• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Табобати ҷигар бо гиёҳҳои шифобахш

от user
в Гиёҳдармонӣ
0

Маълум аст, ки фаъолияти ҷигар бо солим будани меъда, ғадуди зери меъда, рӯда, гурда, дил, шуш, сиёҳлавак, ғадудҳои эндокринӣ ва ғайра вобастагии калон дорад. Ҳамаи ин узвҳои бадани инсон аз ҷиҳати функсионалӣ бо ҳам зич алоқаманд буда, аз якдигар вобастаанд. Бояд гуфт, ки фаъолияти онҳо дар якҷоягӣ системаи, ба истилоҳ «табодули моддаҳо» — ро ташкил медиҳад. Агар фаъолияти яке аз ин узвҳо халалдор шавад, фаъолияти умумӣ, муқаррарӣ ва тамоми системаи мубодилаи моддаҳо халалдор мегарданд.

МУОЛИҶАИ БЕМОРИИ ГЕПАТИТИ С

-Маълум аст, ки ҷигар организмро аз моддаҳои заҳролуд, ки пас аз истеъмоли ғизои зараровар, машрубот ва доруҳо ба бадан ворид мешаванд, тоза мекунад. Стрессҳо, бемориҳои сироятӣ ва экологияи бад низ ба кори детоксикатсияи ғадуд таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин сабаб, ҷигар ба дастгирии иловагӣ ниёз дорад. Барои ба даст овардани таъсири мусбат истифодаи гиёҳҳо бо хосиятҳои зиддивирусӣ, муҳофизатӣ, зиддиилтиҳобӣ ва баланд бардоштани масуният зарур аст. Тозакунии ҷигар тавассути хори каррок (алохор, бодовард, расторопша пятнистая) як амали муассирест, ки дар шароити хона иҷозат дода мешавад.

Дар дорухонаҳо “Қиёми хори каррок” ёфт мешавад. Барои табобати осебҳои шадиди ҷигар 0,14 г се маротиба дар як рӯз пас аз хӯрок бо каме об нӯшидан, сипас 0,14 г ду маротиба дар як рӯз, дар ҳолатҳои камтар вазнин ва барои терапияи дастгирӣ 0,07 г се маротиба дар як рӯз таъин карда мешавад. Барои

беморони пиронсол ва кӯдакон истифодаи маҳлул барои истифодаи дарунӣ афзалтар аст. Дар сурати осеби вазнини ҷигар: калонсолон 1 қошуқ 4 маротиба дар як рӯз, кӯдакон 1 қошуқ  3 маротиба дар як рӯз; барои терапияи дастгирӣ (3 маротиба дар як рӯз): калонсолон 1 қошуқ ва кӯдакон ним қошуқ (бо тавсияи духтур) истеъмол мекунанд.

-Асал дорои витаминҳо ва минералҳоест, ки ҷигари бемор ба онҳо ниёз дорад. Маҳсулоти занбўриасалпарварӣ ба ихроҷи сафро мусоидат намуда, илтиҳоби ғадудҳоро пешгирӣ мекунад. Истифодаи асал дар шакли музмини беморӣ тавсия дода мешавад, аммо ҳангоми истеъмоли он сатҳи шираи ҳозима бояд назорат карда шавад. Дар бемории музмин асал пеш аз хўрок дар давоми рўз се маротиба истеъмол карда мешавад. Барои тайёр кардани доруи ширин 25 г асалро дар 250 мл об ҳал кардан лозим аст. Моеъро бояд зуд бинўшанд. Табобат 8 ҳафта давом мекунад. Дар як сол гузаронидани 2 давраи табобатӣ (тирамоҳ ва баҳор) тавсия дода мешавад.

-Ду қошуқӣ чойкаҳак (зверобой), бобуна (ромашка), решаи мушхор (лопух) ва росан (девясил), меваҳои хулул (шиповник)-ро гирифта, омехта кунед. Сипас 100 грамм аз омехтаи ин гиёҳҳоро дар 1 литр оби ҷӯшон андохта, печонида, 3 соат дам диҳед. Моеи тайёрро полоида, ним истаконӣ рӯзе се маротиба истеъмол намоед.

-Ҳамин гуна чойи табобатиро метавонед аз чилбуғум (хвощ), пуганак (пижма), мармарак (шалфей), бўйимодарон (тысячелистник), роҳдавак (спорыш) ва барги хушки мушхор (лопух) низ омода кунед.

-Табобати гепатити С аксар вақт бо истифодаи мумиё низ гузаронида мешавад. «Муми кӯҳӣ» дар муолиҷаи бемориҳои гуногун кумак мекунад. Маҳсулот кори ғадудҳоро тақвият дода, азхудкунии моддаҳои муфидро дар рӯда осон мекунад. Пас аз истифодаи мунтазам бофтаҳо бо оксиген пур гардида, карбонкислотаҳо ҷудо мешаванд, ки дар натиҷа коэффитсиенти нафаскашӣ (таносуби ҳаҷми карбонкислотаи ҷудошуда ба ҳаҷми оксигени гирифташуда) ба эътидол меояд ва миқдори қанд дар хун коҳиш меёбад. Дорухатҳои муассиртарин бо мумиё: 15 г хокаи мумиёро дар ним литр об, ки ҳарорати он тақрибан 70°аст, ҳал кунед. Барои курси пурраи муолиҷа, ки 3

ҳафта давом мекунад, ба шумо 60 грамм хока лозим мешавад. Миқдори ибтидоии он 25 қатра маҳлул аст, сипас онро тадриҷан то 60 қатра дар давоми 7 рӯз зиёд мекунанд. Моеъро бояд 5 мл ду маротиба дар як рӯз истифода намуд.

-Ба зарф 3 литр об рехта, ба ҷўш меоранд, ба он 3 г мумиё илова карда омехта мекунанд. Маҳлули ҳосилшударо 200 мл се маротиба 10 рўз ним соат пеш аз хўрок менўшанд. Пас аз 10 рўз шумо бояд табобатро барои 5 рўз қатъ кунед. Маҳлул то барқароршавӣ идома меёбад.

-4 г хокаи мумиёро гиред ва дар шири гарм гудохта, каме асал ва шарбати ангур илова кунед. Доруро нӯшида, сипас каме тухми хом истеъмол кунед. Давомнокии табобат 4 ҳафта аст.

МУОЛИҶАИ ГЕПАТИТИ А (ЗАРДПАРВИН)

-Барои тайёр кардани он ду қошуқ решаи нардсунбул (валериан), пўстлохи зирк (барбарис), баргҳои пудина, гулҳои дўлонаро омехта кардан лозим аст. Ба болои омехтаи хушк як пиёла оби ҷўшон бирезед ва як соат дам диҳед. Ин дору бояд дар як шабонарўз ду маротиба ним пиёлагӣ истеъмол карда шавад: субҳ – пеш аз наҳорӣ ва шом – пеш аз хоб.

-Яке аз роҳҳои пешгирии гирифторӣ ба гепатити А гирифтани ваксина аст. Ваксинаи гепатити А ду тазриқро дар фосилаи аз 6 то 12 моҳ дар бар мегирад. Ваксинаи якҷояи гепатити А ва В аз се вояи ваксина иборат аст, ки дар фосилаи 6 моҳ гузаронида мешаванд. Агар шумо ба кишваре равед, ки гепатити А маъмул аст, шумо ҳеҷ гоҳ ба ин вирус гирифтор нашуда ва эм накарда бошед, раванди эмкуниро ҳарчи зудтар оғоз кунед. Барои таъсир кардани ваксина пас аз вояи аввал аз 2 то 4 ҳафта лозим аст.

-Хўрокҳое, ки таъсири таҳрикдиҳанда доранд: зиравориҳо, хўрокҳои сиркодор, дуддодашуда, сабзавоти аз равғанҳои эфирӣ бой, ба монанди шалғамча, пиёз, сирпиёз, лўбиёгӣ, ангур, нони гарм, квас иҷозат дода намешавад, зеро онҳо боиси афзоиши бод мешаванд.

-Истеъмоли занбурўғҳо, буттамева ва меваҳои нопухта ва турш, ба монанди себи сабз, қоти сиёҳ (смородина) ва сабзавот бо нахи дурушт ва дорои кислотаи шулха (шавел, исфаноҷ) низ тавсия дода намешавад.

-Чойи кабуд ва афшураҳои тару тоза барои безараргардонӣ кўмак мекунанд. Инчунин, истеъмоли каду низ хуб аст. Хўрокро дар шакли буғӣ ва хушкида истеъмол кардан беҳтар аст. Барои зардпарвин хўрдани марҷумак (гречиха), себи ширин, анор, моҳӣ ва маҳсулоти ширӣ муфид аст.

-25 грамм ғозичой (бессмертник)-ро ба 1 литр об рехта, дар оташи паст нигоҳ доред, то он даме ки ҷӯшон шавад. Ҷӯш омадан замон гирифта монед, то хунук шавад. Давои мазкурро рӯзе се маротиба 30 дақиқа пеш аз хӯрок 50 мл. истеъмол кунед.

-Ду қошуқ чойкаҳак ва се қошуқ ғозичойро омехта кунед.Чор қошуқи онро гирифта, дар як литр об андозед. Баъди 12 соат дам додан 10 дақиқа ҷўшонед. Давои мазкурро рўзе ним истаконӣ чор маротиба пас аз хўрок истеъмол кунед.

Раҳматуллоҳи Зубайдуллоҳ,

гиёҳшинос, шаҳри Ҳисор

Мақолаи гузашта

Дарунравии кӯдакон ва роҳҳои пешгирии он

Мақолаи навбатӣ

Простатити музмин

user

user

Мақолаи навбатӣ
Простатити музмин

Простатити музмин

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Фишори хунатро чен кардӣ?

Фишори хунатро чен кардӣ?

26.05.2026
Вычислен золотой  возраст разума

Вычислен золотой возраст разума

25.05.2026
Ҷоизаи байналмилалии ба номи Сино таъсис ёфт

Ҷоизаи байналмилалии ба номи Сино таъсис ёфт

23.05.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ