• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Аҳамияти дарахтони ҳамешасабз

от user
в Варзиш ва саломатӣ
0

Ниёгони мо аз қадимулайём охирҳои фасли зимистон ва аввали фасли баҳор ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида, баҳри сарсабзу хуррам гаштани мавзеъҳои зисташон ҳамеша кўшиш мекарданд. Ин одати нек дар даврони истиқлолият ба маъракаи умумихалқӣ табдил ёфт. Бо ташаббуси Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1993 сар карда, ҳамасола дар саросари мамлакат фасли баҳор маъракаи умумихалқии ниҳолшинонӣ доир мегардад. Дар натиҷаи ин амали хайр сол то сол теъдоди дарахтон ва майдони сабзпўш дар кишвар меафзояд. Алалхусус нисбат ба солҳои навадум чандин маротиба зиёд шудани шумораи дарахтони ҳамешасабзро ҳамаи мо мушоҳида мекунем. Дарахтони ҳамешасабз дар баробари зебо буданашон тамоми сол муҳити зисти моро аз чангу ғубор тоза намуда, ҳаворо аз оксиген бой мегардонад. Дар баробари ин дарахтони ҳамешасабзи сўзанбаргӣ дорои хосиятҳои зиёди табобатианд, ки чанде аз онҳоро ба таври умумӣ зикр мекунем.

Яке аз дарахтони муҳими сўзанбаргӣ пихта мебошад, ба қавли олимони соҳаи биология дарахтони пихта то 600-700 сол умр мебинанд. Бинобар хосияти табобатӣ ва ҳавотозакунӣ доштанашон шинонидани ниҳоли пахтаро дар саҳн ва гирду атрофи беморхонаҳо, мактабҳо, муассисаҳо, маҳаллаҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии мардуми зиёд тавсия медиҳанд. Пихта ҳаворо аз чангу ғубор, мағор ва бактерияҳои бемориовар тоза мекунад. Равғани эфири пихта хосияти бактериякушанда, фунгисидӣ ва зиддивирусӣ дорад. Ҳангоми бо мақсади пешгирӣ (профилактика) истифода кардани равғани пихта хавфи гирифтории бемориҳои шадиди роҳи нафас 32-44% ва зуком 24-48% кам мешавад. Интоксиякатсия кам гашта, нишонаҳои ба он вобастаи шамолхўрию хуком мисли хастагию беҳолӣ, дарди сар ва ғайра кам мегардад.

Равғани пихта роҳи нафасро кушода, барои бемориҳои зиққи нафас, бронхит ва варами шуш даво ба шумор меравад. Онро чун антисептик барои муолиҷаи бемориҳои роҳи пешоб низ истифода мебаранд. Равғани пихта ҳамчун иммуномодулятор мусунияти ҷисмро тақвият мебахшад. Зимни фаъолияти ҷисмонии зиёд фаъолияти системаи дилу рагҳоро беҳтар мегардонад. Истифодаи он фишори хунро каме баланд мебардорад, ки ин барои беморони гипотония (фишорпасти хун) муфид аст. Бинобар хосияти гармкунанда доштанаш равғани пихта дарди мушакҳо ва пайванду буғумҳоро, ки аз сардӣ ва намӣ пайдо шудаанд, таскин мебахшад. Аз ин рў, онро ҳангоми артрит, неврит, невралгия ва остеохондроз истифода мебаранд. Бўй кашидани равғани пихта барои пешгирии хасташавии чашмҳо ва равшаншавии нури чашм низ муфид аст. Яке аз хосиятҳои ҷолиби равғани пихта дар он аст, ки ҳолати стрессро рафъ ва хастагиро дур месозад. Эҳсоси танҳоӣ ва навмедиро рафъ менамояд. Рўҳро тақвият бахшида, иродаро мустаҳкам мекунад.

Аз ҷалғўзаю шохачаҳои пихта дар соҳаи дорусозӣ васеъ истифода бурда, доруҳои гуногун тайёр мекунанд. Алалхусус аз пихта барнилатсетит, барнеол, камфен ва дигар мавод истеҳсол мешавад. Аз равғани эфири пихта камфора мегиранд, ки онро зимни норасоии фаъолияти дил васеъ истифода мебаранд.

Пихта манбаи табиии витаминҳо ва фитонсидҳо буда, масуниятро тақвият мебахшанд. Ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо моеъи 20 дарсади камфарро барои сўзандору тавсия медиҳанд. Ҷорўбчаи аз шохачаҳои пихта сохташуда зимни ҳаммом муфид буда, дар баробари буғум ва пўст ба шушҳо низ нафъ мерасонанд. Ҷалғузаи пихта дорои тритерпеноидҳо, флавоноидҳо, манган, руҳ (синк), мис ва каме қўргошим мебошад. Аз сабаби дар таркибаш зиёд будани витамини С онро ба ҳайси давои зидди синга (лиққопакшавӣ ва рехтани дандонҳо) истифода мебаранд. Равғани пихта барои муолиҷаи бехобӣ ва нервоз муфид аст. Вай ба системаи марказии асаб таъсири мусбат расонида, боиси ҷавоншавии организм мегардад.

Арча (ель) низ хосияти зиёди табобатӣ дорад. Таркиби химиявии равғани эфири арча бо равғани эфири сўзанбарг наздик аст, вале дар он миқдори сантен зиёд мебошад. Дар ҷалғўзаи он 180-200 мг% кислотаи аскорбинӣ, хлорофил, каротин, моддаҳои даббоғӣ ва минералӣ, қатрон (с мола) ва фитонидҳо зиёд аст. Дар тиб қиёми ҷалғўзаи арчаро барои чайқонидани гулў зимни бемориҳои ангина, тонзиллит, марингит, бронхит, пневмания, зиққи нафас ва табобати гайморит истифода мебаранд.

Дар тибби мардумӣ бо ҷўшобаи муғча ва чалғўзаҳои наврустаи арча бемориҳои сили шуш, бронхит ва дарди банду буғумро муолиҷа мекунанд. Шарбати аз муғчаҳои тару тозаи арча барои табобати микроинфаркт, микрокардит ва ревмокардит давост.

Ҳама намудҳои сўзанбаргиҳо аз худ бўи гуворое ихроҷ мекунанд, ки сабабҳои инсонро ором ва эҳсоси изтиробро дур месозанд. Сайругашт дар ҷангалзори пур ащ дарахтони ҳамешасабз хастагиро рафъ, табъро чоқ ва чашмро нур мебахшад. Агар маърифати экологии мардум баланд шудан гирад, шоҳиди он хоҳем шуд, ки солҳои наздик талу теппаҳои урёну бедолу дарахт ба сўзанбаргзор табдил ёфта, боиси покизагии ҳавои атрофи шаҳрҳо ва беҳтаршавии саломатии аҳолӣ мегардад.

Шамс Назаров, доктори илмҳои химия, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

 

Мақолаи гузашта

Усули табобати баъзе бемориҳои чашм аз назари Шайхурраис

Мақолаи навбатӣ

Варзиш рӯҳбаландӣ меорад

user

user

Мақолаи навбатӣ
Варзиш рӯҳбаландӣ меорад

Варзиш рӯҳбаландӣ меорад

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ