудани вазни тифл (интраутерин гипотрофия). Тифл метавонад камвазн таваллуд шавад, зеро модар ғизо ва оксигени кофӣ намегирад.
4. Сирояти бачадон (инфексияи дохилибатнӣ). Агар микробҳо ба тифл рафта расанд, метавонад он боиси илтиҳоби пӯст, шуш ё дигар узвҳои кӯдак гардад.
5. Марги ҷанин (дар ҳолатҳои хеле шадид). Агар сироят назорат нашуда бошад, ё дер табобат шавад, он метавонад ба марги тифл оварда расонад.
Аз ин рӯ, таъкид менамоем, ки бояд занони хомила барои пешгирии бемории пиелонефрит аз ин амалҳо рӯйи кор гиранд:
1. Моеъ зиёд нўшанд: 1,5-2 литр оби тоза дар як рӯз (агар духтур иҷозат диҳад). Компоти сабук аз меваҳои хушк, оби ҷав (ячмен), чойи сабук аз гиёҳҳои табиӣ (масалан, барги зуф ё пупаки ҷуворӣ – бо тавсияи духтур, албатта). Ин ҳама барои шустани микроб аз гурдаҳо кӯмак мекунад.
2. Ғизои дуруст ва сабук. Ғизои буғпаз ё ҷӯшонида бихӯред. Ба сабзавоту меваҳои тару тоза, махсусан, тарбуз, харбуза, себ, каду, ки дар бозорҳо фаровон мебошад, афзалият диҳед. Маҳсулоти ширӣ, ба мисли кефир, йогурт, творог ва гӯшти сафед — мурғ, моҳӣ, гӯшти равғанаш камро зуд-зуд ба миқдори кам истеъмол намоед.
3. Аз ин чизҳо парҳез кунед: намаки зиёд, хӯрокҳои тез, турш, дуддодашуда, бирёнӣ, қаҳва, нӯшокиҳои газнок ва энергетикӣ, хӯрокҳои равғанин ва вазнин.
4. Истироҳати кофӣ. Ба паҳлӯи чап хоб рафтан тавсия дода мешавад — ин ба гардиши хун ба гурда ва кӯдак кӯмак мекунад. Аз нишастан ё хобидан дар як ҳолати дароз худдорӣ кунед. Ҳар рӯз 15–20 дақиқа сайри оромона кунед (агар духтур иҷозат диҳад).
5. Гигиенаи шахсӣ. Пеш аз ва баъд аз ҳоҷатхона худро бо оби гарм бишӯед. Либоси таҳпӯши пахтагин ва тоза пӯшед. Аз сармо (нишастан дар ҷойи хунук, шиноварӣ дар оби хунук) худдорӣ кунед.
6. Назорати тиббӣ. Ҳар моҳ таҳлили пешоб супоред, ҳатто агар худро хуб ҳам ҳис кунед. Агар таб, дард ё пешоби тира бинед, зуд ба духтур муроҷиат намоед.
7. Доруҳои гиёҳӣ. Баъзан духтур тавсия медиҳад, ки аз гиёҳҳои табиӣ истифода баред, ба монанди баргҳои лингони (муровка), гулҳои бобуна (ромашка), гиёҳи раҳдавак (толокнянка). Аммо боз ҳам танҳо бо иҷозати духтур, зеро баъзе аз гиёҳҳо барои кӯдак хатар доранд!
Бо ҳамин метавон хулоса намуд, ки бемории пиелонефритро дар ҳомилагӣ бо табобати дуруст, назорати доимӣ, ғизои солим ва истироҳати кофӣ табобату пешгирӣ намуд ва кӯдаки солим ба дунё овард!
Мунира Ғанизода, н.и.т. , директори МСШ №5
Ҳамро Қаюмов, табиби оилавии МСШ №5
Маҳтоббӣ Сарахонова, табиби занонаи МСШ №5



