• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Табобатгоҳ бо усулҳои муосири муолиҷа 

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Дар Кўлоби куҳаншаҳр Маркази ташхису табобатии ба номи Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ҳамагӣ ним сол аст, ки фаъолият дорад, вале дар муддати кутоҳ тавонист вирди забони мардуми шаҳр ва берун аз он гардад. Марказ бо ташаббуси соҳибкори меҳанпараст, директори корхонаи хурди “Ҳоҷӣ Абдуҷаббор” Иноятулло Ғуломов таъсис дода шудааст. Чунонки дар сӯҳбат бо мо ў иброз дошт, маҳз бо шароит фароҳам овардани Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар соҳибкорон даст ба ибтикороти бузург зада, корхонаву муассисоти гуногун таъсис медиҳанд, ки ба зиёд шудани миқдори ҷойҳои корӣ ва рушди босуръати соҳаҳо имконият медиҳад.

Мусоҳибаи сардухтур Умед КАРИМОВ бо маҷаллаи “Даво” кўшише дар шарҳи ҳамин падида шуд, яъне маркази мазкур аз дигар муассисаҳо чӣ бартарию афзалият дорад.

ҶАВОБИ ДАСТГИРӢ БОЯД ҲАМСАНГ БОШАД

— Маркази замонавии ташхису табобатии ба номи Ҳоҷӣ Абдуҷаббор дари худро ба рӯйи ниёзмандон 1 марти соли равон боз кард. Бинои зебои дар муддати кўтоҳ бо намои меъмории миллӣ бунёдёфтаи он ҳуснафзои шаҳр шуд. Арзи ҳастӣ кардани боз як муассисаи тиббӣ шаҳодати ҷонибдории амалии соҳибкорони меҳандӯст аз сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, аз ҷумла ба рушди соҳаи тандурустӣ, солимии ҷомеа, ки пайваста таваҷҷуҳу дастгирӣ зоҳир мекунанд ва дар ин ҷода барои вусъати фаъолияти бахши хусусӣ низ шароити мусоид фароҳам меоранд.

Аз ин хотир, мо низ барои хизматрасонии хушсифати тиббӣ, ташхису табобати беморон донишу таҷрибаю малакаро бедареғ кор мебарем, то ҳар нафари ба даргоҳи мо бо умед омада ҳарчи зудтар офият ёфта, солим ба оилааш баргардад. Барои ин марказ аз лиҳози техникӣ низ мушкиле надорад, зеро қариб ҳама дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҳайё карда шудааст.

БЕМОРИЕ НЕСТ, КИ ДАР ИЛОҶАШ ДАСТКӮТОҲ БОШЕМ

— Дар бостоншаҳри Кӯлоб низ чун соири шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар баробари муассисаҳои давлатии тиббӣ теъдоди табобатгоҳҳои хусусӣ афзудан дорад. Як ҷиҳати умдаи аксари чунин марказҳою клиникаҳо харидорӣ ва корбаст кардани таҷҳизоти замонавӣ мебошад, ки сифати ташхису табобатро ба маротиб баланд бардошта, муҳлати муолиҷаро хеле кам мекунад. Чуноне гуфтед, маркази Шумо аз ин радиф истисно нест. Бо назардошти чунин имконият кадом беморон метавонанд дилпур маҳз ба ҳамин даргоҳ омада шифо ёбанд?

— Ба фикрам, ҷавоб осонтар мебуд, агар маризиҳоеро гӯям, ки алҳол ин ҷо ташхису табобату ҷарроҳӣ карда намешаванд. Яъне қариб беморие нест, ки мо дар илоҷи давояш дасткўтоҳ бошем. Аз гӯшу гулӯю бинию чашм сар карда, то бемориҳои дилу раг, гурда, ҷигар, талха, ҷоғар, бемориҳои занона, безурриётӣ, бавосир ва ғайра.

ЛОРКОМБАЙНИ МАРКАЗ ДАР КӮЛОБ НАХУСТИН АСТ

— Як лаҳза. Ин маризиҳоеро, ки ном бурдед, дар дигар беморхонаҳо ҳам ташхису муолиҷа мекунанд.

— Шояд, лекин табобат аз табобат фарқ дорад. Дигар ин ки дараҷаи муҷаҳҳазии техникӣ, тарзу усулҳои ҷарроҳию муолиҷа, инчунин сатҳи касбии мутахассисонро бояд ба назар гирифт.

Ҳамчунин бояд бигӯям, ки дар маркази мо чандин намуди бемориро ҷарроҳию табобат мекунанд, ки то ин дам дар шаҳрамон набуд. Масалан, Маркази мо дар минтақаи Кӯлоб нахустин шуда навтарин технология дар отоларингология — дастгоҳи лоркомбайнро мавриди истифода қарор дод. Ин таҷҳизоти серамали автоматӣ барои ташхиси бемориҳои бинӣ ва гулӯю гӯш ниҳоят муфид аст. Ё худ мисоли дигар. Маҳз табибони мо аввалин шуда ҷарроҳии лазерии варикоз ва бавосирро ба роҳ монданд. Чунин мисолҳо зиёданд.

-Зимнан, ин ва дигар таҷҳизоти марказ аз Чин аст?

— Не, албатта. Масалан, дастгоҳи муосири аудиометрӣ, ки дараҷаи шунавоиро ниҳоят дақиқ муқаррар мекунад, истеҳсоли Олмон аст. Ғайр аз Чин техникаи ташхису ҷарроҳӣ аз Куриёи Ҷанубӣ ва Русия харидорӣ шудаанд. Як ҷиҳатро махсус таъкид карданиям, ки таҷҳизоти мавҷудаамон соли 2024 истеҳсол шудааст, яъне тамоман нав аст.

Нақша дорем, ки то охири сол соҳиби рентгени рақамӣ ҳам шавем. Соли оянда бошад, дастгоҳи томографияи магнитии резонансӣ харидорӣ карда хоҳад шуд.

ДУХТУР ҲАҚҚИ МАБЛАҒИ ИЛОВАГӢ ТАЛАБ КАРДАН НАДОРАД

— Албатта, барои муассисаи тиббӣ доштани техникаи муосир ниҳоят муҳим аст, аммо хоҳу нохоҳ таҷҳизоти муосир гаронарзиш мебошад. Он нархи хизматрасониро боло намебарад?

— Ба ақидаи беморону бемордорон нархҳо дар клиникаи мо аз рӯйи бисёр намудҳои хизматрасонӣ назар ба дигар муассисаҳо арзонтар аст. Дар марказ нархномаҳои хизматрасониҳои тиббӣ расман тасдиқ шуда, пардохти маблағ қатъиян тавассути хазина сурат мегирад. Ҳангоме бемор мувофиқи шартнома маблағи ҷарроҳиро пардохт, минбаъд дар давоми табобат духтур ҳаққи маблағи иловагӣ талаб кардан надорад.

Воқеан, марказ дорухонаи худро дорад, ки бо нархҳои дастрас мушкили бемордоронро осон мекунад.

— Шароити бистарии беморон дар марказ чӣ гуна аст?

— Ҳуҷраҳо бо васоити зарурӣ, аз ҷумла кондитсионер, телевизор, яхдон ва дигар ашёи зарурӣ таъмин мебошанд, рахтҳои хоб ҳама озода. Ҳамшираҳо пайваста дар хизмати беморон, махсусан баъди ҷарроҳӣ.

Дар марказ, ҳамчунин, бахши физиотерапевтӣ фаъол аст, ки дар он Нилуфари Қудратулло ба ниёзмандон бо дастгоҳҳои замонавӣ хизмат мерасонад.

— Яқин ки ба Шумо ҳамчун сардухтур барои фаъолияти муназзам ва самараноки муассиса мутахассисони кордону масъулиятшинос заруранд. Ғайр аз ин, на ба ҳар духтур истифодаи таҷҳизоти муосири гаронарзишро метавон бовар кард. Ташаккули ҳайати кормандон чӣ гуна сурат гирифт?

— Ҷойи ҳайрат нест, ки дар муассисаи нави тиббӣ ҳама кор кардан мехоҳад. Сабабаш ҳоҷати шарҳ надорад. Ғайр аз ин, дар Кӯлоб ҳам дар доираи табибон ҳама якдигарро медонанд, ки кӣ ба чӣ қодир аст. Аз ин хотир мо дар масъалаи кадрҳо мушкил надоштем. Аниқтараш, имкони интихоб доштем.

Як ҷиҳати ҷолибро зикр кардан мехоҳам. Ҳангоми гуфтугӯйи пешакӣ аксарияти довталабон аввал на маошро мепурсиданд, балки онро, ки оё дар маркази нав имкони такмили тахассус дар хориҷа хоҳанд дошт. Ман, ростӣ, аз чунин дархосту хоҳиш хурсанд шудам, зеро табибе, ки дар касб муваффақ шудан мехоҳад, бояд ҳатман навҷӯ бошад ва пайваста дар такмили касбияти хеш талош варзад.

БА ЭРОН, РУСИЯ ВА ЧИН МЕФИРИСТЕМ

— Хоҳиши онҳоро роҳбарияти марказ ба инобат гирифт?

— Бо камоли қаноатмандӣ. Тибқи нақшаи роҳбарият ҳар сол ду табиб барои такмили ихтисос ба хориҷа, пеш аз ҳама, ба Эрон, Русия ва Чин фиристода мешаванд. Чанде пеш духтури чашм Маҳсуддин Камаров аз сафари Эрон баргашт. Ӯ дар клиникаи “Бино”-и шаҳри Машҳад муддати як моҳ аз ҳамтоёни эронӣ усулҳои ҷадиди ташхису табобат ва ҷарроҳии чашмро омӯхта омад. То охири сол бо ҳамин мақсад табиби уролог- андролог ба Чин фиристода хоҳад шуд.

Ҳадафу мақсади мо ин аст, ки кӯшиш намоем, онҳое, ки қаблан барои табобат ё ҷарроҳӣ ба пойтахт мерафтанд, дар худи Кӯлоб, дар марказамон давои дардашонро ёбанд.

— Дар ниҳояти суҳбатамон чанд сухан аз ҳамкоронатон мегуфтед, ки аксарият ҷавононанд.

— Дар марказ коллективи кордону аҳл ташаккул ёфта истодааст. Шумо дуруст зикр кардед, ки аксарашон ҷавонанд, бо вуҷуди ин “дасти сабук” доранд. Имрӯз дар баробари табиби номӣ духтури чашм, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Маҳсуддин Қамаров, ки собиқаи 33 — сола дорад, духтурони хушкор — Додихудо Тағоев, Фирӯз Саъдуллозода, Умед Сафаров, Насруллоҳ Меъроҷов, Светлана Ҳотамова, Ёқуб Абдуалимов, Шӯҳрат Нурматов, Муродбек Мусоев, ҳамшираҳо Меҳрангези Бедилхуҷа, Мадинаи Убайдулло ва дигарон тибқи рисолати касбӣ бо ташхису табобати беморон машғуланд. Умедворам, ки фаъолияти ҳирфаии кормандони Маркази ташхису табобатии ба номи Ҳоҷӣ Абдуҷаббор торафт тақвият ёфта, саҳми арзанда дар ҳифзи солимии мардуми Кӯлоб ва минтақа хоҳад шуд.

— Дар ин ҷода ба Шумо ва ҳамкоронатон тавфиқ ва барор мехоҳам.

Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,

“Даво”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Шоколад хӯрем ё мураббо?

Мақолаи навбатӣ

Консерваҳои хонагӣ

user

user

Мақолаи навбатӣ
Консерваҳои хонагӣ

Консерваҳои хонагӣ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Провизор  мушовир ҳам ҳаст

Провизор мушовир ҳам ҳаст

01.06.2026
3 золотых правила Уэрхэма

3 золотых правила Уэрхэма

30.05.2026
Пӯст аз ғизо ҳам зебо мешавад

Пӯст аз ғизо ҳам зебо мешавад

29.05.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ