
Бемориҳои гастрит, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта аксар вақт дар фасли тирамоҳ авҷ мегиранд. Сабабҳои он метавонанд тағйири реҷаи ғизо, стресс, истеъмоли хӯрокҳои серравғану тунд ва инчунин фаъол шудани бактерияи Helicobacter pylori бошанд.
— Бобуна хосияти зиддиилтиҳобӣ, зиддиспазмӣ ва таскини дард дорад. Он метавонад барои кам кардани илтиҳоби пардаи дохили меъда ва баъзе маризии меъдаю рўда истифода шавад.
-Дар зарф 10 грамм (тақрибан 3 қошуқ) бобунаи хушк гузошта, 1 стакан оби ҷўш резед. Зарфро пўшонда, тақрибан 15 дақиқа мунтазир шавед. Баъд аз дока гузаронед. Барои калонсолон рўзе ним ё сеяки стакан, 3-4 маротиба пас аз хўрок, дар ҳолати гарм истеъмол шавад.
— Тухми зағир хосияти муҳофизатӣ, зиддиилтиҳобӣ ва каме исҳоловар дорад. Ҳангоми бо об омехта шудан тухми зағир моддаи луобмонанд ҳосил мекунад. Ин луоб пардаи дохили меъда ва рўдаро бо қабати тунук мепўшонад ва метавонад онро аз таъсири ангезандаҳо муҳофизат кунад. Равғани дар тухми зағир мавҷуда низ метавонад таъсири нармкунанда, зиддиилтиҳобӣ ва барқароркунанда дошта бошад. Аз ин рў, тухми зағир дар баъзе ҳолатҳои илтиҳобӣ ва захми меъдаю рўда, аз ҷумла гастрит, захми меъда ва рўдаи дувоздаҳангушта, энтерит ва колит истифода мешавад.
-Тақрибан ним қошуқча тухми зағирро ба ним стакан оби ҷўш резед.15 дақиқа хуб ҷунбонед ва баъд аз филтр гузаронед. Чоряк стаканӣ 3 маротиба дар як рўз 30 дақиқа пеш аз хўрок истеъмол кунед.
-Ба зарф гиёҳи пудина ва бўйимодаронро миқдори баробар (1 қошуқча) мегиранд. Ба он оби ҷўш рехта, дар оташи паст чанд дақиқа меҷўшонанд. Пас аз хунук шудан рўзе се маротиба 50 мл менўшанд.
-Бобуна, зира ва розиёна (фенхел)-ро дар таносуби баробар омехта намуда, аз омехтаи ҳосилшуда 1 қошуқи калон мегиранд. Ба он 350 мл оби ҷўш илова карда, то пурра хунук шудан дам медиҳанд. Нўшокии тайёрро 3 маротиба дар як рўз истеъмол мекунанд.
-Ҳангоми баланд шудани туршии меъда аз гиёҳҳои шифобахш истифода бурдан мумкин аст. Шарбати нав тайёркардаи сабр (алоэ)ро ба миқдори 2 қошуқча пеш аз хўрок истеъмол кунед.
-Аз 1 қошуқча гули ҳамешабаҳор (календула) ва 1 стакан оби ҷўш ҷўшоба тайёр мекунанд. Онро 100 мл, 3 маротиба дар як рўз менўшанд.



