Тибби қадим.
Ривояте ҳаст, ки подшоҳе ба маризии чашм гирифтор гардид, вале бо табобати ҳеҷ кадом аз табибон бемориаш бартараф нагардид. Касе тавсия дод, ки подшоҳро бояд Абўалӣ ибни Сино муоина намояд. Ҳамин тавр ҳам карданд. Шайхурраис муддате, ки бо бемор суҳбат дошт, ба мушоҳида гирифт, ки ў ҳар бор даст ба чашми бемораш мебарад. Табиб гуфт: Подшоҳи олам, шумо надимонатонро амри ба берун рафтан намоед, то дар танҳоӣ сабаби бемориатонро бигўям. Надимон берун рафтанд. Бўалӣ гуфт: Шоҳи олампаноҳам, шумо ҳомиладоред. Подшоҳ ба хашм омад ва хост ўро ба муҷозот кашад. Абўалӣ, ки хеле табиби машҳур буд, ба ў бовар намуда, гуфт. Ин ба бемории чашмам чӣ иртиботе дорад? Вай ҷавоб шунид, ки баъзе бемориҳо ба узвҳои дигар низ вобастагӣ дорад. Подшоҳ хеле ба риққат омаду пурсид: Пас илоҷи дардашро бигўй. Бўалӣ тавсия дод, ки подшоҳ тўли як ҳафта бояд танҳо бо дасти худ ишкамашро молиш бидиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва пас аз як ҳафта чашм сиҳат ёфт. Подшоҳ Бўалиро наздаш оваронд ва пурсид. Бигў, эй табиби замон, ин чӣ муолиҷае буд, ки фармудӣ? Гуфт, Чашмро бисёр молиш набояд, хусусан, ҳангоми бемориаш, зеро аз ифлосиҳо сироят ёфта, бемор гардад.
Ин усули бисёр ҳам содаи муолиҷа буд. Абўалӣ ибни Сино дар китоби сеюми «Ал-қонун» доир ба ташреҳи чашм ва ҳолату бемориҳо ва муолиҷаи он сухан ронда, аз ҷумла қайд намуда, ки қувваи биноӣ ва моддаи рўҳи бино ба сўйи чашм аз тариқи ду асаби дарунтиҳие бирасад.Баъд аз ин сохтори худи чашмро бо тамоми нозукиҳояш баён намудааст.
Абўалӣ ибни Сино дар фасли чаҳоруми китоб оид ба қонунҳои ҳамагонии муолиҷаи чашм иттилоъ дода, аз ҷумла қайд намудааст, ки муолиҷаҳои чашм муқобили бемориҳои ўст. Азбаски бемориҳо ё мизоҷии моддӣ ё мизоҷии сода, ё гусастагии пайвастагӣ ва ё таркибист, бинобар ин, илоҷи чашм ҳам ё истифроѓ (қай кардан, холӣ кардани баданхоҳ бо қай, хоҳ бо шоша, хоҳ бо исҳол ва ѓайра) овардан аст, ки андар он тадбири омосҳо низ бидарояд.
Ў маслиҳат додааст, ки ҳангоми бемориҳои моддии чашм бояд ба кам кардани ѓизо, хўрдани чизҳое, ки хилти сутуда бизоянд ва ба парҳез кардан аз ҳар чизи бухоровар ва бадгувор пардохт. Агар модда аз сўйи ягон андоме фиристода шуда бошад, даст ба раг задани он андом бубар ва агар аз пардаи берунаи сар ояд, ҳиҷоматро кор фармо ва бар пешонӣ доруҳои пасгардонанда ва аз ҷумла барои моддаи гармпўсти харбуза бинеҳ. Рагҳоеро, ки аз барои чашм бизананд, масалан рагҳоеанд, ки андар ноҳияҳои сар ҷой доранд. Задани он рагҳое, ки аз пеши саранд, ҳангоми аз ҷойе ба ҷойе рондани модда бештар судманд аст ва задании он рагҳое, ки аз паси саранд, ҳангоми кашидани модда нофеътар бувад.
Табиб маслиҳат додааст, ки агар бемор хоҳад, ки моддаҳои нолозимро аз чашм ба сўе ронад, пас ин ҷойи мувофиқ бинист. Ин ҳангоме мумкин аст, ки модда андар пайи рехтан ба сўйи чашм набошад. Як қисми доруҳои чашм, ки гардонандаи мизоҷанд ё мисли фишурдаҳои оби коснӣ, оби қоқу, обу фишурдаи гул, ё оби мушк, мурч, момирон ва ѓайра гармиоварандаанд, ё мисли тўтиё, санги сурма хушкифизой мебошанд. Бўалӣ Сино маслиҳат дода, ки агар баробари бемориҳои чашм сардард низ ҷой дошта бошад, муолиҷаро аз сардард оѓоз намудан даркор аст ва пеш аз бартараф кардани он ба муолиҷаи чашм набояд пардохт. Агар поксозӣ ва тадбирҳои муносиб суд набахшанд, бидон, ки чашмро мизоҷи бад аст.
Албатта, бемориҳои чашм низ чун бемориҳои дигар узвҳои инсон гуногун буда, аз рўйи мизоҷи шахс муолиҷааш низ мухталиф аст. Абўалӣ ибни Сино ҳам дар фасли ҳафтуми «Ал-қонун» андар баёни муолиҷаи муштараки гунаҳи омоси чашм ва рехтани назлаҳо ба сўйи чашм менависад, ки бояд чашми гирифтори омос бар сафедӣ ва бар равшанӣ наафтад ,балки ҳар чи, ки барои бемор густурда шудааст ва атрофии ўро иҳота кардааст, бояд сиёҳ ва сабз бошад ва ба рўяш порчаи сиёҳеро бикашад, ки пеши чашмашро бигирад. Бояд хонае, ки бемор андар он сукунат дорад, ториктар бошад, бояд хоби ўро овард, зеро хоб дармони хубест. Мўйро бояд дароз шудан намонд, зеро ин аз барои омоси чашм зиён дорад. Вале агар мўй аслан ба ҳоли хеш гузошта шавад, ин аз он ҷиҳат фоидаовар бошад, ки рутубатҳоро барои ѓизои хеш ба худ кашида хушк созад. Гармоба баъд аз истифроѓ хусусан ҳангоме ки дардро бо гармибандӣ ором карда бошанд, барои омоси чашм беҳтарин дармон аст.
Баъзан гирифторони ҳар гуна бемориҳои чашм ба худмуолиҷа мепардозанд, ки оқибатҳои ногувор дорад. Сино ҳам барои муолиҷаҳои таваккалӣ маслиҳат надодааст. Махсусан, мефармояд, ки ҳангоми бемориҳои омосӣ бояд болини сарро баланд гузошт, аммо чаконидани ҳар гуна равѓан ба гўш, агарчи равѓани бодом бошад ҳам, зиёни ниҳоят бузург дорад ва мумкин аст, ки омоси чашмро бузург гардонида, боиси фишурда сохтани табақаҳои чашм бигардад.
Таҳияи Ҳотами Ҳомид