
Мумиё — моддаи муммонанди табиӣ бошад, ки манбаи асосияш кўҳҳои Ҳимолой байни Ҳиндустон ва Непал, ҳамчунин Тибет,
Тоҷикистон ва Афғонистон ба шумор мераванд. Он аз асали кўҳӣ ва минералҳои органикӣ таркиб меёбад ва зиёда аз 4000 сол инҷониб дар тибби халқӣ чун даво машҳуру маъмул мебошад.
АЗ ШИКАСТИ УСТУХОН ТО ЗАҲРИ МОР
Мавриди таъкиди махсус аст, ки нобиғаҳои тибби ҷаҳонӣ, табибони машҳури форсу тоҷик Абӯали ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯбакр Рабеи Бухороӣ, Муҳаммад Ҳусейни
Шерозӣ мумиёро барои табобати дарду шикастагии устухон, иллати пайванду мушак, захми меъдаю рӯдаҳо ва пӯст, дарди гулу, баъзе бемориҳои системаи асаб, бемориҳои ҷигар, камхунӣ, инчунин ҳангоми газидани мор ва дигар ҷонварҳо чун позаҳр истифода мебурданд.
Имрӯз низ он дар тибби халқии кишварҳои Осиё, бавижа Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон ба таври густурда корбаст мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон зиёда аз 20 манбаи мумиё омӯхта шудааст. Таъсир ва қобилияти шифобахшии мумиё аз макро ва микроэлементҳои таркиби он бармеояд. Тибқи тадқиқотҳои кимиёӣ мумиёи тоза 29-30, начандон тоза 21-23 ва ифлос 14-15 намуд макро ва микроэлемент дорад.
Миқдори моддаҳои органикӣ (то 22 %) ва хусусан нитроген (32-46 %) дар он зиёд мебошад. Омӯзиши фармакологӣ безарар будани мумиёро исбот намуда, нишон дод, ки мумиёи бо усули махсус тозашуда дар муолиҷаи басо беморӣ ёрӣ мерасонад.
МУМИЁ ЧӢ ХУСУСИЯТИ ДАВОӢ ДОРАД
Ҳоло 12 хусусияти давоии исботшудаи онро зикр мекунем:
— Ҳифз аз бемории Алсгеймер
— Муолиҷаи бузурриётии мард ва афзунсозии тестостерон
— Коҳишдиҳии хастагии музмин
— Боздошти раванди пиршавӣ
— Зиёд кардани гемоглобин
— Таъсири муҳофизатӣ ба дил
— Мусоидати назаррас ба харобшавӣ
— Тезондани нобудсозии ҳуҷайраҳои
саратони ҷигар
— Маҳв кардани вирусҳои герпес
— Тақвияти солимии меъда
— Ба ҳам овардани устухонҳои шикаста
— Рафъи заҳри мор
ОЁ МУМИЁ ХАВФНОК ҲАМ МЕШАВАД
Мумиёро асосан бо чой ё шири гарм омехта менӯшанд. Дар шакли табиӣ мумиё як моддаи гетерогенӣ, маводи чандирӣ, аксаран қаҳваранг ё қаҳваранги сиёҳ мебошад. Дар ин ҳол мумиё корношоям аст, зеро ғаждҳои дар он мавҷуда ба саломатии одам хатарноканд. Танҳо мумиёи махсус тозашударо, ки ранги сиёҳ дораду бӯяш тезу маззааш талх аст, бояд истифода бурд. Он дар об пурра ҳал мешавад.
Дар таркиби мумиё унсури асосӣ антиоксидант ба шумор меравад, дар он ҳамчунин моддаҳои фаъоли биологӣ, микроэлементҳо мавҷуданд, ки ҷараёни мубодилаи моддаҳоро ба эътидол меоранд. Мумиё ба ҳар намуд микроб, монанди коккҳои хӯшашакл, қаламчамикробҳо таъсири хуб мерасонад. Ғайр аз ин хориши пӯстро рафъ ва гардиши хунро дар мушакҳои дил зиёд менамояд. Он шифои захми узвҳои ҳозима ва пӯстро тезонда, кори ғадудҳои дохилиро фаъол мегардонад, девораҳои рагҳои хунгардро мустаҳкам намуда, масуниятро баланд мебардорад, нури чашм ва шунавоии гӯшро бештар мекунад, ба мустаҳкамшавии нохунҳо ёрӣ мерасонад.
МАВРИДҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ МУМИЁ
1. Шикастани устухон, ёзиш ва латхӯрии пайвандҳо
2. Бемориҳои захми меъда ва рӯдаи 12 ангушта
3. Бемориҳои рӯдаҳо
4. Бемориҳои ҷигар
5. Бемориҳои бавосир
6. Бемории тарбод
7. Бемориҳои хун, камхунӣ
8. Захми сироятии чиркбастаи пӯст.
9. Сӯхтагӣ
10. Бемории сили устухон
11. Дарди сар ва нимсара
12. Табларза ва баландшавии таб
13. Сарчархӣ
14. Илтиҳоби ғадуди сина
15. Хунравӣ аз шушҳо
16. Бемориҳои илтиҳоб ва боднок, гулӯдард, зуком, сулфа
17. Бемориҳои занона, захми гарданаки
бачадон, илтиҳоб, безурётӣ
18. Дағалшавии сиёҳрагҳои пойҳо
19. Бемориҳои стоматологӣ.
20. Позаҳр ҳангоми газидани мору каждум.
ВА ОХИРИН. Муайян кардани сифати мумиё кори душвор нест. Як миқдорашро дар кафи даст чанде нигоҳ доред. Агар аз гармии даст мулоиму чандир шавад ва дар кафи даст пайаш намонад, пас мумиёи асил аст.
Баръакси ҳол он тоза нест ва аз истифодааш бояд худдорӣ кард.
Д. МАВЛОНОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
шаҳри Панҷакент



