Ғамхорӣ нисбати ҳар кас!
Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!
-Дар оғоз мехостам каме дар бораи фаъолияти ширкат маълумот диҳед.
-“GM Фармасютикалс” яке аз ширкати бонуфузи давлати Гурҷистон ба ҳисоб рафта, он аз як ширкати хурди ватанӣ имрӯз ба як ширкати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ширкати мо дар оғоз “GMP” ном дошт. Баъдан номи онро иваз карданд, зеро ин ном бо стандарти “GMP” монанд, ки буд, муштариён омехта мекарданд. Худи ширкат дар Гурҷистон соли 2000 ташкил шуда, соли 2020 зимни таҷлили 20-солагиаш номашро ба “GM Pharma” табдил дод, то ки бо стандарти JMP омехта нашавад.
Алҳол дар давлатҳои гуногун 7 намояндагии ин ширкат вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон низ аз соли 2008 намояндагии расмии “GM Фармасютикалс” фаъолият дорад, ки айни замон дар он зиёда аз 20 нафар кор мекунанд.
-Чӣ тавр бо ин ширкат ошноӣ пайдо кардед ва роҳбарии он ба дӯши шумо афтид?
-То омадан ба ин ширкат ман дар соҳаи фармасевтика зиёда аз 13 сол фаъолият бурда, кори худро аз зинаи поёнӣ, яъне намояндаи тиббӣ сар карда, то зинаи муовини директор дар як ширкати украинӣ фаъолият карда будам. Ихтисоси аввалини ман иқтисодчӣ аст, аммо азбаски дар соҳаи фармасевтӣ фаъолият доштам, ихтисоси ин соҳаро низ доштан хостам. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки соли 2019 ба факултаи “Кори фармасевтӣ”- и Коллеҷи ҷумҳуривӣ дохил шавам. Ҳамин тавр, соли 2021 соҳиби дипломи “фармасевт” шудам.
Моҳи августи соли 2020 ман ширкати мушовирии “RK Consulting” кушодам, ки махсус барои соҳаи дорусозӣ буд, зеро баъзе ширкатҳое, ки дору ворид мекарданд, чӣ гуна бурдани маркетинг ва иттилоотро дар соҳаи худ намедонистанд. Ман ҳамчун мушовир давоми як сол кор кардам. Зимни фаъолият дар ин соҳа мушовирони ширкати “GM Фармасютикалс” ба ман пешниҳоди ҳамкорӣ намуданд. Баъди аз суҳбат гузаштан моҳи сентябри соли 2021 маро ба ҳайси директор ба кор қабул карданд.
-Намояндагии ширкат, ки аз соли 2008 дар Тоҷикистон амал мекунад, дар бозори дорусозӣ то чӣ андоза муштарӣ пайдо кардааст?
— То ба ин ҷо ба кор омаданам ман ин ширкатро мешинохтам, ки хеле машҳур буд. Яке аз брендҳои он “Лакта-G”, ба мисли “Аллер-G” буд, ки чандин солҳо дар Тоҷикистон онро истифода мебаранд. Пас аз он, ки мо дар Тоҷикистон расман намояндагии ин ширкатро кушодем, қаблан ҳама маълумоти заруриро дар бораи доруҳо муҳайё карда, баъдан пешкаши муштариён карда истодаем.
То ин дам “Эмкор”, “Тримекор”, “Тримеик” барин доруҳои ширкати мо, ки барои фишорбаландӣ истифода мешаванд, яке аз беҳтарин давоҳо шинохта шудаанд, гӯем ҳам, хато намекунем, зеро ин доруҳо воқеан, боварии беморонро нисбат ба давоҳои пешниҳодкардаи ширкати мо зиёд кардааст.
-Имрӯзҳо оқибатҳои бемории ҳамагири “Ковид-19” таъсирашро нишон дода истодааст, ки яке аз онҳо лахташавии хун аст. Вобаста ба рафъи чунин ориза кадом намуд дору ворид кардаед?
-Дар ин самт мо “Риварокс” ном доруро ворид кардаем, ки меъёраш 2,5мг, 5мг, 15мг ва 20мг мебошад. Духтур вазъияти бемор ва синну соли онро ба назар гирифта, меъёри дурусти доруро тавсия медиҳад.
— Мехостам каме дар бораи фаъолиятҳои омӯзишии ширкат ба хонандагони маҷалла маълумот диҳед.
— Мо бо мақсади баланд бардоштани малакаю сатҳи дониши табибон давраҳои омӯзишӣ ва мизҳои мудаввар ташкил мекунем, зеро илми тиб низ чун дигар илмҳо дар як ҷо намеистад ва ҳамарӯза ягон навигарӣ рӯй медиҳад. Зимни баргузории мизҳои муддавар ва семинарҳои омӯзишӣ навгониҳоро ба табибон баён мекунем. Онҳо низ дар навбати худ аз таҷрибаҳои хеш дар бораи табобати ин ё он беморӣ, таъсири мусбӣ ва манфии дорувор ба ҳамдигар нақл мекунанд ва ҳамин тавр табодули таҷриба менамоянд. Мо бошем, вокунишҳоро оид ба дорувории ширкат ҷамъоварӣ намуда, ба хадамот ва худи офиси марказии ширкат равона месозем.
— Ширкати шумо боз кадом нақшаҳоро дар Тоҷикистон амалӣ карданист?
-Ҳар сол вобаста ба ҳар як самти беморӣ 3-4 намуд дору ворид карда мешавад. То ворид шудани ин доруҳо мо бояд маълумотро дар хусуси таркибу тарзи истифодаи он ба Хадамот пешниҳод кунем. Дар Хадамот ин дорувориҳоро ба муддати 5 сол ба қайд мегиранд ва шаҳодатномаи махсус месупоранд. Танҳо баъд аз ин мо барои ворид кардани доруи нав ҳуқуқ пайдо мекунем. Сипас корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем, ки чунин доруи нав ворид шуд.
Шиор ва фалсафаи ширкати мо “Ғамхорӣ нисбати ҳар кас” мебошад. Мақсади мо ин аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ на танҳо барои табибон гузаронида шавад, балки мизоҷон ҳам донанд, ки барои пешгирии бемориҳо чӣ корҳоро бояд анҷом диҳанд. Аз ин рӯ, барои мо муҳим сифати табобат аст.
Ширкати мо дар Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Молдова, Арманистон , Қазоқистон ва Озарбойҷон намояндагӣ дорад. Дар оянда тасмим гирифтааст, ки дар дигар давлатҳо низ намояндагии расмии худ ифтитоҳ созад. Яке аз мақсадҳои асосии ширкат, асосан, густариш додани фаъолияташ аст.
-Пазироии табибон аз фаъолиятҳои шумо чӣ гуна аст?
-Имрӯз ширкатҳое, ки омӯзиш мегузаронанд, ангуштшуморанд. Аслан, омӯзишҳоро ширкатҳои байналмилалӣ мегузаронанд. Мо аз он ифтихор мекунем, ки дар қатори ҳамин хел ширкатҳо ҳастем ва каме бошад ҳам, дар баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи табибон ҳисса мегузорем. Бо табибон ҳамкориҳои қавиро ба роҳ мондаем ва онҳо низ хушнуданд, ки таҷриба ва дониши худро афзун менамоянд.
-Тавре огоҳӣ дорем, ширкати шумо соҳиби бренди мардумии «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» шудааст. Дар ин хусус каме маълумот медодед.
— Ҳар сол ширкати “Тайрон” озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»-ро мегузаронад. Мо соли гузашта тасмим гирифтем, ки дар ин озмун иштирок кунем ва яке аз номинатсияҳое, ки мо мехостем дар он ғолибият ба даст орем, ин бренди мардумӣ буд. Вақте дар озмун иштирок кардем, бисёриҳо ба ширкати мо овоз доданд ва ҳамин тавр доруи “Лакта-G” соҳиби бренди мардумӣ гардид. Мо аз ин боварии мардум ифтихор дорем ва кӯшиш мекунем, ки доимо сазовори эътимоди мардум бошем.