
Дар Кӯлоби бостонӣ дармонгоҳҳои дандонпизишкӣ зиёд бошанд ҳам, “Садафдандон” мавқею эътибори хоса дорад. Он натанҳо аз нахустин клиникаҳои хусусии стоматологии шаҳр маҳсуб меёбад, балки ҳамчунин шӯҳраташ аз он боло рафта, ки чун нафареро бо дарди дандон ба ин муассиса бо гардани баста орад, баъди муолиҷа бо чеҳраи шукуфта ва арзи сипос бадар рафта, солҳои тӯлонӣ дардро фаромӯш месозад. Воқеан, ин ҷо ба ҳар бемор ба дараҷае дилсӯзона муносибат мекунанд, ки гӯё дандони худашон дард карда. Яъне дар “Садафдандон” пизишкони волоҳунаре ҷамъ омада, ки ҷумла асрори рафъи дарду табобати дандонро хуб донанду дар коргирияшон роҳу усул, мавод ва асбобу таҷҳизоти муосир авлавият дорад.
РОҲЕ, КИ ПАДАР ПЕШ ГИРИФТ
Ин дебочаи сухан буд. Акнун барои парда аз асрори ин клиникаи стоматологии комёб бардоштан бояд ду нафар – падару писар Бобохон ва Шӯҳрат Раҳмоновҳоро муаррифӣ кард, ки таъсиси “Садафдандон” лоиҳаи муштараки муваффақи онҳост.
Бобохон Раҳмонов дар давраи шӯравӣ даҳсолаҳо дар беморхонаи шаҳрию вилоятӣ духтури дандон буду дар хизмати мардуми Кӯлоб. Шахсияте, ки сари қадам мешинохтандашу самимона эҳтиромаш мекарданд. Тани гарм дарди зиёд дорад, лекин ба пиндори ҳар бемор аз ин миён дарди дандон тамоман дигар аст, аниқтараш даҳшат аст. Чун нохост дандон ба дард омад, аз ғояташ ба пиндорат ҳамин ҳоло сарат, рагу пайвандат мекафад. Тарс аз курсии дандонпизишкӣ, садои мағшуши бормошинашро намегӯӣ?! Бормошин гӯё дандон не, мағзи саратро парма мекунад! Лекин вақте баъди кандан ё табобати дандон бо лабу даҳони карахт, ки дигар заррае аз дарди қаттол намондааст, оҳе кашида, ончунон сабук мешавӣ, ки гуфтан надорад. Бобохон садҳо касалро аз ана ҳамин азоби дӯзахи даруни даҳон халос кардааст. Ин магар фаромӯш мешавад? Аз ин рӯ, номи табиби сабукдаст, барҳақ, дар даҳони мардуми шаҳр нишаста буд.
РОҲЕ, КИ ПИСАР ИДОМААШ ДОД
Имрӯз ҳам дардмандон назди дандонпизишк Раҳмонов мераванд. Бо як фарқ — акнун назди Раҳмонови хурдӣ. Ҳама ҳафт фарзанди оила, аз ҷумла панҷ писар, хонданду соҳибкасб шуданд, лекин танҳо Шӯҳрат вориси пешаи падар гашт. Зеро ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ ба коргоҳи қиблагоҳаш бисёр мерафту бо чашми сар медид, ки чӣ тавр ба қудрати донишу ҳунари падараш дардмандон аз утоқи дандонпизишкӣ одами бедард ё дигар шуда мебаромаданд. Ҳамин шавқу меҳр вайро баъди хатми мактаби миёна соли 1996 ба факултети стоматологии Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино овард. Соли 2001 духтури ҷавон фаъолиятро дар Маркази вилоятии стоматологии Кӯлоб оғоз намуд ва дере нагузашта корро дар шуъбаи бачагонаи он идома дод.
Соли 2008 бошад, дар ҳаёташ гардиши куллӣ ба вуқӯъ пайваст: бо маслиҳату дастгирии падар ширкати хусусии “Садафдандон”-ро ташкил кард, дар маркази шаҳр, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 1. Ба ду ваҷҳ. Аввалан, тӯли солҳои гузашта таҷрибаи хуб андӯхта, дар касб тавон ёфт. Сониян, эҳсос намуд, ки бо тақозои замон фурсати дар ҷода соҳибихтиёру мустақил буданаш расид. Стоматологи ҷавон ҳамроҳи падар тамоми ҷабҳаҳои ин иқдомро дар тарозуи донишу маҳорату имконият баркашида, ниҳоят аз пайи интихоби кормандон ва таъмини клиника бо таҷҳизоти стоматологӣ шуданд. Дар назди он лабораторияи дандонсозӣ, инчунин озмоиши бемориҳои вирусӣ (гепатити В, С, ва ВНМО) -ро низ созмон доданд.
Вақтҳои аввал ба клиникаи “Садафдандон” обрӯю эътибори табиби номӣ Бобохон Раҳмонов ниёзмандонро меовард. Тадриҷан Шӯҳрат низ бо дониши хуб, касбият, муносибати нек миёни мардум шӯҳрат ёфт ва “назди Шӯҳрати стоматолог меравам” гуфтанҳо низ маъмул шуд.
РОҲЕ, КИ НАБЕРА ҲАМ БО ОН МЕРАВАД
Айни замон дар клиникаи стоматологии “Садафдандон” 11 нафар фаъолият доранд, аз ҷумла чаҳор дандонпизишк. Ҳамроҳи сардухтур Шӯҳрат Раҳмонов дандонпизишкон Парвиз Раҳмонову Мирзоҷон Саидов низ бо табобат машғуланд. Духтури чаҳорум медонед кӣ? Гумон аст дарёфтанатон. Писари Шӯҳрат Амирҷон – намояндаи насли сеюми Раҳмоновҳои стоматолог. Сулола ташаккул меёбад.
Техникҳои дандонсоз Аминҷони Тоҷиддин, Сафар Давлатов ва Саидҷон Саидов, ҳамшираҳо Хосият Нурова ва Нозанини Тоҷиддинро, ки ном гирифтем, ҳайати муттаҳиду муваффақ пурра мегардад.
Ба гуфти Шӯҳрат Раҳмонов, дар “Садафдандон” кулли намуди хизмати стоматологӣ расонида мешавад. Онҳо солҳои охир, махсусан, ба истифодаи усулу таҷҳизот ва маводи инноватсионии ташхису табобату ҷарроҳӣ ва имплантгузорӣ диққат дода, аз сиркон, фахфур, фулузсафол, пайвандакҳо (штифт) истифода мекунанд. Дар клиника асосан, ҳамчунин асосан ба калонсолон хизмат мерасонанд.
Онҳо бисёртар бо оризаҳои шадид ва музмини дандон, аз ҷумла пулпит ва периодонтит муроҷиат мекунанд, — мегӯяд мусоҳибам.
АЗ КОРВА ЭҲТИЁТ БОЯД ШУД!
Чун суҳбатамон дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо корва (кариес — вожаи лотинӣ ба маънои пӯсиши дандон) ба вуқуъ пайваст, табиист, ки мо ба ин масъалаи муҳим низ дахл кардем.
“Корва аз паҳншудатарин маризӣ дар дунё буда, тибқи маълумоти мавҷуда, аз он дандони 60 дарсади кӯдакон ва 90 дарсади калонсолон ниёз ба табобат дорад,- бо овардани ин арқом изҳори нигаронӣ мекунад сарвари “Садафдандон” Шӯҳрат Раҳмонов ва меафзояд: — Дар миёни одамони синнашон аз 65-сола боло теъдоди онҳое, ки дар ҳаёт ҳеҷ набошад як маротиба мубталои корва шудаанд, ба 92 дарсад мерасад. Мутаассифона, гирифторӣ ба он байни мардуми худамон ҳам кам нест”.
ТАФСИР ВА ТАВСИЯИ МУТАХАССИС
Сабабгори асосии пайдоиши корва бактерияҳое мебошанд, ки қанди ғизо ва боқимондаҳояшро ҷаббида, ниҳоят зиёд афзоиш меёбанд. Онҳо басо бадбӯй буда, ҳалолати дандон ва ҳомуз (кислота) хориҷ мекунанд. Ҳомуз бошад, сири дандонро мехурад. Бактерияҳо зимни вайронсозии дандон бо мурури вақт метавонанд, ба бофтаҳои атрофи решаи он (периодонтит) роҳ ёфта, аз он ҷо тавассути хун ба тамоми организм паҳн шаванд, дар узву бофтаҳои гуногун илтиҳоб ангезанд. Иртиботи бемориҳои периодонтит бо авҷгирии оризаҳои дилу рагҳо, бронхити музмин ва як қатор омосҳои онкологӣ исбот шудааст.
Яъне корва метавонад оқибати ниҳоят нохуш орад. Аз ин рӯ, пас аз тановули ғизо
даҳону дандонро тоза кардан бисёр муҳим аст, махсусан, пеш аз хоб. Ин беҳтарин роҳи маҳвсозии бактерияҳо ва пешгирии корва аст. Ҳамчунин, ҳар ним сол назди дандонпизишк рафтан зарур аст, зеро худи одам пайдошавии корваро сари вақт фаҳмида наметавонад, чунки сири дандон бофтаҳои асаб надошта, бе ягон дард вайрон шудан мегирад, — дар фарҷоми сухан таъкид кард Шӯҳрат Раҳмонов.
Агар риояи ин тавсия барои мову шумо одат шавад, на танҳо дандонамон солим мемонад, балки дигар узвҳо низ!
Хуршеди ҶОВИД, “Даво”



