
Рӯзҳои 2-3-юми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Конгресси миллии панҷуми «Тандурустии миллӣ-2026» бо ташаббуси Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ва иштироки коршиносони байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори конгресс вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи тандурустӣ суханронӣ намуд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи тандурустӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ буд.
Дар меҳвари муҳокимаҳо масъалаҳои рушди тибби фардӣ, такмили инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳа, истифодаи зеҳни сунъӣ ва сиёсати самараноки кадрӣ қарор доштанд.
Ҳамзамон, дар доираи конгресс иҷлосияи махсус бахшида ба 15-солагии Эъломияи Москва оид ба тарзи ҳаёти солим ва бемориҳои ғайрисироятӣ баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода низ иштирок намуд. Зимни ҷаласа аҳаммияти таҳкими низомҳои миллии тандурустӣ, пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва таҳияи роҳҳои ҳалли муштараки масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҳошияи чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази миллии тадқиқоти тиббии ҷарроҳии ба номи А. В. Вишневский дар шаҳри Москва боздид намуда, бо фаъолияти он шинос гардид.
Зимни боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори марказ Амиран Шатаевич Ревишвили мулоқот анҷом дода, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷрибаи мутахассисон ва истифодаи имкониятҳои муосири ташхису табобатро баррасӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки маркази мазкур яке аз муассисаҳои бонуфузи бисёрсоҳаи ҷарроҳии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, дар самтҳои ҷарроҳии шикам, рагҳо, дил, қафаси сина, табобати осебҳои сӯхтагӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй фаъолият менамояд. Самти асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии он ба таҳия ва татбиқи усулҳои нави ҷарроҳӣ, истифодаи технологияҳои каминвазивӣ ва такмили усулҳои беҳисгардонӣ ва эҳёгарӣ равона гардидааст.
Инчунин, дар доираи конгресс вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони тандурустии як қатор кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Хорватия, инчунин ректори Донишгоҳи тиббии Қазон мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба, рушди робитаҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири тиббиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар баробари ин, Ҷамолиддин Абдуллозода ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Россия, аз ҷумла «Медицинская газета», мусоҳиба дода, оид ба натиҷаҳои конгресс ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи тандурустӣ андешаронӣ намуд.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ, ҷалби таҷрибаи пешқадам ва фароҳам овардани заминаҳои нави ҳамкорӣ ҷиҳати рушди соҳаи тандурустии кишвар аҳаммияти муҳим дорад.



