ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ
Мусоҳиба бо Азамат Мӯминов,
стоматологи ҶДММ “Сиҳат — дент”
— Азамат Муродович, ба қавли мардум, духтурони дандон бештар ба шинондани дандон шавқманданд, зеро он маблағ меорад. Оё чунин андеша дуруст аст?
-Ин гапро онҳое мегӯянд, ки гумон доранд бо дандоншинонӣ метавон миллионер шуд. Ҳаргиз ин тавр нест, дандон, ки яке аз узвҳои асосии инсон аст, пас аз бемор шудани он се ҳолат буда метавонад: кандани он, табобати он ва иваз намудани дандон бо дандони сунъӣ. Барои ман ҳамчун духтури дандон ин ҳолат вобаста аст то ба кадом андоза дардманд будани он. Агар табобатнашаванда бошад, онро бояд канд, агар табобат шавад, беҳтараш, онро табобат кард, вагарна, дандони дардмандро бояд бо дандони сунъӣ иваз намуд.
Бояд таъкид намоям, ки духтури ҳақиқӣ ҳамонест, ки на ба нархи табобат, балки ба тарзи табобат таваҷҷӯҳ менамояд. Талабот нисбати духтур новобаста ба соҳае, ки ба он машғул мешавад, ин аст, ки агар фоида ҳам оварда натавонӣ, зарар нарасон (Не навреди!).
Боз чизи дигареро фаромӯш накунед, ки духтури дандон қабл аз он ки ба чунин мартаба расад ва устоди касби худ гардад, аз ҷониби аҳли оилаи худ ва аз наздикони кумакрасони худ маблағҳои калоне сарф кардааст.
— Агар махфӣ набошад, ба худи Шумо барои ба ин сатҳ расиданатон кӣ кумак кардааст?
-Пеш аз ҳама ва беш аз дигарон модарам, зеро ман аз падар барвақт монда будам, дар тифлиам он кас вафот карда буданд. Бинобар ин, тарбия ва таълими ман ба дӯши модарам афтода буд. Ҳамчунин, ман, ки дар литсейи президентӣ таҳсил намудаам, аз ҷониби тағоҳоям ва дигар наздиконам кӯмакҳои зиёде дидаам, ки барои ин аз онҳо сахт миннатдорам.
-Акнун баргардем ба мавзӯи асосии суҳбати худ. Тавре мегӯянд, ”сухан аз даҳони Луқмон хуш аст”, ба хонандагони мо шарҳ медодед, ки асбоби ихтироънамудаи шумо кадом функсияро иҷро мекунад ва мақсад аз ихтирои он чист?
-Тавре дар аввали суҳбати худ қайд намудам, мақсади асосии табиб, ин сабукӣ овардан ва табобати босифат намудани бемор аст. Асбоби ихтироънамудаи мо маҳз барои ҳамин мақсад нигаронида шудааст. Дар тиб истилоҳи имплантатсия ҳаст, ки ин маънои аз як узв ба узви дигар илова намудан мебошад. Ба забони оддӣ гӯем, “дарбеҳ”-и узви зарардида бо ягон узви дигари бемор аст. Новобаста ба он ки ин узв дандон аст ва ё фарз кардем, ҷоғи шикаста, асбоби мо барои зуд шифо ёфтани ҷое, ки дар он ҷо амалиёт гузаронида шудааст, кумак мерасонад ва ин асбобро ман бо устоди худ Меҳрубон Султонов, яке аз устодони беҳтарини соҳаи стоматология, корманди клиникаи стоматологии “Евродент” , ҳамроҳ ихтироъ намудем. Ин ихтироот аллакай дар бисёр ҷойҳо аз ҷониби стоматологҳо истифода бурда мешавад ва натиҷаи он хеле арзишманд мебошад.
-То ҷое, ки мо медонем, ихтирооти шумо дар кишвари ҳамсояи мо ба таври васеъ низ истифода бурда мешавад ва дар байни табибони он ҷо низ маъруфият пайдо кардааст.
-Агар манзури шумо Ӯзбекистони бародар бошад, комилан дуруст аст. Ҳангоме ин асбобро муаррифӣ кардам ва таҳти роҳбарии ман ба таври амалӣ ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, онҳо ба татбиқи он дар вақти иҷрои амалиётҳои тиббии худ истифода мебурдагӣ шуданд. Ман аз он фахр мекунам, ки олимони ин кишвар ба заҳмати мо баҳои баланд доданд.
-Ҳар кор оғози худро дорад ва албатта, ин оғоз низ сабаби худро дорад. Агар андеша кунем, ки шумо пизишк ҳастед, аммо асбоби техникӣ сохтед, ин оғоз аз куҷост?
— Аз бачагӣ ман ба сохтану аксар вақт вайрон кардани ҳар гуна бозичаҳо завқ доштам. Вақте модарам барои ман бозичае мехариданд, аввал тарзи кори онро “меомӯхтам” ва фаҳмидан мехостам, ки чӣ гуна он ҳаракат мекунад. Ин одат маро ба ҷустуҷӯи роҳҳои нав дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ оварда расонд, ки имрӯза ихтироот шояд натиҷаи ҳамин кунҷковиҳо бошад.
Ҳамчунин, бовариам ба натиҷаи ин ихтироот замоне, ки дар Олмон таҷриба меомӯхтам, бештар гардид, зеро он замон аз ҷониби ҳамкасбони олмониам баҳои баланд гирифта буд.
— Дар бораи фаъолияти худ дар ин кишвари аврупоӣ каме бештар маълумот медодед.
-Ман дар Олмон, ки яке аз кишварҳои пешрафтатарин дар соҳаи илмҳои тиббӣ мебошад, зиёда аз ду сол таҷриба омӯхтам. Таҷрибаомӯзии ман, асосан, дар клиникаи “ДОНАУИЗАР”, дар шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй сурат гирифтааст. Ин клиника дар шаҳри Деггендорфи Бавария воқеъ гардидааст. Он ҷо якҷо бо мудири ҳамин шӯъба, доктор Корнелиус Клейн ба ҷарроҳии беморон машғул будам. Ҳамон вақт ман нақшаи асбоби худро ба доктор Клейн нишон дода, аз ӯ маслиҳат пурсидам. Баъд аз ба сомон расонидани корҳои худ дар ин маврид, дар Маскав ҳамроҳи роҳбари худ онро барои дарёфти патент пешниҳод намудем ва соли 2017 аз ҷониби “Евразийское патентное ведомство” дастгоҳи мо соҳиби патент гардид.
-Доктор Муминов имрӯзҳо машғули навиштани кори илмӣ мебошанд, ҳамин тавр не? Агар махфӣ набошад, мехостем дар бораи кадом самти фаъолият будани рисолаи худ маълумот медодед.
-(Механдад) Агар унвони кори илмиамро нависам, шояд ним варақ шавад ва рости гап, на ҳамаи хонандагон сарфаҳми вожаҳои он мераванд. Хулоса, мазмунаш ин аст, ки индекси генетикии гирифторони бемории қанд дар вақти амалиёти ҷарроҳӣ дар онҳо чӣ гуна аст ва чӣ бояд кард, ки чунин ҷарроҳиро безарар паси сар кунанд.
—Албатта, дар як вақт ҳам ба кори илмӣ машғул шудану ҳам фаъолияти амалӣ кардан ва гоҳ — гоҳе ихтироъ намудан (ҳазли хабарнигор) бароятон вазнин будагист. Дар ин кор ягон ёрдамчӣ доред?
-Бевосита ягон ёрдамчӣ надорам, вале фикр мекунам, ёрдамчии асосии ман-ин меҳнати шабонарӯзии ман аст. Ҳамчунин, модари фарзандонам, ки ҳамкасби худам аст ва ӯро низ яке аз такягоҳи асосии худ меҳисобам.
— Аз номи хонандагони маҷаллаи “Даво” ба Шумо саломатӣ ва дар амалиётҳои ҷарроҳию илмиатон, ҳамчунин дар ихтирооти ояндаатон муваффақияҳо таманно дорем.
-Ташаккур.