• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Пайроҳаи падар муқаддас аст!

от user
в Фарматсевтика
0

Пайроҳаи падар бароямон муқаддас аст!

Рўзи мавлуд, хусусан санаҳои яклухти он инсонро водор месозад як маротиба ба умри гузаштаи хеш назар афканад, то кўлвори ў аз ин роҳи тайкарда ба худ чӣ бардоштааст?!

12 август яке аз собиқадорони соҳаи  дорусозии ҷумҳурӣ, мураббии дорусозони ҷавони шаҳри Конибодом Ҳасанбой Сиддиқов ба синни мубораки 70 мерасад.

Ҳангоми сўҳбат бо  ў ва ҳамсафону шогирдон, роҳбарияти Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суѓд ба чунин хулоса омадем, ки воқеан Ҳасанбой Сиддиқов 70 соли умри хешро ончунон сипарӣ кардааст, ки шоистаи таҳсин ва қайду зикр аст.

Ў аз насли солҳои баъдиҷангӣ аст. Дар деҳаи Шаҳидқароянтоқи ноҳияи Конибодом ба дунё омада, бо нони ҳалоли деҳқонӣ ба камол расидааст.

-Соли 1963 баъди хатми мактаб мо се нафар ҷавонони конибодомӣ ба факултаи табобатии Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон дохил шудем,- варақгардон мекунад дафтари хотираҳояшро Ҳасанбой,- аммо, ректори онвақта, профессор Комил Тоҷиев ба мо тавсия доданд, ки таҳсиламонро дар факултаи фарматсияи Институти тиббии шаҳри Тошканд идома диҳем. Маслиҳати устодро гўш кардем. Имрўз бо гузашти солҳо ман ба чунин хулоса омадам, ки хато накарда будаем, зеро тўли солҳои фаъолият он чӣ дар дил орзу ният доштем аз ин касб, Худованд моро расонд.

Фаъолияти меҳнатии Ҳ. Сиддиқов соли 1968 дар Идораи дорухонаҳои вилояти Суѓд ба сифати ретсептор-назоратчӣ оѓоз меёбад. Баъди як муддати фаъолият ўро барои адои хизмати ҳарбӣ даъват мекунанд. Дар яке аз қисмҳои ҳарбии ҷумҳурии Туркманистон нахуст фелдшер, баъд сардори дорухонаи полк шуда кор мекунад. Баъди адои хизмат бо назардошти дониши амиқи соҳавӣ Ҳасанбой Сиддиқовро дар дорухонаи марказии ноҳияи Конибодом ба ҳайси ҷонишин, дар дорухонаи №5 сардор ва ниҳоят, соли 1973 бо супориши роҳбарияти Идораи дорухонаҳои вилоят дорухонаи байнибеморхонавиро таъсис дода, то соли 1986 дар он ҷо кор мекунад. Минбаъд бошад, бо фармони сардори дорухонаҳои вилоят ўро сардори дорухонаи марказии ноҳияи Конибодом, №9 таъин мекунанд:

-Аслан, ману Ҳасанбой Сиддиқов дар як донишкадаи соҳавӣ таҳсил кардаем. Аз ҷавониаш чусту чолок буд, дарсҳоро хуб аз худ мекард. Бо баҳо хубу аъло таҳсил менамуд,- ба хотир меорад, Аълочии ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исохоҷа Каримохоҷаев,-нишондиҳандаҳои истеҳсолиаш хуб буд. Бинобар ин ҳам, ўро сардори дорухонаи марказии ноҳия таъин намудем.

Бино ба нақли сардори дорухонаи марказии ноҳияи Конибодом Раҳмонҷон Алиев, Ҳасанбой баробари оѓози фаъолият дар дорухонаи марказӣ якчанд навгониҳо ҷорӣ кард. Масалан, шуъбаҳои хизматрасонӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бачагона, фитотерапияро ташкил ва фаъолияташро ҷоннок намуд. Баъди 8 соли фаъолияташ роҳбарияти соҳа дар вилоят зарур донист ўро барои идомаи фаъолият ба дорухонаи №2 ба кор гузаронад. Вазъи ин дорухона, ки то ба кор сар кардани Ҳасанбой Сиддиқов беҳбудӣ мехост, бо кўшишу заҳмати ў хеле беҳтар ва минбаъд ба яке аз дорухонаҳои намунавии шаҳри Конибодом табдил ёфт. Дар ин дорухона то соли 2007 фаъолият намуд ва ба нафақаи пиронсолӣ рафт.

Фарзандони хонадон Ҳамзаалӣ, Хуршед, Наргису Нилуфар ҳама бо роҳи қиблагоҳӣ рафта, имрўзҳо дар соҳаи дорусозӣ фаъолияти самаранок доранд. Дар 30 дорухонаҳои амалкунандаи шаҳри Конибодом бошад, аксар шогирдони ў ба мардум хизмат мерасонанд.

Ҳасанбой Сиддиқов барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи дорусозӣ соли 1978 бо нишони сарисинагии «Аълочии ҳифзи тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст. Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Раёсати тандурустии вилояти Суѓд, МИҲД шаҳри Конибодом ва Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суѓд, ки барои меҳнати шоёнаш сарфароз гардонида шудаанд,  беҳисобанд.

Вақте аз фарзандон пурсидем, ки «пайроҳаи падар чӣ гуна аст?», дар ҷавоб чунин гуфтанд:

-Пайроҳаи падар бароямон муқаддас аст!

М.Маҳмудов.

Дар сурат: Ҳасанбой Сиддиқов бо фарзандони дорусозаш Наргису Ҳамзаалӣ ва Нилуфар.

 

Мақолаи гузашта

Дорухонаи ҶДММ «Витекс».

Мақолаи навбатӣ

Бобою набераи дорусоз.

user

user

Мақолаи навбатӣ
Бобою набераи дорусоз.

Бобою набераи дорусоз.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ