• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Соли Асп. Он бо чӣ моро хурсанд хоҳад кард?

от user
в Донистан хуб аст
0

Асп дар солшумории шарқи дар ҷои ҳафтум қарор дошта, рамзи пешрафт, озодӣ, қатъият ва саъйи устувори фатҳи қуллаҳо ҳисобида мешавад.

Дар солшумории чинӣ ҳар сол на танҳо ҳайвони мучалӣ, балки яке аз панҷ унсур — Оташ, Замин, Дарахт, Фулуз ва Об низ илова карда мешавад. Чунончи, дар соли 2026 ба симои Аспнеруи Оташ зам мегардад, ки он фаъолтарин, пуртазодтарин ва босуръаттарин унсур ба шумор меравад. Дар натиҷа, симои Аспи Оташин харизматикӣ, илҳомбахш ва боздоштанашаванда ба вуҷуд меояд. Вай роҳбарӣ мекунад, торикиро барҳам мезанад, шавқу ҳавас меангезад, аммо ҷонибдори интизоми сахти дохилист. Ин соли тағйирот, тарзи дурусти сарварӣ, расидан ба орзую ният ва озмоиши камолоти рӯҳ хоҳад буд.

Асп ва унсури оташ омезиши нодирест, ки дар 60 сол як маротиба такрор меёбад. Солҳои 1906, 1918, 1930, 1942, 1954, 1966, 1978, 1990, 2002 ва 2014 соли Асп буданд. Дар ин давраҳо як қатор воқеаҳои хотирмон дар таърих сабт шудаанд. Аз ҷумла, нахустин мусоҳибаи телевизионӣ, истеҳсоли лентаи магнитии сабти овоз, системаи амалиётии Windows, шабакияи сунъии чашм ва истифодаи нахустин нанопротсессор.

Леонид Брежнев (1906), президент Ким Ир Сен (1912), сиёсатмадор Нелсон Мандела (1918), астронавт Нил Армстронг (1930), муштзан Муҳаммад Алӣ (1942), ҳунарманд Ҷеки Чан

(1954), бизнесмен Роман Абрамович (1966), дарвозабон Ҷанлуиҷи Буффон (1978), шоҳмотбоз Магнус Карлсен (1990), блогер Хасбулла Магомедов (2002), шаҳзодаи Монако Жак Оноре Ренйе (2014) барин ашхоси маъруф зодагони соли Аспанд.

Одамони дар соли Асп таваллудшуда хеле фаъол, боистеъдод ва самимӣ мебошанд. Онҳо дар байни мардум буданро дӯст медоранд. Устуворӣ, меҳнатдӯстӣ ва дидадаро будани зодагони соли Асп атрофиёнро ба осонӣ ба худ ҷалб мекунад. Аз ин ру, Асп ҳамеша дӯсту шиноси зиёд дорад.

Одамоне, ки дар соли Асп таваллуд шудаанд, зиндадил ва шӯхтабъ мебошанд. Онҳо доно ва зирак буда, донишҳои навро зуд азхуд мекунанд. Аксар зодагони соли Асп истеъдодноку ҳунарманд, саломатияшон мустаҳкам буда, саёҳатро дўст медоранд. Сарфакору сариштакоранд, зиндагии сарватмандонаро меписанданд. Аз онҳо физик, биолог, химик, табиб, байтор, дипломат, корманди молия, меъмор ва ҳайкалтароши хуб мебарояд.

Ҳамаи касбҳое, ки истифодаи санъати суханронӣ, фаҳмидани ниёзҳои одамон ва малакаҳои идоракунии онҳоро тақозо доранд, барои одамони соли Асп мувофиқанд.

Асп ҳеҷ гоҳ истиқлолияти худро аз даст намедиҳад, аксар вақт баҳсу мунозира мекунаду дигаронро танқид. Аммо қобилияти мутобиқ шудан ба шарики худро дорад. Асп дар бунёди оила бо зодагони кадом солҳо мувофиқ аст? Мутобиқати беҳтарин бо Харгӯш, Саг, Гӯсфанд ва Паланг хоҳад шуд. Муносибати ояндадор инчунин бо Мор ва Асп. Муносибати на он қадар муваффақ бо Муш, Гов, Ҳамдуна ва Мурғ.

Асп шарики боэътимодест, ки дар муносибат эҳтиром ва эътимодро ба вуҷуд меорад. Вай бисёр ва бо шавқ кор мекунад. Соли Асп тағйирот ва кашфиёти зиёд меорад ва одамоне, ки зери ин аломат таваллуд шудаанд, маҳбуби ҳамагон мешаванд.

Таҳияи С. СУННАТӢ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Физическая активность у больных с артериальной гипертензией

Мақолаи навбатӣ

2026-Соли ривоҷи саноати дорусозӣ бошад

user

user

Мақолаи навбатӣ
2026-Соли ривоҷи саноати дорусозӣ бошад

2026-Соли ривоҷи саноати дорусозӣ бошад

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ