• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

5 бемории кӯдакон дар тобистон ва илоҷи он

от user
в Бемориҳои кӯдакона
0

Фасли дўстдоштаи бачаҳо — тобистон ҳам фаро расид. Акнун онҳо дигар фориғ аз ташвишҳои дарстайёркунию мактабравӣ ҳамроҳи хоҳару додаракони хурдсол ва ҷўраю дугонаҳояшон бештари вақтро дар назди хона, кўча, майдончаи варзишӣ бо бозӣ мегузаронанд.

Дар баробари ин, чандин бемориҳои мавсимии кўдакона ҳастанд, ки маҳз дар ҳамин рўзҳои офтобӣ авҷ мегиранд. Чун на ҳама волидон дар бораи ин маризиҳо ва роҳҳои пешгирияшон маълумоти зарурӣ доранд, мо аз табиби ҳозиқ Муқим ГУЛОВ, ки ба табобати хурдсолон муваффақона машғул аст, тафсири масъаларо хоҳиш кардем.

Дар тобистон ҷойи шамолхӯриҳоро касалиҳои “дастони ифлос”, дарунравӣ ва сирояту заҳролудшавӣ аз ҳар гуна ҳашарот, меваи ношуста, ғизои вайроншуда, тамос бо ҳайвонот, оббозӣ дар ҷӯю рӯдҳои ифлос мегиранд. Пеш аз идомаи шарҳи мавзуъ, мехоҳам ба кормандони маҷаллаи ҷолиби “Даво”, ки ҳар шумораашро бо шавқ мехонам, изҳори сипос кунам.

Маҷалла натанҳо барои кормандони соҳаи тиб муфид аст. Дар бисёр маводи он ба падару модарон барои ҳифзи солимии фарзандон маслиҳату тавсияҳои арзишманд пешниҳод мешавад. Аз ҷумла, дар шумораи моҳи майии “Даво” доир ба дарунравии кӯдакон ва роҳҳои пешгирияш мақолаи хубе нашр шуд, ки аз ин ҳамчун мутахассиси соҳа бисёр шод гаштам. Чун ҳоҷати такрор нест, ҳоло ба ин мавзуъ дахл намекунам. Акнун давоми сухан.

БЕМОРИҲОИ ДАСТОНИ ИФЛОС: СИРОЯТИ МЕЪДА

Дар мавсими гармо кӯдакон аз сирояти меъда ва дарунравӣ азият мекашанд. Он дар натиҷаи ба организм роҳ ёфтани вирусу микробҳои хавфноке ба амал меояд, ки узви ҳозимаро бемор карда, гастриту энтерити шадидро меангезад.

Микробу вирусҳо ба организми кӯдакон бо обу ғизои бесифат, дасти ифлос, ки бо он ба рӯй ва даҳон мерасанд, инчунин ҳангоми оббозӣ ворид мешаванд. Аломатҳои сироятёбӣ ҳарорати баланд, дилбеҳузурӣ бо қайкунӣ ва дарунравӣ, дарди шикам ва беҳолӣ мебошанд. Дар ин мавридҳо духтур бояд ҳатман даъват намуд ва шустани заҳри меъда ва истифодаи сорбентҳо зарур аст. Дар сурати ангезаи микробӣ духтур метавонад антибиотикҳо фармояд.

ОФТОБЗАНӢ

Кӯдакон дар тобистон соатҳои дароз дар кӯча зери офтоби сӯзон бозӣ мекунанд ва аксар вақт сари луч. Модарони бепарво маҷбурашон намекунанд, ки кулоҳе бипӯшанд. Дар натиҷа, бачаро офтоб мезанад. Ғайр аз ин, бинобар серҳаракатӣ арақ мекунанду баданашон беоб мемонад.

Ин ба чӣ меорад? Ба чарх задани сар, дилбеҳузурӣ, сурхшавии пӯст, ҳатто беҳуш шудани бача эҳтимол дорад. Барои пешгирӣ кӯдаконро сари луч ба кӯча баромадан намонед, пайваста таъкид кунед, ки дар ҷойи соя бозӣ кунад. Ҳатман об, чой ё нӯшокиҳои дигарро бисёртар нӯ-шонед.

ТААССУРИ АЛЛЕРГӢ

Аллергия бештар аз неши хомӯшак, занбӯр, ҳашарот, саггазӣ ё хароши гурба сар мезанад. Ё худ, маслан, кӯдак бепарво бо саг бозӣ мекунад, бе фикри он ки ҳайвон метавонад бемор бошад ё баданаш кони ҳашарот.

Бояд гуфт, ки таассур дар хориш, варамкунӣ, пайдошавии доначаҳо дар пӯсти дасту рӯй ё бадан ифода мешавад. Тарсондан намехоҳам, лекин дар ҳолатҳои вазнин мумкин аст шоки анафилактикӣ рӯй диҳад. Дар ин маврид доруҳои антигистаминӣ кор медиҳанд. Албатта, пеш аз онро ба фарзанд додан бо духтур бояд маслиҳат кард.

ЛОР-ИНФЕКСИЯҲО (АНГИНА, ОТИТ, ФАРИНГИТ)

Дар гармои шадиди тобистон на танҳо мо, калонсолон, фарзандҳоямон низ ҷои салқин мехоҳанд. Аз ҳад зиёд нӯшокиҳои сард нӯшидану яхмос хӯрдан, зери кондитсионер нишастан ва дар оби хунук оббозӣ кардан боиси бемориҳои номбурда мешавад. Дар натиҷа, гулӯяшон дард мекунаду табашон боло меравад ва гӯшашон қулф мезанад.

Албатта, пешгирии ин бемориҳо душвор нест. Фарзандатонро назорат карда, гармухунук шудан намонед, ҳаво гарм гуфта, бебаркаш нӯшокиҳои сарду яхмос надиҳед.

БЕМОРИҲОИ ПЎСТ (ГАРМИЧА, ИНФЕКСИЯҲОИ ЗАМБУРУҒӢ, ОФТОБСЎХТАГӢ)

Сабаби сар задани ин бемориҳо бисёр арақ кардан, пӯшидани либоси синтетикӣ ва бепарвоӣ дар риояи гигиена мебошад. Ин омилҳо ба сурхшавӣ, хориш, рӯ задани доначаҳо, пӯстпартоӣ меоранд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Ба кӯдак либоси сабуки пахтагӣ пӯшонед, мунтазам оббозӣ кунад. Аз малҳами кӯдаконаи зиддиофтобӣ низ метавонед истифода бурд. Аслан, бемориҳои мавсимии кӯдакона дар гармои тобистон хеле зиёданд. Ман ин ҷо ба шумо танҳо чандеро мухтасар шарҳ додам, ки хурдсолон ба онҳо бештар дучор меоянд.

Дар фарҷом ба волидони муҳтарам таъкид карданиям, ки фарзандонашонро дар гармои сӯзон бе назорат намонанд. Мабодо ҷигарбандашон бемор шавад, зуд ҳар гуна дору надиҳанду ҳатман ба духтур муроҷиат кунанд ва бо тавсияву маслиҳати ӯ муолиҷа намоянд.

Таснифи Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

махсус барои “Даво

Мақолаи гузашта

Маркази солимгардонии «Соҳили Унҷӣ» ифтитоҳ ёфт

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

5 бемории кӯдакон дар тобистон ва илоҷи он

5 бемории кӯдакон дар тобистон ва илоҷи он

10.07.2026
Маркази солимгардонии  «Соҳили Унҷӣ» ифтитоҳ ёфт

Маркази солимгардонии «Соҳили Унҷӣ» ифтитоҳ ёфт

08.07.2026
Фаъолияти шашмоҳаи Вазорати тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

Фаъолияти шашмоҳаи Вазорати тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

08.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ