• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Витилиго ё «нуқсони косметикӣ»

от user
в Бемориҳои пӯст
0

Бемории париши хунро витилиго ё барас ном мебаранд. Дар натиҷаи ихтилоли ранггирии бофтаҳо, яъне гумшавии пигменти меланин дар пӯсти ҳар ҷои бадан доғҳои сафеди калону майда пайдо мешаванд. Ин боиси нохушӣ, изтироб, азоби рӯҳии шахси бемор мегардад. Ба дараҷае, ки аз одамон канора меҷӯяд. Шояд аз муносибати нодурусти мардум бошад, ки аз шахсони гирифтори париши хун ошкору ниҳон ҳазар мекунанд. Ҳол он ки ин беморӣ хатар надорад, чунки сироятӣ нест, аз кас ба кас намегузарад. На аз ҳамхоба, на аз сачоқу либос, зарфҳои таомхӯрӣ ва ҳатто на аз бӯсидани якдигар. Дар мамлакатҳои хориҷӣ, бахусус дар Европа, ба витилиго нигоҳи куллан дигар дошта, онро ҳамагӣ ”нуқсони косметикӣ” мешуморанд.

Олимони тиб пайдоиши витилигоро ба тарс, стресс, ғизо, хунукзании мӯйрагҳо, истифодаи нодурусти сӯзандоруҳо ва ғадудҳои тарашшўҳӣ рабт медиҳанд. Мутахасисон ҳамчунин, бемории мазкурро аз фаъолияти ғадуди болои гурда вобаста медонанд. Ғадуди мазкур инсулин ва адреналинро ҳосил мекунад. Аз ҳад зиёд ё кам хориҷ шудани адреналин ва инсулин сабаби пайдоиши ин ва дигар касалиҳо шуда метавонад.

Бемории витилиго бештар дар наврасон ва ҷавонони 25-26-сола ба мушоҳида мерасад. Нишонаҳои аввалинаш дар буғуми пой зону, оринҷ, даст, сина, тахтапушт ва бештар дар ҷойҳои обраси бадан пайдо мешаванд.

Ҳангоми пайдошавии доғҳои аввалин ба табибони пӯстшинос (дерматолог) муроҷиат кардан зарур аст.

Пӯстшиносҳо алъон табобати витилигоро ба воситаи кварс ва лазер ба роҳ мондаанд. Нурҳои лазерӣ ва кварсӣ, ки ултрабунафшанд, ҳасосияти пӯстро метезонанд ва дар ҷойҳои доғи сафед доначаҳои гандумранг пайдо мешаванд. Инчунин, аз хокаи купароси мис истифода мебаранд.

Ба мушоҳидаи банда витилиго табобатшаванда аст. Яке аз роҳҳои асосии табобаташ истифодаи пайвастаи нури офтоб мебошад. Нури офтоб метавонад моддаҳои даркориро ба витамини Д табдил диҳад, ки сабаби зич шудани доначаҳо (пигментҳо) мегардад. Бинобар ҳамин шахсони бемор дар ҷойҳои офтобии ҳавлӣ, боғ ва дигар ҷойҳои дилхоҳ худро офтоб диҳанд. Лекин бо риояи ҳатмии меъёр, зеро офтобхӯрии зиёд зиён дорад. Ваннаи офтобӣ аз 10-15 дақиқаи рӯзҳои аввал тадриҷан то як соат расонида мешавад. Баъди ҳар офтобдиҳӣ ҷойҳои сафедгаштаро бо равғани ҳайвонот, наботот, вазелин, глисерин, шароби сурх ё малҳами сулфур (серый маз) молиш додан даркор. Бо якчанд маротиба офтоб додани пӯст доғҳои гандумранг пайдо меша-ванд ва тадриҷан доғҳои сафед нест мешаванд. Ногуфта намонад, ки дар ҷойҳои сернами бадан, мисли зери каш, буғуми дастҳо, зери манаҳ, бинӣ ва лабҳо табобат андаке тӯл мекашад. Аз ҳамин хотир, бояд ба духтур муроҷиат кард, барои доруҳое, ки бухори обро дар пӯст камтар мекунанд.

Дигар чизе, ки пеши роҳи ин бемориро мегирад, риояи реҷаи ғизо мебошад. Илман исбот шудааст, ки истеъмоли зиёди таоми сафедадор касалии витилигоро меангезад. Барои рафъи париши хун ғизоҳои витамини Д дошта муфид аст. Витамини Д дар таркиби равғани моҳӣ, ҷигар, тухм, сабзавот бештар мебошад.

Барои муваққатан рӯйпӯш кардани доғҳои сафеди чашмрас метавонед аз ин тавсия истифода баред:

Хока ё малҳамҳои косметикии ранги гандумдошта; (ба ранги пӯст мувофиқ), гул, барг, пояи ҳиноро реза карда, ба ҷои доғ молед, омехтаи пӯсти болои донаи чормағз бо спирт низ муфид аст. Бе спирт ҳам мумкин, вале дар фаслҳои тирамоҳу зимистон омехтаи спирт зарур аст.

Тибби халқӣ бисёр тавсияҳо дорад оид ба бемориҳои гуногун. Лекин набояд фаромўш кард, ки ин давоҳо дар ягон маркази дорусозӣ ташхису тасдиқ нашудаанд. Аз ин рӯ, дар сурати пайдо шудани доғҳои сафед маҳз ба табибон муроҷиат кардан беҳтар аст.

Қурбони ҶОМӢ,

омӯзгори собиқадор,

ноҳияи Файзобод

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Витаминҳо зидди шамолхўрӣ!

Мақолаи навбатӣ

Пайроҳаи падар муқаддас аст!

user

user

Мақолаи навбатӣ
Пайроҳаи падар муқаддас аст!

Пайроҳаи падар муқаддас аст!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026
Как воспаление простаты погубило космическую станцию

Как воспаление простаты погубило космическую станцию

13.06.2026
Фишоратон баланд? 2 финҷон какао нӯшед!

Фишоратон баланд? 2 финҷон какао нӯшед!

12.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ