
Инак, мову шумо бо соли 2025 падруд мегӯем. Падрудамон оҳанги таассуф надорад, баръакс бо ҳисси шодмонӣ, қаноатмандӣ ва сипос гуселаш мекунем, зеро боз як сол дар оғӯши гарми Ватани маҳбуб рӯзгорамон дар фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ гузашт.
Шукри беҳад Офаридгорро ва шукри Пешвои муаззамамон, ки сафинаи умеду армони халқашро аз миёни уқёнуси пурталотуми ин дунёи пурнифоқ бо камоли хираду эҳтиёт бегазанд ҷониби диёри мурод — Тоҷикистони шукуфою мутараққӣ мебарад.
Бо аҷр гузоштану азиз доштани ҳамин неъмати бебаҳо — сулҳу амонӣ давоми соли гузашта дар тамоми гӯшаю канори диёр ҳама аҳлона аз пайи ободкорӣ буданд, ки аз файзу баракати он рӯзгорамон гуворотар мегашту кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳияю шаҳрҳо оростатар мешуданд, корхонаҳо, биноҳою иншооти гуногунтаъинот бунёд меёфтанд.
Чунин рушди назарраси иқтисодиёту иҷтимоиёт, пешрафту ободӣ аввал ба миллате даст медиҳад, ки на танҳо меҳнатқарин, балки рӯҳану ҷисман солим аст. Бинобар ҳамин ҳифзи тандурустии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар мебошад ва барои рушди соҳаи тиб пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Ҳоло беморхонаҳою марказҳои тиббии давлатию хусусие қомат меафрозанд, ки қасрро мемонанд. Дар онҳо барои ташхису табобат табибон аз муосиртарин таҷҳизот, дорую дармони насли нав истифода намуда, сифати хизматрасониро боз ҳам боло мебаранд.
Дигар падидаи матлуб ин солҳои охир босуръат рушд кардани фармасевтикаи миллист, ки умедворем бо қабул шудани қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ “Дар бораи барномаи рушди соҳаи дорусозӣ барои солҳои 2026-2030” заминаи мусоиде ва такони ҷиддие барои соҳаи дорусозии тоҷик ба миён хоҳад омад.
Мехоҳам ин ҷо чанд сухан аз фаъолияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2025 бигӯям. Ниҳоди мо хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ ва фармасевтӣ, инчунин ҳифзи иҷтимоии аҳолиро назорат мекунад. То ки бемор дар асоси ташхиси аниқ дуруст муолиҷа карда шавад, нигаҳдорӣ ва савдои доруворӣ қатъиян дар доираи тартибу меъёрҳои мушаххас сурат гирад, ҳуқуқи иҷтимоии гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ қатъиян риоя гардад.
Дар соли анҷомёфта кормандони Хадамот дар муассисаҳои тандурустӣ наздики 500 санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронданд. Дар ин миён ҳатто рейдҳои шабона ҳам буданд. Дар маҷмуъ, дар онҳо сатҳу сифати хизматрасонӣ қаноатбахш арзёбӣ шуд. Ҳарчанд камбудиҳо ҳам буданд, ки ислоҳашонро ба сарварони муассисаҳо таъкид кардем.
Айни замон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ зиёда аз 3,5 ҳазор дорухона фаъолият дорад, ки нисбат ба соли пешин 157 адад зиёд мебошад.
Инак, мову шумо дар остонаи соли 2026 қарор дорем. Дар Соли нав ҷашни бузурги таърихӣ — 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил хоҳем кард, ки он марҳилаи нави рушду шукуфоии беназири Ватани маҳбубамон хоҳад шуд. Инчунин, бигзор соли 2026 соли таҳкими саноати дорусозии кишвар гардад!
Бо ҳамин руҳияи идона мардуми шарифи диёр, кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла аҳли Хадамотро бо фарорасии Соли нав самимона табрик намуда, барояшон тани солим, бахту иқбол, рӯзгори шоиста ва комёбӣ таманно дорам. Соли 2026 хуҷаста бод!
Султон БЕКМУРОДЗОДА,
сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ



