• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Сил сирояткунанда, вале табобатшаванда аст

от user
в Бемориҳои роҳҳои нафас
0

Мусоҳиба бо табиби силшиноси Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ Зебунисо Буриева

Шумо солҳои тӯлонист, ки дар бахши табобати беморони сил фаъолият намуда, малакаи зиёди корӣ ҳосил намудаед ва шоҳиди ҳодисаҳои фоҷеабору хурсандии беморони шифоёфта низ гаштаед. Мехостем андешаатонро нисбати сабабҳои пайдоиш ва муолиҷаи бемории сил иброз менамудед.

Бемории сил ҳамчун бемории сирояткунанда аз қадимулайём маълум аст. Танҳо соли 1882 Роберт Кох, олими немис барангезандаи ин беморӣ- чубчамикробро кашф кард.

Сил бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он микробактерияи сил мебошад, ки онро чӯбчамикроби Кох низ меноманд. Манбаи асосии сироят шахси бемор- гирифтори сили шуш мебошад, ки ӯ ҳангоми сулфа, атса ва ё туф кардани балғам ва ҳатто ҳангоми гап задан чӯбчамикробро ба муҳити атроф хориҷ мекунад ва шахсони солим аз ин ҳаво нафас кашида, сироят меёбанд. Яъне роҳи асосии сироят бо роҳи қатрагӣ —  ҳавоӣ мебошад.  Вале намудҳои сили ғайришушӣ низ вуҷуд дорад, ба монанди сили гурда, сили сутунмӯҳра, сили устухон, сили чашм ва ғайраҳо.

Бемории сили шуш ду намуд мешавад: бемории сили шакли ҳассос  ва мутобиқгашта. Бемори сили шакли мутобиқгашта ин бемории силе мебошад, ки чӯбчамикробҳои сил ба доруҳои самараноктарини зиддисилӣ тобовар мешаванд. Чунин намуди беморӣ ҳангоми аз тарафи бемор худсарона қатъ кардани табобат, роҳ додани танаффус дар табобат ва таъини нодурусти табобат аз тарафи табибон ба вуҷуд меояд.

Сабаби пайдоиши ШМС табобати номунтазам ва нодурусти беморони сили барангезандаҳояшон ба доруҳо ҳассос мебошад. Бемории сили шакли мутобиқгашта -ин шакли махсуси мутобиқати барангезандаҳои сил буда, дар як вақт устувории чӯбчамикробҳо нисбат ба доруҳои изониазид ва рифампитсин мебошад (новобаста аз будан ё набудани мутобиқат ба дигар доруҳои сиддисилӣ).

Устуворӣ дар як вақт ба ду доруе, ки таъсирнокии баланд доранд, ҳангоми табобат мушкилиҳо пеш меорад, зеро доруҳое, ки дар табобати ин шакли беморӣ истифода бурда мешаванд, таъсироти манфиашон бештар ва арзишашон гаронтар аст.

Хеле муҳим аст, ки бемори шакли мутобиқгашта реҷа ва мӯҳлати табобати таъиншударо пурра риоя намояд. Агар бемор баъд аз гум шудани нишонаҳои беморӣ ва беҳтар гаштани саломатӣ табобатро худсарона қатъ намояд, ё дар табобат ба танаффус роҳ диҳад, хавфи пайдоиши сили шакли мутобиқгашта зиёд мегардад.Чунин беморон хавфнок буда, дар вақти сулфа, атса ва гап задан атрофиёнро сироят мекунанд. Бояд гуфт, ки аз ин беморӣ хурду калон сироят ёфта метавонанд.

-Нишонаҳои асосии бемории сил кадом аст?

Нишонаҳои асосии сил, ки сабаби ба табиб муроҷиат кардан мебошанд, инҳоянд:

  1. Сулфаи давомнокиаш зиёда аз ду ҳафта бо хориҷкунии балғам ё бе балғам.
  2. Арақкунии  зиёд, асосан шабона.
  3. Кам шудани иштиҳо ва харобшавӣ.
  4. Баландшавии ҳарорати бадан то (37- 37,9С)
  5. Бемадорӣ ва зуд мондашавӣ.

Ҳангоми пайдо шудани яке аз ин нишонаҳо дар худ ё наздиконатон, ҳатман ба табиб муроҷиат намуда, аз ташхис гузаред. Балғаматонро барои ташхис супоред. Бо усули Jenexpert он ройгон аст. Аз ташхиси рентгенӣ гузаред, натиҷаи таҳлилҳои балғам ва акси рентгенро ҳатман гиред.

-Роҳҳои дарёфт кардани бемории сил кадом аст?

Агар муайян гардад, ки шахс гирифтори бемории сил ҳаст, метавонад табобати зиддисилиро саривақт бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гирад.

Микроскопияи балғам — ташхиси балғам бо усули микроскопӣ ройгон (бепул) гузаронида мешавад. Ҳамаи бемороне, ки нишонаҳои бемории сил доранд, бояд дар давоми ду рӯз, 3 намунаи балғами худро барои ташхиси микроскопӣ супоранд. Намунаи якуми балғам ҳангоми якум бор ба табиб муроҷиат кардан, намунаи дуюм — саҳарии рӯзи дигар, дарҳол баъди аз хоб хестан ва намунаи сеюм дар муассисаи тиббӣ, зери назорати корманди тиб, ҳангоме ки намунаи дуюмро меоранд, супорида мешавад.

Усули рентгено — флюорографӣ

Ҳангоми вуҷуд доштани нишонаҳои монанд ба бемории сил ва натиҷаи манфии ташхиси балғам аз муоинаи рентгенӣ ё флюорфографӣ гузаштан зарур аст. Фоида аз ташхис ва табобати саривақтии сил ин аст:

бемории сил дар марҳилаҳои аввал дар шаклҳои сабук дарёфт мегардад. Табобати бемории сил камхарҷ шуда, ташхис ва табобати саривақтӣ кафолати шифоёбии пурраи бемории сил мебошад. Инчунин, бо ин роҳ фарзандон ва наздиконро аз сироятёбӣ аз бемории сил эмин нигоҳ медорад ва зудтар қобилияти кории худро барқарор менамояд.

-Табобат чӣ гуна сурат мегирад ?

—   Табобати бемории сил ҷиҳатҳои махсуси худро дорад. Дар аввал ҳаминро бояд қайд кард, ки табобати бемории сил дарозмуддат мебошад. Муҳлати камтарини табобат на камтар аз шаш моҳро ташкил медиҳад. Дар давоми табобат бемор аз рӯи реҷаи муайян бо тавсияи табиби силшинос якчанд намуди доруҳои сиддисилӣ (комплекс) қабул мекунад. Табобат аз ду давра иборат мебошад:

Давраи аввал давраи шиддатноки табобат. Дар ин давра бемор ҳар рӯз 4-5 номгӯйи доруҳои зиддисилӣ қабул мекунад, ки одатан беморон дар беморхонаҳои зиддисилӣ бистарӣ шуда, аз 2-то 4 моҳ (вобаста ба ҳолати бемор ва муддати микробхориҷкунӣ давом мекунад.

Давраи дуюм  давраи кӯмакрасонӣ ин давраи табобат тӯлонитар буда, аз 4 то 7 моҳро дар бар мегирад. Дар ин давра бемор 2 ё 3 намуди дору қабул мекунад.Табобатро бемор метавонад дар муассисаҳои тиббии ҷои зисташ гирад.

Бемори гирифтори шакли мутобиқгаштаи силро низ табобат кардан мумкин аст, лекин табобат дарозмуддат ва шиддатнок буда, муддати 2 сол давом мекунад. Зуд-зуд қатъ намудани табобат ба авҷгирии беморӣ оварда мерасонад ва беморӣ тӯлонӣ гашта, ба дорувориҳои зиддисилӣ устуворӣ пайдо мешавад. Хеле муҳим аст, ки дар вақти беҳтар гаштани саломатӣ табобат қатъ карда нашавад.  Риояи ҳамаи тавсияҳои табиб, бетанаффус қабул намудани доруҳои зиддисилӣ, истеъмоли хӯрокҳои серғизо ва аз витаминҳо бой барои шифоёбии ӯ пурра мусоидат мекунанд.

Ана дар ҳамин давра гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои аъзоёни оила ва атрофиёни бемор зарур аст, то ки онҳо аз бемор ҳазар накунанду ҳаматарафа ӯро дастгирӣ кунанд, то ки табобати худро ба охир расонад. Беморон дар тамоми муддати табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон таъмин мешаванд.

Ҳеҷ гоҳ ба худмуолиҷакунӣ даст назанед, чунки ғайр аз дорувориҳои зиддисилии  махсус чӯбчамикроби силро дигар чизе нобуд карда наметавонад.

-Пешгирии бемории сил чӣ гуна аст?

-Риояи қоидаҳои санитарӣ — гигиенӣ, пурқувват кардани қувваи худмуҳофизатии бадан: хӯроки дуруст, (истифодаи хӯроки серғизо ва аз витаминҳо, сафедаҳо ва моддаҳои минералӣ бой) обу тоб додани организм хеле зарур аст. Ҳавои хонаро тез-тез ба воситаи кушодани дару тиреза шамол дода, ҳавояшро тоза намудан лозим аст, фарш ва тоқчаҳоро бо латтаи нам пок кардан, зарфҳои алоҳида ва ҷойи хоби алоҳидаро истифода бурдан ва ғайраҳо.

Пешгирии махсус (ваксинатсия) ба кӯдакони навзод гузаронидани ваксинаи БСЖ мебошад. Гузаронидани ин ваксина кӯдаконро аз гирифторшавии намудҳои вазнин ва хатарноки бемории сил эмин медорад.

Саломатӣ беҳтарин неъмати Худовандист, ки инсонро ба тамоми орзую омолаш мерасонад, аммо сарчашмаи асосии саломатӣ ин тозагӣ мебошад. Мутаассифона, аксари мо ба саломатии худ эътибор намедиҳем, ҳангоми ба ягон беморӣ гирифтор шудан сари вақт ба табобати он намепардозем.Танҳо баъди вазнин шудани ҳолатамон ба табиб муроҷиат мекунем, хусусан бемориҳои сирояткунанда, ки ба дигарон низ  хавфи гузаштанро доранд. Аз ин рӯ, ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Бояд дар хотир дошт, ки барқарор кардан ва нигоҳ доштани саломатӣ аз он ҳам муҳимтар аст. Хулоса, солим нигоҳ доштани бадан ба ҳар  як шахс аҳамияти бебаҳо дорад, ки ба қадри он бояд расид.  Бояд дар хотир дорем, ки бемории сил табобатшаванда буда, авлодӣ нест, сирояткунанда (гузаранда) аст ва дар сурати сари вақт муайян намудани он ва табобати пурра гирифтан дар асоси фармудаи табиб, беморӣ пурра табобат меёбад ва шахс ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа метавонад фаъолияту зиндагӣ намояд. Аз ин хотир, ҳар яки мо бояд  барои саломатии худ ва ҷомеа масъул бошем.

                                                     Мусоҳиб Мадина Давлатова

Мақолаи гузашта

Фотодерматит чист?

Мақолаи навбатӣ

Давои дарди ҷигар

user

user

Мақолаи навбатӣ
Давои дарди ҷигар

Давои дарди ҷигар

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ