
Табибони тоҷик бори аввал ҷарроҳии мураккаби нейроҷарроҳиро бо муваффақият анҷом доданд
Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» табибони кишвар бори аввал як амалиёти мураккаби микроҷарроҳиро бо истифода аз усули муосир бо муваффақият анҷом доданд.
Амалиёт бо истифода аз микроскопи ҳозиразамон ва бо усули транскаллёзӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он кистаи коллоидии қаъри меъдачаи сеюми майнаи сар хориҷ карда шуд. Ин навъи ҷарроҳӣ ба далели ҷойгиршавии омос дар яке аз қисмҳои амиқ ва ҳаётан муҳими майнаи сар аз ҷумлаи амалиётҳои хеле мураккаби нейроҷарроҳӣ ба ҳисоб меравад.
Амалиёти мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳаи нейроҷарроҳии кишвар — доктори илмҳои тиб, профессор Хуршед Раҳмонзода ва номзади илмҳои тиб, дотсент Нарзулло Раҳимзода анҷом дода шуд.
Ба гуфтаи мутахассисон, кистаи коллоидии меъдачаи сеюми майнаи сар метавонад модарзодӣ бошад ва дар давоми ҳаёт ба рушди беморӣ оварда расонад. Пештар чунин беморон дар Тоҷикистон асосан табобати паллиативӣ мегирифтанд, яъне танҳо фишори дохили косахонаи сар паст карда мешуд, ки ин усул бемориро пурра бартараф намекард.
Пас аз анҷоми ҷарроҳӣ дар бемор ягон аломати неврологӣ, аз ҷумла нуқсон дар фаъолияти ҷисмонӣ ё корӣ ба мушоҳида нарасид ва ҳолати саломатии ӯ пурра барқарор гардид.
Табибон мегӯянд, ки ба шарофати истифодаи усули микроҷарроҳӣ беморон метавонанд пас аз се-чор рӯзи бистарӣ дар беморхона ба хона рухсат дода шаванд.
Қобили зикр аст, ки микроскопи муосире, ки барои гузаронидани амалиёт истифода шуд, дорои экрани калон буда, барои омӯзиши табибони ҷавон низ имкониятҳои хуб фароҳам меорад.
Мутахассисон чунин амалиёти мураккабро пас аз гузаштани курсҳои омӯзишӣ дар як қатор кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ анҷом доданд.
Ба гуфтаи мутахассисон, татбиқи чунин усулҳои нав нишон медиҳад, ки соҳаи нейроҷарроҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, табибони ватанӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.



