• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Таҷҳизоти офтобӣ мушкилоти маркази саломатиро рафъ кард

от user
в Донистан хуб аст
0

Деҳаи Роғи Ҷамоати деҳоти «Лангар» — и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ аз шазри Душанбе қариб 300 километр ва аз маркази ноҳия 73 километр дур аст. Маркази саломатии деҳаи мазкур чор бунгоҳи саломатӣ дошта, ба сокинони 13 деҳа хизмати тиббӣ мерасонад. Дар маҷмўъ, ҳудуди хизматрасонии Маркази саломатии деҳаи Роғ аз як ҷониб 60 километрро дар бар мегирад.

Директори Маркази саломатии мазкур Аълочии тандурустии Тоҷикистон, дорандаи медали «Шафқат» Абдулқайюм Ғаффоров изҳор намуд, ки дар ҳар бунгоҳи тиббии Маркази саломатӣ мудир ва ҳамшираи шафқат ҳастанд, ки ба муроҷиаткунандагон ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд. Баъди муоина беморони ба муолиҷаи тўлонӣ эҳтиёҷдоштаро ба Маркази саломатӣ мефиристанд.

— Маркази саломатии деҳаи Роғ дорои шуъбаҳои амрози дарунӣ, кўдакона ва таваллуд мебошад. Беморони бо роҳхат ба мо муроҷиаткардаро, агар зарурат ояд, дар Маркази саломатӣ бистарӣ мекунем. Дар маҷмўъ Маркази саломатӣ ба 6000 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад,- мегўяд Абдулқайюм Ғаффоров.

Ҳамарўза 5 нафар духтурони оилавӣ, 2 акушер- гинеколог, духтурони амрози дарунӣ муроҷиаткунандагонро муоина карда, ба муолиҷа фаро мегиранд.

Аксарияти муроҷиаткунандагонро дар тобистон беморони меъдаю рўда ва дар фасли зимистон беморони шадиди роҳҳои нафас ва банду буғумҳо ташкил медиҳанд.

Деҳаи мазкур аз замони шўравӣ то имрўз бо шабакаи ягонаи барқ пайваст нест. Баъди соҳибистиқлолӣ дар деҳаи Роғ 5 неругоҳи хурди обб сохта шуд, ки дутояш ҷамъиятӣ ва сетои дигар хусусианд. То соли гузашта Маркази саломатӣ аз ин неругоҳҳо бо бару таъмин мешуд. Мутаассифона, бинобар паст будани иқтидори неругоҳҳои хурд таъминот бо барқ мунтазам набуд. Қувваи барқ зуд-зуд қатъ мешуд. Соли гузашта бо ташаббуси Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об тавассути энергияи барқароршаванда» дар боми Маркази саломатӣ панелҳои офтобӣ насб гардид. Инчунин, обгармкунаки офтобии ғунҷоишаш 2200 литр гузошта шуд.

-Ба шарофати таҷҳизоти офтобӣ Маркази саломатӣ 24 соат бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин гардид. Илова бар ин, доимо оби гарм низ мавҷуд аст. Таҷрибаи яксола собит намуд, ки дар бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатӣ ва манзили сокинони деҳоти дурдаст насб кардани таҷҳизоти офтобӣ самаранок будааст,- гуфт Абдулқайюм Ғаффоров.

Дар шароити ҷумҳурии мо як обгармкунаки офтобии ҳаҷмаш як метри мураббаъ соле 150- 200 кило ангиштсанг ва ё 100 литр маҳсулоти нефтиро сарфа менамояд. Агар масоҳати умумии обгармкунаки офтобӣ 10 метри мураббаъ бошад, соле метавонад сўхтани 2 тонна ангиштсангро пешгирӣ кунад. Яъне, таҷҳизоти офтобӣ боиси тоза мондани ҳаво мешавад. Ҳар қадар ҳаво тоза бошад, солимии аҳолӣ ҳамон андоза хубтар хоҳад шуд.

Сайфиддин СУННАТӢ

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Ҳамли барвақтӣ ва оқибатҳои он!

Мақолаи навбатӣ

Витаминҳо зидди шамолхўрӣ!

user

user

Мақолаи навбатӣ
Витаминҳо зидди шамолхўрӣ!

Витаминҳо зидди шамолхўрӣ!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«Фарм Кӯлоб»-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

«Фарм Кӯлоб»-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

10.11.2026
«Сино-2013»:  аз таъсиси ширкат то ҳамкорӣ бо хориҷиён

«Сино-2013»: аз таъсиси ширкат то ҳамкорӣ бо хориҷиён

09.11.2026
Меваҳои шифобахш

Меваҳои шифобахш

09.11.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ