• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Дарунравии кӯдакон ва роҳҳои пешгирии он

от user
в Бемориҳои кӯдакона
0

Дарунравӣ бемории маъмулӣ буда, омилҳои гуногуни пайдошавӣ дорад. Аз ҷумла риоя нагардидани гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар оила, истеъмоли меваю сабзавоти ношуста, ғизои мўҳлаташ гузашта ё туршшуда ба ин боис шуда метавонанд.

Бояд гуфт, ки дарунравӣ дар натиҷаи истифодаи баъзе аз доруворӣ низ сар заданаш мумкин аст, махсусан, истифодаи тӯлонии антибиотикҳо. Ҳамчунин, кӯдакони синни ширмак бисёр осебпазир буда, дар ҳолати ба ҷои шири модар шири сунъӣ хӯрдан эҳтимоли дарунрав шуданашон зиёд мегардад.

Ин беморӣ мӯҳлати гуногуни пайдоиш дошта, аз якчанд соат то чанд рӯз давом мекунад. Яъне шадид, давомнок ва тӯлонӣ (зиёда аз 14 рӯз) мешавад. Дар натиҷаи дарунравӣ кӯдак бемадор гашта, ҳарорати баданаш боло меравад ва коҳиши оби бадан ба амал меояд. Бояд таъкид намуд, ки ҳолати мазкур барои кӯдакон хеле хатарнок буда, талафи аз ҳад зиёди оби бадан мумкин аст ба фавти онҳо орад. Ҳамчунин, дар узвҳои ҳозима бактерия ва моддаҳои зараровар пайдо шуда, фаъолияти муътадили меъдаю рӯдаҳоро халалдор месозанд.

Дар баробари пайдо шудани нишонаҳои дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, баланд шудани таб ва хушкии даҳон дахолати фаврии табиби оилавӣ лозим аст. Аз ин рӯ, волидон бояд бетаъхир табибро ба хона даъват намоянд. То омадани табиб бошад, ба кӯдаки дарунрав бояд маҳлули намакоб (регидрон) нӯшонд. Айни ҳол аксарияти марказҳои саломатӣ бо хокаи регидрон таъмин буда, ҳангоми муроҷиат беморонро бо маҳлули регидрон ройгон таъмин мекунанд.

Бояд таъкид кунам, ки бе тавсияи духтур ба кӯдакони навзоду ширмак дорувории зидди дарунравӣ додан мумкин нест, зеро аз ин “мустақилии” волидон ҳолати кӯдаки бемор бад шуда метавонад.

Яке аз роҳҳҳои дигари пешгирии дарунравӣ ин парҳез мебошад. Волидон набояд ба бемор ширу маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, нӯшобаҳои гуногун, шарбати ширини меваҳо диҳанд. Давом додани синамаконии кўдакони ширхора ҳатмист, чунки синамаконӣ метавонад шиддатнокии дарунравиро паст намояд. Ҳамчунин тавсия мешавад, ки ба кўдакони аз синни 6 – моҳа боло оби шўрбо, биринҷ, зардолу, ҷурғот ва дигар нӯшобаҳоро диҳанд. Ғизои иловагӣ дар муддати 2 ҳафтаи аввал ба бемор зарур мебошад. Инчунин, ба кўдаконе, ки ғизоҳои сунъӣ истеъмол мекунанд, бояд ҳар дафъа баъди дарунравӣ ба таври илова ба ин миқдор бояд регидрон нӯшонд: то дусола аз 200 то 300 мл ва аз дусола боло аз 300 то 750 мл.

Маҳлули регидронро дар зарфи сафолин тайёр кардан хубтар аст, на дар зарфи шишагин. Онро ба фарзандатон бо қошуқча кам-кам дар фосилаи ҳар панҷ-даҳ дақиқа нӯшонед. Агар ин ҳангом дилаш беҳузур шавад ё қай кунад, ягон даҳ дақиқа танаффус карда, баъд боз оҳиста – оҳиста нўшонидани маҳлулро давом диҳед. Кӯдаки бемор то қатъи пурраи дарунравӣ бояд ҳарчи бештар моеъ нўшад.

Бо мақсади муайянсозии сабабҳои дарунравии шадид волидонро зарур аст, ки фавран наҷосати беморро барои ташхис ба озмоишгоҳ супоранд.

Кӯдакони хешро эҳтиёт намоед!

Маҳмадаюб АЗИМОВ,

табиби оилавии Маркази саломатии №13

Мақолаи гузашта

Одам шудан хоҳӣ, хон! (идома)

Мақолаи навбатӣ

Табобати ҷигар бо гиёҳҳои шифобахш

user

user

Мақолаи навбатӣ
Табобати ҷигар бо гиёҳҳои шифобахш

Табобати ҷигар бо гиёҳҳои шифобахш

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

5 бемории кӯдакон дар тобистон ва илоҷи он

5 бемории кӯдакон дар тобистон ва илоҷи он

10.07.2026
Маркази солимгардонии  «Соҳили Унҷӣ» ифтитоҳ ёфт

Маркази солимгардонии «Соҳили Унҷӣ» ифтитоҳ ёфт

08.07.2026
Фаъолияти шашмоҳаи Вазорати тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

Фаъолияти шашмоҳаи Вазорати тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

08.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ